Маориф дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва баъд аз он (1941-1958)

Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар зидди Олмон мушкилиҳои зиёди иқтисодию фарҳангиро ба сари мардуми шӯравӣ овард. Дар моҳҳои аввали ҷанг бисёр биноҳои мактабҳо ба шифохонаҳо ва муассисаҳои ҳарбӣ табдил дода шуданд. Аз ин рӯ, кори мактабҳо мушкил гардида, мактаббачагон дар ду ё се баст дарс мехонданд. Бисёр мактабҳо аз сабаби набудани сӯзишворӣ гарм карда намешуданд. Талабагон аз набудани ашёи хониш танқисӣ мекашиданд. Дар соли 1942 ва 1943 ягон китоби дарсӣ чоп нагрдид. Дар натиҷа дар давоми соли таҳсили 1941-1942 дар ҷумҳурӣ 15,5 ҳазор мактаббачагон мактабро тарк гуфтанд ва 73 ҳазор бачагони синни мактабӣ ба мактаб ҷалб нашуданд. Миқдори хонандагон нисбат ба соли таҳсили 1941-1942 40 ҳазор кам шуд. Ҷалби бачагон ба мактаб 50-60%-ро ташкил намуд. Барои пешгирӣ намудани чунин вазъият 14 августи соли 1941 Шӯрои комиссарони халқии ҶШС Тоҷикистон «Дар бораи тайёрии мактабҳо ба соли нави таҳсил» қарор қабул намуд, ки дар он нақшаи мушаххаси тайёрӣ ба соли нави таҳсил арзёбӣ гардида буд.

Барои ба танзим даровардани фаъолияти соҳаи маориф дар шароити ҷанг Шӯрои Комиссариати халқии ҶШС Тоҷикистон 8 ноябри соли 1941 «Дар бораи миқдори хонандагон дар мактабҳо ва ба тартиб даровардани сети мактабҳо» қарор қабул намуд. Қарор тартиби кушодани мактабҳо, синфхонаҳои нав ва миқдори хонандагонро дар синфхонаҳои мактабҳои деҳот муайян намуд. Дар он гуфта мешуд, ки бе қарори кумитаҳои иҷроияи ноҳияву шаҳрҳо касе ба кушодани синфхона ва мактаб ҳақ надорад. Вале бо вуҷуди ин дар аксарияти ҷойҳо ин қарор риоя намешуд ва бидуни дар назар гирифтани шароити иқтисодӣ мактабу синфхонаҳои нав бо миқдори ками хонандагон кушода мешуданд. Масалан, дар шаҳрҳои Ленинобод (ҳоло Хуҷанд), ӯротеппа (ҳоло Истаравшан), Исфара, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Душанбе, Орҷоникидзеобод (ҳоло Ваҳдат) ва ғайра якчанд мактаби миёна буду халос ва дар 33 ноҳияи дигари ҷумҳурӣ ягон мактаби миёна вуҷуд надошт.

Бояд қайд кард, ки дар давраи ҷанг дар кори таълиму тарбия дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал омада, дар назди мактаб вазифаҳои нав гузошта шуд. Вазифаи аввалиндараҷаи мактаб тарбияи ватандӯстӣ, башардӯстӣ ва тарбияи меҳнатии бачагон буд. Бо ин мақсад дар барнома ва нақшаҳои таълимӣ тағйирот дароварда шуд. Дар рафти таълим ба фанҳои биология, зоология, ҷуғрофия, физика ва химия хусусияти амалӣ дода шуд. Бачагон бештар вақти худро ба меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ сарф мекарданд.

Барои дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбияи бачагони бепарастори маҳаллӣ ва аз дигар ҷумҳуриҳо овардашуда Шӯрои комиссарони халқии ҶШС Тоҷикистон аз 8 январи соли 1942 «Чорабинӣ дар бораи барҳам додани беназоратии бачагони бепарастор дар ҷумҳурӣ» қарор қабул намуд. Дар асоси ин қарор дар назди кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо комиссияҳо ташкил шуд. Қарор Ҳукумати Тоҷикистонро вазифадор намуд, ки барои васеъ намудан, сохтмони нави хонаҳои бачагон тамоми чораҳоро бинад. Дар натиҷа дар ҷумҳурӣ хонаи нави бачагон сохта шуда, хонаҳои пештараи бачагон васеъ гардид ва соли 1942 дар ҷумҳурӣ барои 3 ҳазор нафар 19 хонаи бачагон сохта шуд. Соли 1943 дар Тоҷикистон 157 хонаи бачагон вуҷуд дошта 9250 нафар тарбиягирандагон дошт. Бачагони бепарастор аз лиҳози моддиву маънавӣ дастгирӣ меёфтанд. Соли 1944 дар урдугоҳҳои пешоҳангӣ ва майдончаҳои саломатӣ 9,4 ҳазор, соли 1945 11 ҳазор бачаҳо истироҳат намуданд.

Дар замони ҷанг ходисаҳои такроран мондани хонандагон дар як синф ва аз мактаб баромада рафтани онҳо хеле зиёд буд. Барои пешгирии чунин ҳодисаҳо бюрои Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон 17 декабри соли 1942 қарор қабул намуд. Қарор кормандони ҳизбӣ, комсомолӣ ва Комиссариати маорифи халқро вазифадор намуд, ки дар мактабҳо фонди таълими умумии ҳатмиро ташкил намуда, дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро доир ба иҷро кардани ин масъала пурзӯр намояд. Дар натиҷа дар ҳамаи ноҳияҳо ин фонд таъсис дода шуд ва аз ҳисоби он ба бачагони эҳтиёҷманд ва бепарастор сару либос, пойафзол, озуқаворӣ ва ашёи хониш кӯмак карда мешуд. Дар назди мактабҳо ошхонаҳо ташкил карда, ба хонандагон ройгон хӯрок дода мешуд. Дар маҳалҳо барои таъмири сару либос ва пайафзоли мактаббачагон устохонаҳо ташкил шуда буд. Соли таҳсили 1942-1943 Ҳукумати ҷумҳурӣ барои бачагони бепарастор ва эҳтиёҷманд 2,8 ҳазор пойафзол, 165 ҳазор метр матоъҳои пахтагӣ, 11 ҳазор ҷӯроб ҷудо намуд. Ба тақсимоти ашёю анҷом ва хӯрокворӣ ташкилотҳои комсомолӣ машғул буданд.

