Таълиму тарбия дар давраи ғуломдорӣ (дар давлатҳои Бохтар, Порт, Ҳахоманишҳо, Ашкониён ва Сосониён)

Аввалин сарзамине, ки дар он давлати ғуломдории эронина¬жод, аз ҷумла тоҷикон ба вуҷуд омад, ин давлати Бохтар буд. Ин давлат қисмати Ҳиндукуши пеш, қисмати марказӣ, ҷанубу шарқии Тоҷикистони ҳозира ва водиҳои дигари давлатҳои ҳамсояро дарбар мегирифт. Ин кишвар аз ҷиҳати иқлим барои зи¬роаткорӣ ва чорводорӣ хеле мусоид буд. Чунончи, аз «Авесто» бармеояд, мардуми он баландқомат, сафедпӯст, зебо ва чолок буданд.

Дини эронинажодҳои қадим зардуштия низ дар ин сарзамин пайдо ва тақвият ёфтааст. Дар қатори давлати Бохтар дар водии Зарафшон ва Фарғона давлати Суғд ва Хоразм пайдо мешаванд. Баъдтар давлати ҳахоманишҳо бо сардории Куруши Кабир таъсис меёбад, ки давлати Бохтар, Суғд ва Хоразмро ба худ тобеъ мекунад. Ҳуҷуми юнониҳо бо сардории Искандар империяи ҳахоманишҳоро аз байн мебарад. Дар натиҷаи муборизаи шадиди дурудароз бо юнониҳо давлати портҳо ё ки ашкониён ба вуҷуд меояд. Соли 224 Ардашери I давлати Сосониёнро барпо менамояд, ки қариб тамоми давлатҳои пештараи халқҳои эронинажодро муттаҳид менамуд. Ин давлат қариб панҷ аср давом дошт ва тақрибан дар нимаи асри VII аз тарафи арабҳо тасарруф шуд.

Омӯзиши низоми таълиму тарбияи ин давраҳо собит ме¬намояд, ки ҳарчанд ин давлатҳо дар давраҳои гуногуни таърихӣ ба вуҷуд омада бошанд ҳам, вале дар замони ҳукмронии ҳар яке аз ин сулолаҳо низоми таълиму тарбияи насли наврас аз якдигар ба куллӣ фарқ намекард. Аз ин сабаб, дар натиҷаи омӯзиши сарчашмаҳои зиёд муаллифон ба хулосае омаданд, ки мумкин аст низоми таълиму тарби¬яи эронинжодон, аз ҷумла халқи тоҷик пеш аз истилои араб арзи ҳастӣ намуда будааст.

Мақсад ва вазифаҳои низоми тарбия. Яке аз бузургтарин неъматҳо барои эронинажодҳо фарзанд ба шумор мерафт. Бефарзандӣ барои онҳо бори ниҳоят гарон буд. Гузаштагони мо бештар талабгори писар буданд, зеро ба ақидаи онҳо писар пуштибони падар, ҳимоятгари хонавода ва Ватан ба шумор мерафт. Вақте ки фарзанд ба дунё меомад, ӯро равғани дарахти парахома ё хаома мехӯронданд. Ин корро барои он мекарданд, ки тифл дар оянда ҳушёр, бофазилат ва оқил гардад. Ғайр аз ин, се шабонарӯз дар наздаш оташ месӯзонданд, то ӯ аз ҳар гуна хатар эмин бошад ва то чиҳил рӯз ӯро танҳо намегузоштанд, ки мабодо осебе ба ӯ нарасад. Писаронро якунимсол ва духтаронро понздаҳ моҳ модарон шир медоданд. Падарон вазифадор буданд, ки фарзандони худро ба мактаб фиристанд ва ба онҳо ил¬му ҳунар омӯзонанд. Дар китоби муқаддаси эронинажодҳо «Авесто» омадааст: «Агар туро фарзанди хурдсол аст, ӯро ба дабистон бифирист, зеро ки фурӯғи дониш, чашми равшан ва биност».

Фарзандон низ дар навбати худ вазифадор буданд, ки ҳурмати падару модарро баҷо оваранд.

Эронинажодҳо дониш ва хирадро хеле ситоиш мекарданд. Илму хирад Худои ба худ хос бо номи Чисто дошт. Онҳо аз Худо илтиҷо мекарданд, ки барои онҳо фарзандони донишвар ва хирадманд ато фармояд. Аҳурамаздо сарчашмаи фазлу до¬ниш, Аҳриман сарчашмаи ҷаҳлу нодонӣ буд. Ҳамин тавр, тарафдорони Аҳурамаздо тарафдори илму дониш буданд. Аз ин рӯ, тарафдорони Аҳурамаздо вазифадор буданд, ки ба ҳар кассе, ки дар ҷустуҷӯи донишанд, ёрӣ расонанд. Дониш мувофиқи нишондоди «Авесто» ду навъ буд, яке ирсӣ, дигаре иқтибосӣ. Эронинажодҳо ҳардуро ҳамду сано мегуфтанд.

