Пайдоиш ва инкишофи мактабҳо то зуҳури ислом

Нахустин сарчашмаҳои хаттӣ, ки дар бораи Осиёи Марказӣ маълумот медиҳанд, собит менамоянд, ки дар асрҳои VII-VI пеш аз милод дар ин сарзамин қавму халқҳои эронинажод, гузаштагони халқи тоҷик-суғдиён, бохтариҳо, марғиёнҳо, хоразмиҳо, портҳо, қабилаҳои мухталифи сакҳо ва ғайра зиндагӣ мекарданд. Тоҷикон, ки яке аз қабилаҳои шарқии эронинажод ба шумор мерафт, роҳи тӯлонии тараққиёти таърихиро, ки ба ҳамаи халқҳои дунё хос аст, аз cap гузаронида, сарчашмаҳои таърихӣ ба вуҷуд овардаанд Яке аз сарчашмаҳои аввалин ин «Авесто» аст, ки аз маҷмӯи матнҳои пайравони оини зардуштӣ иборат буда, муҳимтарин маъҳаз оид ба таърихи халқи тоҷик ба шумор меравад.

Аммо аз ин пеш низ халқҳои эронинажод, аз ҷумла тоҷикон соҳиби дониш мактаб ва ҳунар буданд.

Дар давраи ҷамоаи ибтидоӣ дар ин сарзамин коммунаҳои ибтидоӣ ба тартиби қавмию насабӣ пайдо мешаванд. Муносибатҳои оилавӣ бошад ҳам, вале дараҷаи тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда ниҳоят паст буд. Қувваҳои истеҳсолкунанда тадриҷан пеш мерафт. Тараққиёти беш аз пеши қувваҳои истеҳсолкунанда ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ боиси мураккабшавии шаклҳои фарҳанг, аз ҷумла тарбияи инсонӣ мегардад.

Дар давраи мезолит ва неолит олоти истеҳсолот нисбат ба давраи гузашта мукаммал ва беҳтар гардид. Усулҳои нави асбобу олотсозӣ, монанди парма ва арра кардан, ки дар гузашта аз онҳо ҳеҷ асаре набуд, ба таври васеъ паҳн ме­шаванд. Соҳаҳои нави хоҷагӣ, аз қабили кулолгарӣ, зироаткорӣ ва чорводорӣ пайдо мешаванд. Дар ҳамин марҳила дар ҳаёти ҷамъияти инсонӣ тағйироти таърихӣ рӯй медиҳад. Ҷои шикор ва неъматҷамъкуниро зироат ва чорводорӣ ишғол менамояд. Аз навъҳои зироат бештар ҷаву гандум кошта мешуд. Барои обёрӣ   ҷӯйҳо меканданд ва палҳо месохтанд. Чорводорӣ хеле тараққӣ мекунад. Дар натиҷа қабилаҳои алоҳида ба вуҷуд меоянд.

 

Дар давраи асри биринҷӣ дар сохти иҷтимоии ҷамъият нисбат ба гузашта тағйироти ҷиддӣ ба вуқӯъ меояд. Дар ин аҳд ниёгони мо ба дараҷаи хеле баланди тараққиёти моддӣ ва маънавӣ расида буданд. Онҳо ба истихроҷ ва гудозиши маъдан ва сохтани асбобҳои фулузӣ шурӯъ намуда, олоти истеҳсолотро такмил медоданд, дар киштукор обёрии сунъиро ҷорӣ карда, масканҳои мисгудозӣ месохтанд, аз мӯҳрачаву сӯзан то ханҷарҳои мисӣ истеҳсол мекарданд ва маҳорати кулолгарӣ ва меъмории худро такмил медоданд. Дар натиҷаи ин нобаробарии молумулкӣ ва иҷтимоӣ авҷ гирифта, заминаи дар оянда ба ҷамъияти синфӣ гузаштанро фароҳам овард ва ба рафти низоми ташаккули тарбия, таъсири зиёд расонид.

Дар ин давра эронинажодҳо кӯдаконро дар рафти фаъоли­яти ҳаррӯзаи меҳнатии калонсолон тарбия ва таълим медоданд. Кӯдакон ба фаъолияти меҳнатии барояшон имконпазир ҷалб гардида, бо роҳбарии калонсолон ва дар зери назорати онҳо ба меҳнату шароити зиндагии коллективӣ тадриҷан одат мекарданд. Ҳама чиз дар ин давра умумӣ буд. Бачагон ва наврасон дар меҳнат ва муносибатҳои ҳаррӯзаи меҳнатӣ аз ка­лонсолон малакаи ҳаётӣ ва меҳнатии заруриро пайдо наму­да, ба урфу одатҳои ниёгон шинос шуда, расму оинро ёд мегирифтанд. Писарбачаҳо ҳамроҳи мардон ба шикори ҳайвонот ва моҳӣ мерафтанд. Онҳо дар тайёр намудани аслиҳа низ ба калонсолон ёрӣ мерасониданд. Духтарон бошанд, таҳти роҳба­рии занон дар киштукор, ҷамъоварии ҳосил, хӯрокпазӣ, зарфсозӣ ва либосдӯзӣ иштирок менамуданд. Дар охири давраи модаршоҳӣ барои тарбияи писарон ва духтарон аввалин муассисаҳои алоҳидаи тарбиявӣ ташкил мешавад. Дар ин муассисаҳо наврасон таҳти роҳбарии бузургони қабилаҳо ба ҳа­ёти моддию маънавӣ шинос гардида, омодаи ҳаёт мешуданд.