Бо вуҷуди ин, баъзе ташкилотҳои ҳизбию шӯравии ноҳияву вилоятҳо кори роҳбариро ба мактабҳо суст карда буданд. Ин вазъиятро Кумитаи марказии умумииттифоқӣ ва Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон таҳлилу баррасӣ намуда, барои пурзӯр намудани роҳбарӣ ба кори маорифи халқ Кумитаи марказии умумииттифоқии Ҳизби коммунист аз 7 октябри соли 1942 «Дар бораи кори кумитаҳои марказӣ ва кумитаҳои ҳизбии вилоятҳои Тоҷикистон» қарор қабул намуд. Қарор кумитаҳои ҳизбии вилояту ноҳияҳоро вазифадор намуд, ки роҳбариро аз болои низоми соҳаи маорифи ҷумҳурӣ пурзӯр карда, нақшаҳои мушаххас доир ба таълими умумии ҳатмӣ тартиб дода, иҷрои онро пурра таъмин намоянд. Вобаста ба ин қарор дар моҳи ноябри соли 1942 Пленуми Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон баргузор гардид. Пленум доир ба масъалаи соҳаи маориф қарор қабул намуд. Пленум кормандони ҳизбию шӯравӣ ва маорифро вазифадор намуд, ки барои амалӣ гардидани қарори зикргардида тадбирҳои амалӣ андешанд то ки нақшаи таҳсилоти умумии ҳатмӣ дар ҷумҳурӣ иҷро гардад ва ягон мактаббача бесабаб аз таҳсил берун намонад. Пленум, инчунин, бо сару либос, пойафзол ва маводи хониш таъмин намудани мактаббачагонро бори дигар таъкид намуд. Дар асоси қарори пленум дар моҳи декабри соли 1942 дар ҷумҳурӣ комиссияи давлатӣ доир ба санҷиши вазъи соҳаи маориф ташкил шуд. Комиссия бисёр камбудиҳоро дар соҳаи маорифи ҷумҳурӣ ошкор сохт. Дар ҳуҷҷатҳои кори комиссия омадааст, ки аксарияти мактабҳо ва дигар муассисаҳои маорифи халқ барои дуруст кор кардан пояи моддию техникӣ надоранд. Мактабҳо бо лавозимоти даркорӣ таҷҳизонида нашудааст. Онҳо бо китоб ва дигар ашёи хониш ба қадри лозимӣ таъмин карда нашудаанд. Хулосаи кори комиссияро Кумитаи марказии ҳизб ҷамъбаст намуда, 5 апрели соли 1943 Шӯрои комиссарони халқӣ ва Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар бораи «Чорабиниҳо доир ба беҳтар намудани кори маорифи халқ дар ҷумҳурӣ» қарор қабул карданд. Қарор баъзе муваффақиятҳои низоми маорифи ҷумҳурӣ, аз ҷумла масъалаи зиёд шудани миқдори мактабҳо, хонаи бачагон, беҳтар шудани корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ, ба меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ ҷалб намудани мактаббачагон, ёрии онҳо ба фронт ва ғайраро қайд намуд. Дар баробари ин Кумитаи марказии Ҳизби коммунист ва Шӯрои Комиссариати халқии ҷумҳурӣ таваҷҷӯҳи кормандони ҳизбию шӯравӣ ва соҳаи маорифро ба камбудиҳои зиёде, ки комиссияи давлатӣ муайян карда буд, ҷалб намуда, роҳҳои амалӣ намудани қонуни таҳсилоти умумии ҳатмӣ ва комилан беҳтар намудани фаъолияти низоми маорифи ҷумҳуриро нишон дод. Кумитаи марказии Ҳизби коммунист ва Шӯрои комиссарони халқии ҷумҳурӣ кормандони низоми маорифи ҷумҳуриро вазифадор намуд, ки нақшаи пур кардани синфҳоро аз талабагон иҷро намуда, тобистони соли 1943 ба рӯйхатгирии тамоми бачагони синни мактабиро дақиқан гузаронид, корҳои методиро нисбат ба роҳбарии мактаб беҳтар намуда, ба таври системанок бо хонандагон корҳои беруназсинфӣ гузаронида, сари вақт ҳамаи мактабҳоро ба соли нави таҳсил тайёр намояд.

Дар беҳтар гардидани сифати таълиму тарбия дар давраи ҷанг қарори Шӯрои Комиссариати халқии ИҶШС «Дар бораи тадбирҳо доир ба беҳтар кардани сифати таълим дар мактаб» аз 21 июни соли 1944 нақши калон бозид. Мувофиқи ин қарор имтиҳонҳои хатмкунӣ барои хатмкунандагони аълочӣ додани медалҳои тилло ва нуқра ҷорӣ шуд. Қарор масъулияти муаллимон ва хонандагонро барои сифати дониш баланд бардошт. Ҳукумати марказӣ ҳамаи муассисаҳои шӯравӣ ва мақомоти маорифро вазифадор намуд, ки тамоми қувваро барои хуб пешвоз гирифтани соли таҳсили нав сарф намуда, ба мактабҳо ёрии амалӣ расонад.

Дар асоси ин қарор ва ба муносибатя тайёрӣ ба соли нави таҳсили 1944-1945 Кумитаи марказии Ҳизби коммунист ва Шӯрои Комиссариати халқи ҷумҳурӣ 3 июли соли 1944 «Дар бораи тайёрии мактабҳо ба соли таҳсили нав» қарор қабул намуданд. Қарор бори дигар иҷро намудани қонуни таҳсилоти умумии ҳатмӣ, ташаккули минбаъдаи шабакаи мактабҳо, тайёр кардани омӯзгорон, беҳтар намудани кори интернатхо, ба тартиб даровардани пояи моддию техникии мактабҳо, беҳтар намудани корҳои тарбиявӣ ва ғайраро аз кормандони ҳизбию шӯравӣ ва маориф талаб намуд. Қарор, инчунин, мустаҳкам намудани синфҳои 8-10 мактаби миёна ва интернатҳоро таъкид намуда, дар назди кормандони соҳаи маориф вазифа гузошт, ки ин мактабҳо аз ҳисоби хатмкунандагони синфҳои 7 соли таҳсили 1943-1944 ба миқдори 11 ҳазор аз ҳисоби миллати маҳаллӣ пурра карда шавад. Илова бар ин қарор кормандони шӯъбаҳои маорифро вазифадор намуд, ки 150 нафар муаллимони тоҷикро, ки таҳсилоти олӣ надоранд, ба донишкадаҳои омӯзгории ҷумҳурӣ фиристанд.

Дар солҳои ҷанг ташкилотҳои пионерӣ ва комсомолии ҷумҳурӣ ба кори мактабҳо ва шӯъбаҳои маорифи халқ кӯмаки зиёд расониданд. Аҳамияти кори ташкилоти пионерии ҷумҳуриро дар тарбияи насли наврас ба назар гирифта Пленуми V Кумитаи марказии ҷавонони Тоҷикистон аз ноябри соли 1942 «Дар бораи бозсозии кори ташкилоти пионерӣ» қарор қабул кард. Дар қарор гуфта шуда буд, ки вазифаи асосии ташкилоти пионерӣ ин дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани пионерон, дар онҳо тарбия намудани ҳисси мехнатдӯстӣ нисбат ба хонишу меҳнат, кори ҳарбӣ, интизомнокӣ ва тайёрӣ барои гузаронидани ҳар гуна маҳрумияту мушкилиҳо иборат аст.

 Масъалаи беҳтар гардидани кори комсомол низ дар пленуми мартии соли 1944 дида шуд. Пленум доир ба беҳтар гардидани кори комсомолони ҷумҳурӣ дар мактабҳо ба унвони «Чорабиниҳо дар бораи беҳтар намудани кори комсомол дар мактаб» қарор қабул кард. «Вазифаи аввалиндараҷаи ташкилотҳои комсомолӣ,- гуфта шудааст дар қарор,- ин дар кори таълиму тарбия расонидани ёрии амалӣ ба муаллим, дар хонандагон тарбия намудани интизомнокии бошуурона ва одами ҳаматарафа ташаккулёфта, инсоне ки дар ҳар лаҳза кори лозимиро ба хидмати ватанаш иҷро намояд». Ин қарор дар тамоми ташкилотҳои комсомолии ҷумҳурӣ ба таври васеъ гардид. Он дар маҷмӯъ дар кори таълиму тарбия саҳми босазое гузошт.