Мақсади асосии фалсафаи тарбия ин буд, ки бачагонро ҳамчун узви ҳақиқӣ ва муфиди ҷамъият тарбия намуда, ба воя расонанд. Дар ин бора дар Ясно- яке аз қисматҳои «Авесто» омадааст: «Эй Аҳурамаздо, ба ман фарзанде ато фармо, ки аз ӯҳдаи анҷоми вазифа нисбат ба хонаи ман, шаҳри ман ва мамлакати ман барояд ва подшоҳи додгари маро ёрӣ кунад». Ё ки дар «Авес¬то» чунин зикр ёфтааст: «... Эй, Аҳурамаздо ба ман фар¬занд ато фармо, ки бохирад ва доно буда, дар ҳайати ҷомеа дохил шуда ба вазифаи худ масъулона рафтор намояд- фарзанди рашид ва мӯҳтараме, ки хоҷати дигаронро барорад, фарзанде, ки битавонад дар пешрафт ва саодати хонавода, шаҳр ва кишвари худ бикӯшад». Дар ҷои дигари «Авесто» ба зардуштиён муроҷиат шудааст, ки нисбат ба омӯзиши илм, анҷоми вазифа ҳисси масъулият нишон дода, аз кори беҷо ва нобаҳангом худдорӣ намоянд, ба некӯкорӣ, дастгирии бечорагон ва бенавоён сайъ намоянд.

Дар маҷмӯъ, мақсади асосии тарбия аз он иборат буд, ки ҳар як зардуштӣ дар рӯҳи покдоманӣ, фалсафаи накӯкорӣ, ростқавлӣ, ростгӯӣ, далерию ҷасурӣ, ватандӯстӣ ва ғайра тар¬бия карда шавад.

Ҳерадот достонеро ҳикоят мекунад, ки эронинажодҳо аз фарзандони худ талаб мекарданд то беҳтар аз худашон бошанд ва ифтихори хонадони хешро биафзоянд. Мазмуни достон чунин аст: Камбиз аз дарбориён мепурсад, ки агар маро бо падарам муқоиса кунед, чӣ метавонед гуфт? Дарбориён гуфтанд, ки мақоми ту аз падарат авлотар аст, зеро ки ту Мисрро барои кишварат ҳамроҳ кардӣ ва ҳукмронии кишваратро бар дарёҳо таъмин намудӣ, бинобар ин туро бо падарат натавон қиёс кард, чунки ҳанӯз монанди ӯ ту фарзанде аз худ боқӣ нагузоштаӣ». Аз гуфтаҳои боло ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки мақсади фалсафаи тарбияи эронинажодҳо аз инҳо иборат буд:

а) хизмат кардан ба аҳли хонавода, ҳурмат намудани падару модар;

б) хизмат кардан ба ҷамъият ва кишвар;

в) таъмини беҳбудии тарзи зиндагӣ ва бартарии ҳар фард бар дигарон.

То давраи саршавии ҳокимияти Сосониён таҳсил барои ҳа¬ма дастрас буд ва он дар хонаи устодон, хонаҳои махсуси тарбиявӣ, дар оташкадаҳо ва дарбори шоҳон сурат мегирифт. Мактабҳои дарборӣ ба¬рои аъёну ашроф буд ва барои давлат мутахассисон ва хизматчиён тайёр менамуданд. Мактабҳо дар қаср ташкил ва ба чаҳор қисм: барои кӯдакон, ҷавонон, мардон ва солхӯрдагон тақсим мешуд.

Дарсҳо пагоҳирӯзӣ ва бегоҳӣ мегузаштанд. Шаб низ барои хондан тавсия мешуд. Вале самараноктарин вақти хониш пагоҳирӯзӣ ба шумор мерафт ва чӣ тавре ки дар «Авесто» омадааст: «Рӯзе Зардушт аз Аҳурамаздо мепурсад, ки фармонбардори Яздон кист? ӯ ҷавоб мегӯяд: он хурӯсест, ки аз тулӯъ хабар медиҳад, ки «эй мардум, бархезед ва ростию дурӯстиро биситоед, деви танбалиро аз худ дур кунед, он деве, ки мехоҳад шуморо ба хоб бибарад». Ин ақидаро муаррихи юнонӣ Страбон низ тасдик намудааст, ки «эрониёни қадим   кӯдаконро   пеш   аз тулӯи   офтоб бедор мекунанд».

Тарбияи дабиристонии тифл аз ҳафтсолагӣ сар ме¬шуд. Ҳеродот ва Страбон ин синро аз панҷсолагӣ гуфтаанд, ва¬ле Афлотун ва Фирдавсӣ ҳафтсолагиро зикр намудаанд. Бачагон то синни ҳафтсолагӣ бо роҳбарии падару модар дар хона тарбия меёфтанд. Аз синни ҳафтсолагӣ то понздаҳсолагӣ дар мактаб таҳсил мекарданд. Баъди понздаҳсолагӣ таҳсили ӯ ба охир мерасид ва ӯ аъзои ҳақиқии ҷамъият мешуд. Синни таҳ¬сили шоҳзодагон ва ашрофонро Ҳеродот то бистсолагӣ ва Стра¬бон то бистучорсолагӣ зикр намудаанд.