Дар давраи падаршоҳӣ қабилаҳои чорводор, зироаткор ва ҳунармандон пайдо мешаванд. Дар натиҷаи тараққиёти чорводорӣ, зироаткорӣ ва ҳунармандӣ низоми тарбия ҳам мураккаб мегардад ва хислати доимиро дар худ таҷассум менамояд. Ба бачагон нигоҳубини ҳайвонот, корҳои зироаткорӣ ва ҳунармандӣ ёд дода мешуд. Онҳоро дар рӯҳи эҳтиромт нисбат ба замин ҳамчун сарчашмаи ҳаёт тарбия мекарданд. Тар­бия тадриҷан хислати муташаккилонаро гирифта, қабилаҳо тарбияи насли навраси худро ба зиммаи одамони соҳибтаҷриба ва рӯзгордида месупориданд. Онҳо бачагонро дар рӯҳи меҳнатдӯстӣ тарбия намуда, ба қонуну қоидаҳои ахлоқӣ ва динӣ ши­нос мекарданд. Ба онҳо нақлу ривоят, рақсу бозӣ, мусиқӣ ва сурудҳо ёд дода, ба ин тариқ, ба ташаккулёбии хулқу атвор, одобу гуфтор ва хислати онҳо таъсир мерасонданд.

Тадриҷан унсурҳои ибтидоии тарбияи ҳарбӣ пайдо шуда, ба бачагон аз камонғӯлак тир паррондан, найза задан, аспсаворӣ ва дигар ҳунарҳоро таълим медоданд. Баъд аз гузаштани дав­раи муайян бачагон дар назди калонсолон малакаю маҳорати худро нишон дода, аз   имтиҳон мегузаштанд. Дар ин давра бо баробари пайдо шудани донишҳои аввалин дар бораи табиат ва ҷамъият мардуми эронинажод ба таълими онҳо диққати махсус медоданд. Дар натиҷа меҳнату таълим ва тарбия рӯз аз рӯз мураккабтар мегардид. Тарбия рафта-рафта чун шакли махсуси фаъолияти ҷамъиятӣ гардид.

Дар давраи таназзули ҷамъияти ибтидоӣ эронинажодҳо тавре ки дар китоби муқаддаси «Авесто» омадааст, унсур­ҳои аввалини дини зардуштӣ пайдо шуда, аҳолӣ ба чор гурӯҳ табақабандӣ шуданд: коҳинҳо, ашрофони ҳарбӣ, зироаткорон ва чорводорон. Ҳар яке аз ин гурӯҳҳои иҷтимоӣ ба соҳаҳоимахсус роҳбарӣ ва ҳукмфармо буданд. Коҳинҳо ҳукмрони осмон, ашрофи ҳарбӣ, худои ҷанг ва аҳли ҷамоа гардида, дар айни замон ҳар яке либоси махсуси худро доро буданд. Гурӯҳи ҳукмрони аҳолӣ (коҳинҳо, ашрофони ҳарбӣ ва сардорҳо) кӯшиданд, ки   сарчашмаҳои илму донишро аз гурӯҳҳои поёнии ҷамъият пинҳон доранд. Дар натиҷа онҳо тавонистанд, ки донишҳои ибтидоиро ба дасти худ гирифта, онҳоро монополияи худ кунанд. Бо мақсади омӯзиши ин гуна донишҳо мактабҳои махсусро барои фарзандони худ ташкил карда, ҳукмронии худро аз болои табақаи поёнии ҷамъият мустаҳкам намуданд. Тарбия ва таълим торафт хоси баргузидаҳо мешуд. Бо пайдо шудани никоҳи фардӣ тарбияи оилавӣ шакли оммавии тарбия гардид.

Коҳинон, ки шахсони босавод буданд, бештар вақт мактабҳои хурд барои табақаи ашрофзодагон ва фарзандони худ ташкил карда, онҳоро бо илмҳои замони худ ошно мекарданд. Барои онҳо муҳим он буд, ки шогирдонро тарзе тарбия намоянд то эшон ҳозирҷавоб, дурбин ва мушкилкушо бошанд.

Агар аввалин мактабҳои ашрофиро коҳинон ташкил намуда бошанд, баъдан он боиси таъсиси мактабҳои хонаводагию шоҳӣ гардид. Дар ин гуна мактабҳо фарзандони шоҳ ва гоҳҳо фарзандони вазирон ҷалб мешуданд ва ба онҳо, пеш аз ҳама, одобу ахлоқ, савод, хондану навиштан, илмҳои шикорчигӣ ва аспсаворӣ омӯзонида мешуд.

Аз рӯи баъзе афсонаҳои асотирӣ баъзан фарзандон аз муҳити хона берун дар байни кӯҳҳо ва ё таҳхонаҳо аз тарафи омӯзгор як сол ва ё аз ин беш омӯзонида мешуданд ва хело закӣ, босавод, сухандон ҳозирҷавоб, чолок ва ботануманд ба воя мерасиданд. Омӯзгорон низ соҳиби унвони баланд мегардиданд.

Дар оташкадаҳо низ коҳинон шогирдони худро дарс медоданд ва онҳоро ба некӯю некӯкорӣ ва таблиғи ақидаҳои аҳурамаздоӣ тарбия мекарданд.

Дар натиҷаи тараққиёти минбаъдаи таърихӣ дар ҳаёти эронинажодҳо ҳам тағйирот ба вуҷуд омад. Ҷои сохти ҷамоаи иб­тидоиро сохти нави ҷамъиятӣ-ғуломдорӣ гирифт. Дар ин сарзамин аввалин давлатҳои ғуломдорӣ пайдо шуданд. Таърихи таълиму тарбияи эронинажодҳоро аз давраи ғуломдорӣ то истилои араб метавон ба панҷ давра тақсим намуд.

ф