Пионерону комсомолон бо роҳбарии муаллимон дар солҳои ҷанг дар тамоми соҳаҳои корҳои хоҷагию мадании ҷумҳурӣ дар кори таълими умумӣ, таъмири мактабҳо, ҷамъоварӣ намудани маблағҳо барои фронт, ёрӣ расонидан ба оилаҳои бекасӣ ба ҷанг рафта, кабудизори маҳалҳо ва ғайра иштирок намуданд. Масалан, ташкилотҳои пионерӣ ва комсомолӣ ба фонди колонаи танкии «Комсомоли Тоҷикистон» ба маблағи 1,2 млн. сум ва бештар аз 1 млн. облигатсияҳои заёми давлатӣ ҷамъ карданд. Соли 1942 онҳо бештар аз 1,2 миллион ниҳоли дарахти гуногун шинонданд. Бо қувваи онҳо солҳои ҷанг бештар аз 10 ҳазор тонна оҳанпораи сиёҳ ва ранга ҷамъ карда шуда буд.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ масъалаи маҳви бесаводӣ ва чаласаводӣ дар маркази диққати кормандоии ҳизбию шӯравӣ ва маориф қарор дошт. Ин масъала дар давраи ҷанг боз ҳам пурзӯртар гардида буд. Ба мақсади бартараф намудани бесаводӣ ва чаласаводӣ дар байни калонсолону ҷавонон Шӯрои Комиссариати халқи ҷумҳурӣ 14 феврали соли 1941 «Дар бораи тамоман барҳам додани бесаводӣ дар ҶШС Тоҷикистон» қарор қабул намуд. Мувофиқи қарор то соли 1942-1943 бесаводӣ (дар ноҳияҳои кӯҳӣ) дар ҳамаи ноҳияҳои Тоҷикистон тамоман барҳам дода мешуд. Вале ин қарор бо сабабҳои гуногун иҷро нагардид. Бо вуҷуди ин, дар натиҷаи кори самараноки кормандони маорифи халқ ва аҳли ҷамъияти ҷумҳурӣ миқдори мактабҳои маҳви бесаводӣ ва шунавандагон зиёд гардида, соли 1943 дар онҳо 36900 кас савод меомӯхтанд.

Аҳамияти барҳам додани бесаводӣ ва чаласаводиро дар дигаргуниҳои иқтисодию фарҳангӣ ба назар гирифта, барои беҳтар намудани ин кор дар байни онҳо Кумитаи марказии Ҳизби коммунист ва Шӯрои Комиссариати халқи ҷумҳурӣ 5 августи соли 1944 «Чорабиниҳо дар бораи барҳам додани бесаводӣ ва чаласаводӣ дар байни аҳолии калонсоли ҷумҳурӣ» қарор қабул намуданд. Мувофиқи ин қарор дар соли 1944 бояд 20 ҳазор одамони бесавод ва чаласавод ба курсҳои саводомӯзӣ фаро гирифта мешуд. Дар асоси қарор дар ҳамаи ноҳияҳои ҷумҳурӣ мактабҳо ва маҳфилҳои маҳвӣ бесаводӣ ва чаласаводӣ кори худро аз нав сар карданд.

Барои беҳтар ташкил намудани таҳсили ҷавононе, ки дар истеҳсолот кор мекарданд, 15 июли соли 1943 Шӯрои Комиссариати халқи ИҶШС «Дар бораи таълими ҷавононе, ки дар муассисаҳо кор мекунанд» қарор қабул кард. Қарор ҳамаи Шӯрои Комиссариати халқи ҷумҳуриҳо, шӯроҳои маҳаллии иттифоқро вазифадор намуд, ки аз 1 октябри соли 1943 сар карда дар шаҳрҳо ва маҳалҳои коргарии мамлакат мактабҳои коргарҷавононро ташкил намоянд. Қарор комиссариатҳои маорифи халқи ҷумҳуриҳои иттифоқро вазифадор намуд, ки роҳбарии ин мактабҳоро дуруст ташкил карда, онҳоро бо муаллимон, китобҳои дарсӣ, адабиёти методӣ ва дигар ашёи хониш таъмин намоянд. Муассисаҳо якҷоя бо мақомоти маориф бояд тамоми шароитро барои таҳсили коргарҷавонон фароҳам меоварданд. Барои нигоҳ доштани мактабҳои шабона дар буҷет маблағ ҷудо гардид. Дар асоси ин қарор 24 сентябри соли 1943 Комиссариати маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон дар бораи ташкил намудани чунин мактабҳо дар ҷумҳурӣ фармон баровард. Дар асоси ин фармон бояд аз 1 октябри соли 1943 шурӯъ намуда, дар ҷумҳурӣ 15 адад чунин мактаб ташкил мешуд. Лекин бо сабабҳои гуногуни иқтисодию фарҳангӣ ин нақша иҷро нашуд ва соли таҳсили 1943-1944 имконияти кушодани 11 мактаб бо 850 хонанда муяссар гардид. Аз сабаби мушкилоти кору таҳсил аксарияти ҷавонои ба ин тоқат накарда мактабро тарк намуданд. Дар натиҷа шумораи мактаб дар соли таҳсили 1944-1945 ба 9 –то ва хонандагон ба 424 нафар расид.

Тобистони соли 1944 ҳукумати марказӣ дар бораи ташкил кардани мактабҳои коргарҷавонони деҳот қарор қабул намуда, низомномаи онро тасдиқ намуд. Мувофиқи ин қарор Шӯрои Комиссариати халқи ҶШС Тоҷикистон қарор намуд, ки то 1 ноябри соли 1944 аз қабили чунин мактабҳо бояд 182-то сохта шуда, ҳар кадоми он 50 нафарро дар бар мегирифт. Дар натиҷа соли таҳсили 1944-1945 дар ҷумҳурӣ 170 мактаби коргарҷавонон ташкил карда шуд, ки дар онҳо 4,6 ҳазор хонандагон таҳсил мекарданд.

Дар давраи ҷанг дар ҷумҳурӣ 6 мактабӣ олӣ (2 донишкадаи омӯзгорӣ, 2 донишсарои муаллимии дусола, Донишкадаи тиббӣ ва кишоварзӣ) вуҷуд дошт. Илова бар ин, ба ҷумҳурӣ Донишкадаи технологии Одесса ва Донишкадаи кишоварзии Ворошиловград оварда шуд.

Ҷанг ба шароити кори мактабҳои олӣ таъсири манфӣ расонид. Биноҳои хониши онҳо ба табобатхонаҳои ҳарбӣ, муассисаҳои саноатӣ ва қисмҳои ҳарбӣ табдил дода шуда буд. Аз ин рӯ, дар реҷаи корӣ, барнома ва нақшаҳои таълимӣ дигаргуниҳо дохил карда шуд. Нақшаҳои нави таълимӣ мӯҳлати таҳсили донишҷӯёнро кӯтоҳ намуд: севу ним сол таҳсил барои донишкадаҳои таҳсилашон панҷсола ва се сол барои донишкадаҳои чорсола. Барои донишҷӯён ҳар ҳафта 42-48 соат хониш муайян шуд. Мӯҳлати таътил ва сессияҳо низ кам гардид. Аз сабаби набудани биноҳои хониш донишҷӯён дар ду ё се смена дар синфхонаҳои шароиташон на он қадар хуб дарс мехонданд. Дар ин солҳо ба тарбияи ҷисмонӣ ва ҳарбии донишҷуён диққати махсус дода мешуд. Эҳтиёҷоти хоҷагию мадании мамлакатро дар таъмин намудани кадрҳо ба назар гирифта, Шӯрои Комиссариати халқи ИЧШС ва Кумитаи марказии умумииттифоқии Ҳизби коммунист 5 майи соли 1942 «Дар бораи нақшаи қабули мактабҳои олӣ дар соли 1942 ва тадбирҳо доир ба мустаҳкам намудани мактабҳои олӣ» қарор қабул намуд. Мувофиқи ин қарор дар қоидаи қабули мактабҳои олӣ тағйирот ворид гардид. Дар асоси он ба мактабҳоӣ олӣ аълочиёни хонише, ки мактаби миёнаро ба баҳои «хуб» ва «аъло» хатм менамуданд, бе имтиҳон қабул мешуданд. Дар ҷойҳои холӣ бе имтиҳон ҷавондухтарон ва ҷавонписароне, ки мактабҳои миёнаро бо баҳои қаноатбахш тамом карда буданд, қабул мегардиданд. 

Дар тайёр кардани мутахассисони ихтисосманд ҷумҳурӣ ба мушкилиҳои зиёд дучор гашта буд. Сабаби асосии ин кам будани хатмкунандагони мактаби миёна буд. Аз ин рӯ, ҳар сол нақшаи қабул дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ иҷро намешуд. Масалан, соли таҳсили 1942-1943 490 нафар ҷавонон ба мактабҳои ҷумҳурӣ ариза дода буданд, ки ин 51,2%-ро ташкил медод. Ба мақсади ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ ҷалб намудани ҷавонони миллатҳои маҳаллӣ Ҳукумати Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас меандешид. Донишҷӯён аз пардохти маблағ барои таҳсил озод карда шуданд, ба донишҷӯёне, ки имтиҳонҳоро пурра месупориданд, стипендия дода мешуд. Дар назди мактабҳои олӣ курсҳои тайёрӣ ташкил карда шуд. Масъалаҳои тайёр намудани мутахассисони ҷавон дар мактабҳои олӣ дар бюроҳои Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон муҳокима мегардид.

 То саршавии ҷанг дар Тоҷикистон 30 омӯзишгоҳ ва мактабҳон миёнаи махсус вуҷуд дошт. Бо сабаби дар биноҳои омӯзишгоҳҳои кишоварзии Ленинобод, домпизишкию колхозии Душанбе, Конибодому Шаҳринав ташкил намудани шифохонаҳои ҳарбӣ онҳо муваққатан кори худро қатъ карда буданд. Бо вуҷуди ин, дар солҳои ҷанг дар ҷумҳурӣ омӯзишгоҳи индустриалӣ ва омор ташкил шуд. Соли таҳсили 1944-1945 дар ҷумҳурӣ 24 омӯзишгоҳ амал мекард. Дар ин солҳо миқдори хатмкунандагон зиёд гашта соли 1945 792 нафарро ташкил медод.

Дар давраи ҷанг масъалаи тайёр намудани кадрҳои омӯзгорӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини соҳаи маориф ба шумор мерафт. Зеро аз 22 июли соли 1941 то 25 октябри соли 1942 аз ҷумҳурӣ қариб 5 ҳазор муаллимон ба сафҳои Артиши шӯравӣ даъват шуда буданд. Ҳол он ки соли таҳсили 1942-1943 дар мактабҳои ҷумҳурӣ 3 ҳазор нафар муаллимон намерасиданд. Аз ин сабаб бисёр мактабҳо, аз ҷумла дар вилояти Ғарм 61 мактаб ва дар вилояти Сталинобод 172 синф баста   шуданд.

Барои таъмин намудани мактабҳои таълимоти умумӣ бо муаллимон аз тарафи кормандони ҳизбӣ, шӯравӣ, комсомолию маориф чораҷӯиҳои зиёде карда шуд. Масалан, бюрои Кумитаи марказии комсомоли ҷумҳурӣ бо қарори худ комитетҳои партиявии вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳоро вазифадор намуд, ки дар шӯъбаҳои маорифи халқ аз 1 сентябри соли 1941 курсҳои 6 моҳаи ғоибонаи тайёр намудани кадрҳои омӯзгориро барои мактабҳои ибтидоӣ ташкил намоянд. Ғайр аз ин, Кумитаи марказии комсомол барои таъмин намудани мактабҳо бо муаллимон комсомолону ҷавонони таҳсилоти синфи 7 доштаро барои кори муаллимӣ ба мактабҳо фиристод. Фақат дар вилояти Сталинобод барои кори муаллимӣ 150 нафар комсомолон фиристода шуд. Дар баъзе ноҳияҳо шӯъбаҳои маориф бо ташаббуси худ курсҳои кӯтоҳмуддати муаллимтайёркуниро низ ташкил доданд. Масалан, шӯъбаи маорифи халқи вилояти Кӯлоб дар нохияҳои худ чунин курсҳоро ташкил дод, ки дар онҳо 100 нафар деҳқонзанон, хизматчизанон ва занони хонанишини босавод таълим мегирифтанд. Ташаббуси маорифчиёни Кӯлобро дигар вилояту ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастгирӣ намуданд. Таъмини мактабҳои ҷумҳуриро бо муаллимон, инчунин ба касби муаллимӣ тайёр намудани хонандагони синфҳои 9-10-ро ба эътибор гирифта, Комиссариати маорифи халқ дар ҳафта се соат дарси тайёрии омӯзгорӣ дохил намуд. Дар ин дарсҳо хонандагон ба педагогика, психология ва методикаи таълими фанҳои алоҳида шинос мешуданд. Дар давраи таътили тобистона курсҳои думоҳаи муаллимтайёркунӣ низ ташкил шуда буд. Барои таъмин кардани эҳтиёҷоти мактабҳои ҷумҳурӣ бо муаллимон Донишкадаи дусолаи муаллимии занонаи Ленинобод 1 октябри соли 1943 ба Донишкадаи омӯзгорӣ табдил дода шуда, дар назди он курси тайёри барои 100 нафар ташкил шуд. Омӯзишгоҳҳои омӯзгории занонаи Ленинобод ва Конибодом ба омӯзишгоҳҳои омӯзгории умумӣ табдил ёфтанд. Омӯзишгоҳи омӯзгории Хоруғ баъди таътили кӯтоҳмуддат аз нав ба кори худ шурӯъ намуданд. Аз 1 сентябри соли 1944 омӯзишгоҳҳои омӯзгории Панҷакент ва Ғарм кори худро дубора аз нав сар карданд. Бо вуҷуди ин, соли таҳсили 1944-1945 дар ҷумҳурӣ 1,5 ҳазор муаллим намерасид.

Сарфи назар аз душвориҳои иқтисодии давраи ҷанг Ҳукумати шӯравӣ дар бобати беҳтар намудани шароити моддию маишии муаллимон ғамхорӣ зоҳир намуд. Шӯрои Комиссариати халқи ИҶШС ва Кумитаи марказии умумииттифоқии Ҳизби коммунист аз 31 августи соли 1943 «Дар бораи зиёд кардани музди кори муаллимон ва дигар коркунони мактабҳои ибтидоӣ ва миёна» қарор қабул намуданд, ки дар асоси он музди кори муаллимон бештар аз 50% зиёд шуд. Муаллимон чун коркунони корхонаҳои саноатӣ бо ашёи гуногуни рӯзгор таъмин мешуданд. Ба муаллимони мактабҳои деҳот додани қитъаҳои наздиҳавлигӣ зиёд карда мешуд. Дар як қатор ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои муаллимон ошхонаҳои махсус ташкил гардид. Муаллимони пешқадам бо грамотаҳои фахрии Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида мешуданд. Аз ҷумла, 23 нафар омӯзгор бо гирифтани унвони «Муаллими хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон» сарфароз гардида буд.

Омӯзгорони ҷумҳурӣ дар солҳои ҷанг вазифаи муқаддаси худро дар назди Ватан бошарафона иҷро карда, ҳамаи дониш ва маҳорати худро барои тарбияву таълими насли наврас сарф намуданд. Илова бар ин ҳазорҳо муаллимон дар даст яроқ гирифта Ватани шӯравиро аз фашизм ҳимоят намуда, ба гирифтани ордену медалҳои ҳукуматӣ сарфароз гардиданд. Инчунин, 4 нафар муаллимони ҷумҳурӣ, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонӣ нишон доданд, ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар солҳои ҷанг донишҷӯёну муаллимон дар корҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва хоҷагии ҷумҳурӣ фаъолона иштирок намуданд. Донишҷӯён бо роҳбарии муаллимонашон дар ҷамъоварии зироатҳои хоҷагии қишлоқ ва дар кори истеҳсолоти муассисаҳои саноатӣ иштирок мекарданд. Онҳо ба шифохонаҳои ҳарбӣ рафта, ба захмдорон кӯмак мерасониданд. Дар    корҳои таблиғотӣ дар байни аҳолӣ ва қисмҳои Артиши шӯравӣ иштирок мекарданд. Масалан, соли таҳсили 1941-1942 коллективи муаллимону донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко бо 350 лексияю маърӯза дар қисмҳои Артиши шӯравӣ, шифохонаҳои ҳарбӣ ва муассисаҳои шаҳри Душанбе баромад карданд. Илова бар ин, донишҷӯён ва муаллимони мактабҳои олӣ ва омӯзишгоҳҳо дар шанбегиҳо фаъолона иштирок намуда, маблағи онро ҷиҳати харидани тӯҳфаҳо барои фарзандони ҷанговарон ва фонди мудофиа мегузарониданд. Дар соли таҳсили 1941-1942 ҳамаи маблағи ҷамъовардаи шанбегии донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории Душанбе ба сандуқи мудофиа гузаронида шуд. Барои аскарони сурх қариб 200 либоси гарм, 1500 сӯм барои тӯҳфаҳо ҷамъоварӣ карда, ба ҷанг фиристода шуд.

Меҳнати фидокоронаи зиёиёни ҷумҳурӣ дар кори таълиму тарбияи насли наврас аз тарафи Ҳокимияти шӯравӣ қадр карда шуд. Бо фармони президиуми Шӯрои Олии ИҶШС аз 4 ноябри соли 1944 барои хизматҳои шоёнашон дар тайёр намудани мутахассисони бомаҳорат барои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ бисёр профессорону муаллимони мактабҳои олӣ ва омӯзишгоҳҳо, аз он ҷумла Б.Н.Ниёзмуҳаммадов, А.М.Баҳоваддинов, Н.Г.Хижняк, К.Н.Гаврилкин, А.Кавраков, 3.П.Хоҷаев, Б.Н.Расулов ва дигарон бо ордену медалҳои ҳукуматӣ мукофотонида шуданд.

Баъди он ки Олмон ва Япония дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ торумор гаштанд, халқи шӯравӣ, аз он ҷумла тоҷикон, боз ба зиндагии осоишта шурӯъ намуданд. Вазифаҳои минбаъдаи хоҷагии халқ, аз он ҷумла маорифи халқро нақшаи панҷсолаи чоруми барқароркунӣ ва тараққии хоҷагии халқи ҶШС Тоҷикистон барои солҳои 1946-1950 муайян намуд. Нақшаи беҳтар намудани кори маорифи халқ, васеъ намудани шабакаи таҳсилоти умумӣ дар шаҳру деҳот, ба роҳ мондани таълими умумии ҳатмии бачагон аз синни ҳафтсолагӣ, беҳтар намудани тайёрии кадрҳои омӯзгорӣ, зиёд намудани нашри адабиёт ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбияро дар мактаб пешбинӣ мекард. Мувофиқи он то соли 1950 дар Тоҷикистон сохтани 13 мактаби миёна, 100 мактаби ибтидоӣ ба нақша гирифта шуд. Миқдори мактабҳои ибтидоӣ, ҳафтсола ва миёна дар охири панҷсола бояд ба 3123 мактаб ва миқдори хонандагон ба 301 ҳазор расонида мешуд. Дар нақша, инчунин, ба зиёд намудани хонандагони синфҳои болоӣ дикқати махсус дода шуда буд. Барои таъмин намудани мактабҳои таълимоти умумӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, зиёд намудани миқдори донишҷӯён дар донишкадаҳои олию дусолаи омӯзгорӣ пешбинӣ шуд. Ба меҳнатӣ фидокоронаи халқи тоҷик доир ба таъмини таълими умумии ҳатмӣ нигоҳ накарда, фоизи фарогирии бачагони синни мактабӣ ба таълим хеле паст буд. Соли таҳсили 1945-1946 фақат аз миқдори умумии бачагоне, ки бояд ба таълими умумии ҳатмӣ фаро гирифта мешуданд, 19% ҷалб карда шуда буд. Ҳамин соли таҳсил дар тамоми мактабҳои таълими умумии ҷумҳурӣ 239,8 ҳазор хонандагон таҳсил мекарданд, ки 63,7 ҳазор нафар нисбат ба соли таҳсили 1940-1941 кам буд. Сабаби асосии паст будани фоизи ба таълим ҷалб намудани бачагон ба шароити пасти иқтисодии аҳолии Тоҷикистон вобаста буд. Набудани сару либос, пойафзол, хӯрокворӣ ва дигар ашёҳо ба мактаб рафтани бачагонро мушкилтар менамуд. Дар баъзе ноҳияҳо кумитаҳои иҷроия ба масъалаи маорифи халқ кам аҳамият дода, назоратро аз болои кори мактабҳо суст карда буданд.

Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон тамоми масъалаҳои маорифи халқи ҷумҳуриро таҳлил намуда, ин масъаларо ба муҳокимаи Пленуми XIX ҳизб, ки августи соли 1946 барпо гардид, гузошт. Пленум масъалаи «Дар бораи чораҳои беҳтар намудани маорифи халқи ҷумҳурӣ» муҳокима карда, вазифаҳои ҳизбӣ ва шӯравиро дар солҳои наздик муайян намуд. Пленум ташкилотҳои ҳизбию шӯравии ҷумҳуриро вазифадор кард, ки фаъолияти соҳаи маорифро беҳтар намуда, қонун оид ба таҳсилоти умумиро дар амал ҷорӣ ва мактабҳоро бо муаллимон пурра таъмин намуда, барои онҳо шароити зарурии моддӣ-маишӣ фароҳам оваранд. Пленум таъкид намуд, ки масъалаҳои маорифи халқ ва тайёр кардани зиёиён, хусусан, аз ҳисоби миллатҳои маҳаллӣ бояд дар маркази диққати ташкилотҳои ҷумҳурӣ қарор дошта бошад. Дар пленум зикр гардид, ки бо айби кормандони соҳаи маориф дар соли таҳсили 1945-1946 30 ҳазор ё ки 15% тамоми бачагон ба таҳсил ҷалб карда нашуданд. Агар соли таҳсили 1940-1941 плани ба синфҳои 5-6 ҷалб намудани хонандагон 13% иҷро нашуда бошад, соли таҳсили 1945-1946 то 40%, дар синфҳои 10 бошад то 70% иҷро нашуд. Бояд қайд намуд, ки қарори пленум доир ба беҳбудии маорифи халқ дар пленумҳои кумитаҳои ҳизбии ноҳияҳо, шаҳрҳо, вилоятҳо, дар маҷлисҳои кормандони соҳаи маориф, комсомол ва шӯравӣ ба таври васеъ муҳокима гашта, доир ба он қарорҳои мушаххас қабул гардид.

Масъалаи вазъи соҳаи маорифи халқи Тоҷикистон ва тадбирҳои беҳтар кардани он дар сессияи дуюми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон моҳи майи соли 1948 муҳокима гардид. Сессия бисёр камбудиҳои иҷрои қонуни таҳсилоти умумии ҳатмиро ошкор сохта, нақшаи беҳтар намудани кори таълиму тарбияро дар мактабҳои ҷумҳурӣ пешниҳод намуд. Қарори сессия доир ба беҳтар намудани кори маорифи халқи ҷумҳурӣ аҳамияти калон дошт.

Дар рушду нумӯъ ва такмили минбаъдаи соҳаи маориф қарори Шӯрои вазирони ИҶШС аз соли 1949 «Дар бораи гузаштан ба маълумоти умумии ҳатмии ҳафтсола» саҳми бузург гузошт. Дар асоси ин қарор Ҳукумати ҷумҳурӣ қонуни ҷорӣ намудани таҳсилоти умумии ҳатмии ҳафтсоларо барои деҳоти Тоҷикистон бо назардошти ҳар як ноҳия тартиб дод. Мӯҳлати гузаштан ба таълими умумии ҳатмии ҳафтсола дар ҷумҳурӣ солҳои 1949 ва 1953 дар назар гирифта шуд. Мувофиқи ин қонун дар 15 ноҳияи водии Ҳисор ва Вахш гузаштан ба ин шакли таълим соли 1950 муайян шуд. Барои амалӣ гардидани ин нақша кушодани 31 мактаби ҳафтсола дар назар гирифта шуд. Дар ноҳияҳои Ашт, Исфара, Конибодом, Қистакӯз, Пролетар, Ленинобод, Панҷакент ҷорӣ кардани ин нақша дар соли таҳсили 1950-1951 дар назар гирифта шуд. Умуман, ҷумҳурӣ ба ҷорӣ намудани ин қарор соли таҳсили 1949-1950 шурӯъ намуд. Аз сабаби камии мактабу муаллимон ва мушкилиҳои иқтисодӣ ин нақша иҷро нашуд. Масалан, дар вилояти Ленинобод соли таҳсили 1949-1950 фақат дар ду ноҳия-Нов ва ӯротеппа нақшаи таълими умумии ҳафтсола иҷро гашта буд.

Дар асоси қарори анҷумани XIX ҲКИШ (1952) дар бораи тадриҷан ба таҳсилоти умумии миёна гузаштан дар шаҳрҳо ва деҳаҳо назар ба панҷсолаи гузашта 70 фоиз зиёд намудани сохтмони мактабҳоро дар ҷумҳуриҳои иттифоқ ва худмухтор, нақшаҳои минбаъд васеъ кардани шабакаи мактабҳои миёнаро таҳия намуданд.

Мувофиқи директиваҳои анҷумани XIX ҲКИШ дар Тоҷикистон дар давоми 5 сол зиёд намудани мактабҳои ҳафтсола ба 161,3 фоиз, миёна ба 191 фоиз (нисбат ба соли 1950) пешбинӣ шуд. Дар охири панҷсолаи панҷум (1951-1955) дар ҷумҳурӣ дар 22 шаҳру шаҳракҳо ҷорӣ кардани таълимоти умумии миёна дар   назар   гирифта   шуд.

Масъалаи рушду нумӯи соҳаи маориф, инчунин дар анҷуманҳои VII ва VIII Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дода шуд. Масалан, анҷумани VIII Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (сентябри соли 1952) ба ин масъала диққати махсус дода, кумитаҳои марказӣ, кумитаҳои ҳизбии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳоро вазифадор намуд, ки кори роҳбариро доир ба соҳаи маориф беҳтар намуда, сифати таълимро дар мактабҳо баланд бардошта, тамоми чораҳоро бинанд то ба такрор мондан ва тарк намудани мактаб аз тарафи хонандагон хотима дода шавад. Ҳамзамон, масъалаи маорифро зуд-зуд ба муҳокимаи пленумҳо бароварда, доир ба ҷорӣ кардани таҳсилоти умумии ҳатмии ҳафтсола дар деҳот ва таҳсилоти миёна дар шаҳрҳо тадбирҳои амалӣ андешанд. Дар асоси қарорҳои анҷумани XIX ҲКИШ ва VIII Ҳизби коммунисти Тоҷикистон моҳи марти соли 1953 пленуми Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон масъаларо «Дар бораи вазифаҳои ташкилоти партиявии ҷумҳурӣ дар кори беҳтар намудани маорифи халқ» муҳокима намуд. Дар материалҳои пленум қайд кардашудааст, ки вазифаи муҳими ташкилотҳои ҳизбии ҷумҳурӣ аз иҷро намудани директиваҳои анҷумани XIX ҲКИШ доир ба анҷоми таҳсилоти умумии ҳатмии ҳафтсола дар охири панҷсолаи панҷум ва дар охири он гузаштан ба таҳсилоти миёна дар шаҳрҳо ва тайёр намуданн тамоми шароит барои гузаштан ба таълими даҳсола дар дигар шаҳрҳову деҳаҳои ҷумҳурӣ иборат аст. Пленум, инчунин, қайд кард, ки ин муваффақиятҳо пеш аз ҳама ба кори ташвиқотию таблиғотии ҳизб дар байни оммаи васеи меҳнаткашон доир ба амалӣ гардидани таълимоти умумӣ ва ҷалб намудани духтарони маҳаллӣ ба мактабҳои миёна ва олӣ вобаста аст. Пленум ташкил кардани таблиғоти васеи донишҳои омӯзгорӣ, баланд бардоштани нақши кумитаҳои падару модарон, ҷоннок кардани алоқаи мактаб ба ҷамоатчигии ҷумҳурӣ, беҳтар намудани шароити таҳсили фарзандони колхозчиён аз ноҳияҳои кӯҳии ба водиҳо муҳоҷиршударо низ қайд намуд.

Фаъолияти соҳаи маориф дар маҷлиси машваратии фаъолони маорифи халқи ҷумҳурӣ (августи соли 1953) низ муҳокима гардид. Маҷлиси машваратӣ қайд камуд, ки ҷумҳурӣ дар солҳои баъди ҷанг ба муваффақиятҳои калон ноил гаштааст. Дар бисёр мактабҳо сатҳи дониши хонандагон ва дарсазхудкунии онҳо хело беҳтар шудааст, вазъияти гузаштан ба таҳсилоти миёна ва политехникии хонандагон рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, барои ба таҳсил фаро гирифтани духтарони миллатҳои маҳаллӣ мактаб-интернатҳо ташкил ёфта, бисёр мактабҳои ҳафтсола ба миёна табдил дода шуданд.

Яке аз масъалаҳои муҳими органҳои маорифи халқ дар баробари тараққӣ додани шабакаи мактаб ва зиёд намудани миқдори хонандагон тайёр намудани муаллимон ба шумор мерафт. Дар мактабҳо ҳанӯз ҳам муаллимон намерасиданд. Аксарияти муаллимони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ихтисоси омӯзгорӣ надоштанд. Анҷумани дуюми муаллимони ҷумҳурӣ, ки июли соли 1945 шуда гузашт, сабаби асосии камбудиҳои таълиму тарбияро дар низоми маорифи халқ маҳз дар паст будани ихтисоси кадрҳои омӯзгорӣ донист. Анҷуман коркунони маорифи халқи ҷумҳуриро даъват намуд, ки тайёр намудани муаллимонро дар курсҳои гуногун ва шӯъбаҳои ғоибона васеъ ва беҳтар намояд.

Тибқи маълумоти мавҷуда соли таҳсили 1945-1946 дар ҷумҳурӣ 13133 нафар муаллимон дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ кор мекарданд, аз ин 515 нафар таҳсилоти олӣ, 883 нафар таҳсилоти олии нопурра, 5972 нафар таҳсилоти миёна ва 5763 нафар таҳсилоти миёнаи нопурра доштанд. Дар байни онҳо муаллимони илми олидори маҳаллӣ хеле кам буданд. Оғози соли таҳсили 1946 дар мактабҳои ҷумҳурӣ зиёда аз 2 ҳазор муаллимон, махсусан, омӯзгорони фанҳои тахассусӣ, намерасиданд. Дар бисёр мактабҳо аз сабаби набудани муаллимон фанҳои математика, ҷуғрофия, физика, забони модарӣ ва   дигар   фанҳо   дарс   дода   намешуданд.

Мувофиқи қарори Шӯрои вазирони ИҶШС дар ҷумҳурӣ қабули донишҷӯён ба шӯъбаҳои шабонаю ғоибонаи донишкадаҳои омӯзгорӣ зиёд гардид. Дар натиҷа соли тахсили 1946-1947 дар шӯъбаи ғоибонаи омӯзишгоҳҳои омӯзгорӣ 4378 нафар, донишкадаи дусолаи муаллимтайёркунӣ 246 нафар ва донишкадаҳои омӯзгорӣ 387 нафар донишҷӯён таҳсил мекарданд.

Дар ин солҳо Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати маориф барои баланд бардоштани савияи дониши муаллимони курсҳои доимоамалкунандаи такмили ихтисосро барои муаллимони фаннӣ ва ибтидоӣ ташкил намуд. Агар соли таҳсили 1949-1950 дар онҳо 2 ҳазор нафар ихтисоси худро такмил дода бошад, пас соли таҳсили 1952-1953 ин миқдор ба 4,5 ҳазор расид. Дар такмили ихтисоси муаллимон ва дастрас кардани таҷрибаи пешқадами педагогӣ органҳои маорифи халқ, Донишкадаи такмили ихтисоси муаллимон, Донишкадаи тадқиқотии илмҳои омӯзгорӣ, матбуоти давраи Вазорати маориф-«Газетаи муаллимон» ва маҷаллаи «Мактаби советӣ» нақши калон бозиданд. Дар кори таъмин намудани мактабҳои Тоҷикистон бо муаллимони забони русӣ барои мактабҳои ғайрирусӣ Вазорати маорифи Россия хидмати бузург карда, дар ин солҳо 600 нафар чунин муаллимонро ба ҷумҳурӣ фиристод.

Умуман, масъалаи таъмин намудани мактабҳои ҷумҳурӣ бо муаллимони баландихтисос дар охири панҷсолаи панҷум бомуваффақият иҷро гардид. Дар ду панҷсолаи баъдиҷангӣ 13 ҳазор муаллимон тайёр карда шуданд, Дар соли таҳсили 1954-1955 дар мактабҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 17557 нафар соҳиби таҳсилоти олии нопурра, 10393 нафар бо таҳсилоти миёна, 1431 нафар бо таҳсилоти миёнаи нопурра ба тарбияи насли наврас машғул буданд. Миқдори муаллимаҳо 5,6 ҳазорро ташкил медод. Дар ин давра миқдори донишкадаҳои омӯзгорӣ, махсусан донишкадаҳои омӯзгории олӣ ва шумораи донишҷӯён дар онҳо хело афзуд. Агар дар соли таҳсили 1945-1946 дар Тоҷикистон 2 донишкадаи омӯзгории олӣ, 3 донишкадаи дусолаи муаллимтайёркунӣ, 9 омӯзишгоҳи омӯзгорӣ бо 2317 нафар донишҷӯён вуҷуд дошта бошад, пас соли 1955-1956 донишкадаҳои олии омӯзгорӣ ба 4-то, донишкадаи дусолаи муаллимтайёркунӣ ба 2-то ва омӯзишгоҳҳо ба 10-то расонида шуд. Дар донишкадаҳои омӯзгорӣ 3,6 ҳазор, дар донишкадаҳои дусолаи муаллимтайёркунӣ 764 нафар, дар омӯзишгоҳҳои омӯзгорӣ 3264 нафар, дар маҷмӯъ 7609 нафар донишҷӯён таҳсил мекарданд. Соли таҳсили 1954-1955 дар шӯъбаҳои ғоибона 5357 нафар донишҷӯён таълим мегирифтанд.

Муаллимон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии ҷумҳурӣ фаъолона ширкат меварзиданд. Онҳо қувваи асосии маданиро дар ҷумҳурӣ ташкил дода, бо лексияву маърӯзаҳо, сӯҳбатҳо дар байни аҳолӣ баромад мекарданд. Ҳукумати ҷумҳурӣ мунтазам нисбат ба баланд бардоштани обрӯ, эътибор ва ҷиҳатҳои моддию маишии муаллимон доимо ғамхорӣ зоҳир менамуд. Меҳнати садоқатмандонаи муаллимону кормандони соҳаи маорифи халқро ба эътибор гирифта, Ҳокимияти шӯравӣ 10 феврали соли 1948 қарорҳоро «Дар бораи зиёд намудани маоши муаллимон ва пенсияи муаллимони мактабҳои ибтидоӣ, ҳафтсола ва миёна» ва «Дар бораи имтиёзот ва бартарии муаллимони мактабҳои ибтидоӣ ва ҳафтсола» қабул намуд. Мувофиқи ин ду қарор маоши муаллимон 15 фоиз зиёд шуд. Барои муаллимоне, ки 25 сол собиқаи корӣ доштанд, 40 фоиз маошашон зиёд гардид. Фоизи маоши муаллимоне, ки дар маҳалҳои дурдаст кор мекарданд, низ баланд бардошта шуд.

Ба муаллимони деҳот замини назди ҳавлигӣ дода шуд. Онҳо бо сӯзишворӣ, хонаҳои ройгон таъмин ва аз супоридани маҳсулоти хоҷагии халқ ба давлат озод гардиданд. Ҳокимияти шӯравӣ ба маънавиёти муаллимон низ диққати махсус медод. Моҳи феврали соли 1948 Шӯрои Олии ИҶШС фармони президиумро дар бораи мукофотонидани як гурӯҳ муаллимон, директорону мудирони қисми таълимии мактабҳо ва дигар кормандони маорифи халқ бо ордену медалҳои Иттиҳоди шӯравӣ тасдиқ намуд.

То соли 1954 2692 нафар, аз ҷумла 44 нафари онҳо бо ордени Ленин, 97 нафар бо ордени меҳнати «Байрақи сурх», 331 нафар бо ордени «Нишони фахрӣ», 818 нафар бо ордени «Барои меҳнати фидокорона», 1402 нафар бо ордени «Барои меҳнати фахрӣ» мукофотонида шуданд. Илова бар ин, 73 нафари онҳо бо унвони «Муаллими хизматнишондода»-и ҶШС Тоҷикистон, 1175 нафар муаллимон ва кормандони соҳаи маорифи халқ бо унвони «Аълочии маорифи халқ» сарфароз гардиданд.

Дар солҳои баъдиҷангӣ аз тарафи кормандони соҳаи маориф корҳои зиёде доир ба баланд бардоштани таълиму тарбияи насли наврас анҷом дода шуд. Бо вуҷуди ин, аз сабаби нарасидани муаллимони ихтисосманд сифати таълиму тарбия дар бисёр мактабҳои деҳот ба талабот ҷавобгӯ набуд. Аксарияти мактабҳо пояии моддию техникии хуб надоштанд, дар онҳо китоб вадигар ашёи хониш намерасиданд. Аз ин рӯ, маводи таълимӣ ба таври сатҳӣ, бе истифодабарии асбобҳои аёнӣ гузаронида мешуд.

Новобаста аз ҳамаи ин, барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия бисёр корҳо анҷом дода шуд. Моҳи марти соли 1954 сессияи Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон масъалаи вазъият ва чораҳои беҳтар намудани кори маорифи халқро муҳокима намуд. Сессияи Шӯрои Олӣ натиҷаи муваффақиятҳои баъдиҷангии маорифи халқи ҷумҳуриро ҷамъбаст намуда, доир ба барҳам додани камбудиҳои зикршуда ва минбаъд баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ чораҳои мушаххас андешид. Мақомоти маориф вазифадор шуданд, ки корҳои ташкилии таълиму тарбияро дида, нақшаю барномаҳои нави таълимиро таҳия кунанд ва корҳои методиро дар мактаб ҷоннок намоянд. Яке аз вазифаҳои муҳиме, ки сессия дар назди кормандони маориф гузошт, ин баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар мактабҳои таҳсилоти умумии деҳот буд.

Дар асоси ин ва дигар ҳуҷҷатҳо аз соли 1954 шурӯъ намуда, миқдори имтиҳонҳои хатмкунӣ ва аз синф ба синф гузаронӣ кам шуд. Аз соли таҳсили 1954-55 нақшаю барномаҳои нави таълимӣ ҷорӣ гардид. Ин тадбирҳо сифати кори таълиму тарбияи мактаббачагон ва тайёрии онҳоро ба фаъолияти амалӣ беҳтар намуд. Дар ин сол таълими якҷояи писарбачагону духтарон ба роҳ монда шуд. Дар ин давра барои гузаронидани чорабиниҳо доир ба амалӣ гардидани таълими политехникӣ ва меҳнатии хонандагон тадбирҳо андешида шуд. Бо ин мақсад дар синфҳои 1-4 дарси меҳнати дастӣ, дар синфҳои 5-6 дарсҳои амалӣ дар устохонаҳо ва майдонҳои таҷрибавии мактабҳо ҷорӣ шуд. Барои хонандагони синфҳои болоӣ бошад, дар корхонҳо аз мошиншиносӣ ва корҳои барқӣ дарсҳои амалӣ гузаронида мешуд. Дар аксарият мактабҳои деҳот дарсҳо доир ба меҳнати истеҳсолӣ дар базаҳои истеҳсолии колхозҳо мегузашт. Дар натиҷа бисёр хонандагон касбҳои хоҷагии қишлоқ, рондани трактор ва дигар мошинҳоро аз худ менамуданд. Бисёр мактабҳо дар назди худ майдонҳои таълимӣ-таҷрибавӣ ташкил карда буданд. Баъзе заводу фабрикаҳо ба мактабҳо ба ройгон таҳҷизоти техникӣ, мошинҳо, дастгоҳҳои барқӣ ва радиёӣ медоданд.

Дар кори баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи мактаббачагон ба коллективи муаллимони мактабҳо ташкилотҳои пионерӣ ва комсомолӣ кӯмаки калон расониданд. Саҳми ин ташкилотҳо дар раванди таълиму тарбия, инчунин қарорҳои пленумҳои Кумитаи марказии комсомоли иттифоқ «Дар бораи чораҳои беҳтар намудани кор дар мактабҳо» (1946), «Дар бораи беҳтар намудани кори ташкилоти пионерӣ» (1947) ва қарори анҷумани XI комсомоли иттифоқ «Дар бораи кори комсомол дар мактаб» (1949) ва ғайра аҳамияти бузург дошт. Дар асоси ин дастурамалҳо ташкилотҳои пионерию комсомолии ҷумҳурӣ фаъолияти худро аз нав ташкил намуданд. Аксарияти комсомолону пионерон дар корҳои таълиму тарбия ва ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намуданд. Дар натиҷаи ҷорӣ кардани таълими якҷояи духтарону писарон ташкилотҳои талабагон боз ҳам пурқувват гашта, сафи комсомолон аз ҳисоби онҳо афзоиш меёфт. Комсомолону пионерон дар шанбегиҳо, баҳисобгирии камсаводон ва кабудизоркунии ноҳияҳою деҳот фаъолона иштирок мекарданд. Онҳо яке аз иштирокчиёни фаъоли маҳфилҳои стансияҳои натуралистони ҷавон ва хонаи пионерон ба шумор мерафтанд. Дар соли таҳсили 1954-1955 дар назди стансияҳои техникони ҷавони ҷумҳурӣ 61 маҳфил амал менамуд, ки дар онҳо зиёда аз 2600 нафар комсомолону пионерон иштирок мекарданд.

Кори амалии пионерону комсомолон дар мактабҳо баъди анҷумани XII (майи 1954) комсомоли умумииттифоқӣ боз ҳам ҷонноктар шуд. Анҷуман комсомолонро вазифадор намуд, ки дар кори тарбияи насли наврас ёрдамчии фаъоли коллективҳои омӯзгории мактабҳо гардида, духтарону писаронро тарбия намоянд. Қарорҳои ин анҷуманро комсомолону пионерони ҷумҳурӣ ба назар гирифта, фаъолияти худро боз ҳам пурзӯртар намуданд. Соли таҳсили 1954-1955 дар мактабҳои ҷумҳурӣ 1063 ташкилоти комсомолӣ ва бо 39,7 ҳазор нафар комсомол ва 2404 дастаҳои пионерӣ ва 189 ҳазор нафар пионерон вуҷуд доштанд. Бо ташаббуси комсомолону пионерон дар аксарияти мактабҳои ҷумҳурӣ маҳфилҳои гуногун ташкил шуда буд. Соли таҳсили 1954-1955 6 мактаб, 18 маҳфил, қариб 180 нафар натуралистони ҷумҳурӣ ҳуқуки иштирок намуданро дар Намоишгоҳи умумиитифоқии хоҷагии халқ пайдо намуданд.

Дар маҷмӯъ, соҳаи маорифи Тоҷикистон дар солҳои баъдиҷангӣ муваффақиятҳои бузург ба даст овард. Дар панҷсолаи панҷум дар ҷумҳурӣ 367 мактаби ҳафтсола, 144 мактаби миёна кушода шуд. Дар ин давра хатмкунандагони синфҳои 7-ум 3 маротиба ва 10-ум 4,5 маротиба афзуданд. Соҳаи маориф дар бораи ҷорӣ намудани таълими ҳатмии ҳафтсола ва гузаштан ба таҳсилоти миёна муваффақиятҳои калон ба даст овард. Дар кори ҷалб намудани духтарони миллати тоҷик ба таҳсил муваффақиятҳои назаррас ба мушоҳида мерсадид. Иштирокчиёни анҷуман ба ҳамаи муаллимон ва кормандони соҳаи маорифи Тоҷикистон муроҷиатнома қабул карда, онҳоро даъват намуданд, ки дар кори таълиму тарбияи насли наврас муваффақиятҳои нав ба нав ба даст оваранд.

Масъалаи маорифи халқ дар анҷумани Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (январи 1956) низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Анҷуман тараққиёти шабакаи мактабҳо ва миқдори хонандагонро то саршавии нақшаи панҷсолаи шашум қайд карда, таъкид намуд, ки қонун дар бораи ҷорӣ намудани таҳсилоти умумии ҳафтсола дар ҷумҳурӣ ғайриқаноатбахш иҷро гардида истодааст. На ҳамаи бачагон ба таълим фаро гирифта шудааст. Тарк намудани мактаб аз тарафи хонандагони синфҳои 1-7 хело зиёд аст. Соли таҳсили 1956-1957 нақшаи хоҷагии халқ доир ба фарогирии бачагон ба мактаб фақат 92,7 %. иҷро карда шудааст. Тарк намудани мактаб аз тарафи хонандагони синфҳои 1-7 ҳар сол аз 12 то 14 ҳазор нафарро ташкил медод. Анҷуман ҳамаи норасоиҳои соҳаи маорифи ҷумҳуриро ҷамъбаст намуда, барои бартараф намудани онҳо қарори дахлдор қабул намуд. Мувофиқи он тамоми мақомоти соҳаи мариф вазифадор шуданд, ки барои бартараф намудани камбудиҳо чораҳоро андешанд.

Анҷумани XX Ҳизби коммунисти (феврали соли 1956) доир ба тараққиёти минбаъдаи низоми маорифи халқи ИҶШС тадбирҳои мушаххас андешид. Анҷуман Барномаи васеи тарбияи насли наврас ва меҳнаткашонро қабул намуд. Дар қарор зикр гардид, ки мактаб бояд хонандагонро ба кори амалӣ тайёр намуда, таълимро ба ҳаёт наздик намояд. Дар анҷуман зарурати боз ҳам баланд бардоштани дараҷаи кори таълиму тарбия, инкишофи таълими политехникӣ, алоқаи таълим бо меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳи муносибатҳои нави меҳнатӣ қайд шуд.

Анҷуман дараҷаи ташаккули фарҳанг ва имконияти иқтисодиро ба инобат гирифта, қарор дод, ки дар панҷсолаи наздик таҳсилоти умумии миёнаро дар шаҳрҳо ва деҳотҳо ҷорӣ намояд. Бо ин мақсад дар қарорҳои анҷумаи минбаъда афзудани шабакаҳои мактабҳои миёнаи ғоибона ва шабона барои меҳнаткашоне, ки дар истеҳсолот кор мекунанд, ба инобат гирифта шуд. Барои оммавӣ гардонидани таълим анҷуман пардохти маблағи таҳсилро барои хонандагони синфҳои болоии мактабҳои миёна, донишҷӯёни омӯзишгоҳҳои миёнаи махсус ва мактабҳои олӣ бекор кард. Тадриҷан ҷорӣ намудани таълими умумӣ марҳалаи наве дар рушду нумӯи соҳаи маориф ба шумор мерафт. Барои амалӣ гардидани ин мақсад пояи моддию техникии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бояд беҳтар мегардид. Нақшаи зиёд намудани сохтмони мактабҳо, иштироки ҳаматарафаи колхозҳо дар сохтмону таҷҳизонидани мактабҳои деҳот ва таъмин намудани онҳо бо кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ ба инобат гирифта шуд.