Омӯзгоронро аисропоити, яъне донишманд меномиданд. Омӯзгор аз табақаҳои коҳинон, рӯҳониён ва ашрофон интихоб мешуд. Омӯзгор шахси донишманд, покахлоқ ва заҳматкаш мебошад. Ба ин маънӣ дар «Ясно» дар бораи омӯзгор омадааст: «Бишнавӣ, он некмарде, ки роҳи ростӣ ва дурустиро ба мо нишон дод ва дар ҳар ду ҷаҳон подоши нек ёбад». Омӯзгор ба шахсияти ҳар донишомӯз эҳтироми зиёд дошт ва ба бачагон таълими динӣ ва ҳунару ҳунармандӣ медоданд.

Барномаи таълиму тарбияи насли наврас аз ин қисматҳо иборат буд: тарбияи ахлоқӣ, динӣ, ҷисмонӣ, хондан, навиштан ва ҳисоб кардан.

Тарбияи ахлоқӣ яке аз намудҳои асосии тарбияи атфол ба шумор мерафт ва эронинажодҳо ба он аҳамияти зиёд медо¬данд. Чунон ки Ҳеродот менависад: «Эронинажодҳо ба фарзандони худ се чизро меомӯзонанд: ростгӯӣ, аспсаворӣ ва тирандозиро. Ростгӯӣ, адолат, фармонбардорӣ, покӣ ва дигар хусусиятҳои ахлоқӣ, махсусан ба таври ғайримустақим ба атфол омӯхта мешуд». Ростгӯӣ, ростқавлӣ яке аз хусусиятҳои муҳими, тарбияи атфол ба шумор мерафт. Эронинажодҳо дини худро оини ростӣ меномиданд. Бинобар ин, ҳар яке орзу дошт, ки ростгӯй ва пок бошад ва фарзандони худро дар ин рӯҳия тар¬бия намояд, чунон ки дар «Ясно» омадааст: «Эӣ, Аҳурамаздо бо андешаи нек ва кирдори рост ва имони комил мо мехоҳем ба ту пайвандем ва ба ту бирасем». Дар дунёи онвақта ростгӯии эронинажодҳо дар байни ҳамаи оламиён танинандоз буд ва инро Ҳеродот низ чандин маротиба ситоиш кардааст.

Тарбияи ахлоқии эронинажодҳо ба тарбияи динӣ зич алоқаманд буд. Ҳар як фарди авестоӣ бояд худро барои иҷрои як силсила маросими мазҳабӣ омода месохт. Донистани ин маросимҳо ҳатмӣ ва маҷбурӣ буд. Аввалин дарс бо тифл бо номи Худо сар мешуд. Вақте ки тифл ҳафтсола мешуд, ӯро ба назди мӯъбад-омӯзгор барои фаро гирифтани таълимоти динӣ мефиристоданд. Мӯъбадон бо он гунае ки таъкид шуд, дар баробари таблиғи арзишҳои авестоӣ ба кори таълиму тарбия низ машғул буданд. Мӯъбад ба бачагон ниёишҳо, қироаткунӣ ва покизагиҳои ахлоқро меомӯзонид. Маъмулан, дар байни ҳафт то понздаҳсолагӣ рӯзеро барои бастани пироҳан ва камарбанди муқаддаси зардуштӣ барои писарбача интихоб мекарданд. Ба ҷашн хешу ақрабо, ёру дӯстони хонавода даъват мешу¬данд. Пеш аз саршавии ҷашн волидайн бачагонро шустушӯй карда, онҳоро пок менамуданд. Писар бо дастури мӯъбад дар ҳузури ҳама калимаи муқаддасро ба забон гирифта, такрор менамуд. Мӯъбад дуоеро хонда ба писар пироҳанро мепӯшонд. Пас аз ин писар дар пеш ва мӯъбад дар паси ӯ рӯ ба хуршед оварда, дуоеро аз китоби «Авесто» мехонданд. Мӯъбад камарбанди муқаддасро се давр, яъне ба аломати се асли асосӣ: пиндор, гуфтор ва кирдори нек ба миёни ӯ мебаст. Баъд аз ин писар дуои зеринро аз «Ясно» мехонд: «Ман иқрор дорам, ки маздопарасти зардушти боимонам. Ман ба пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек имон дорам...».Дар ин ҳангом мӯъбад ба ӯ офарин мегуфт ва маросими расмӣ ба охир мерасид. Баъд ба писар ҳадяҳо медоданд.

Аз ин рӯз сар карда ӯ узви ҷамъият мегардид ва барои ӯ зиндагии нав сар мешуд. Аз синни понздаҳсолагӣ ва минбаъд ҳам ҳар як зардуштӣ бояд бо худ ин пираҳан ва камарбандро дошта бошад. Бача ҳар рӯз панҷ бор дар вақти намоз, хӯрок хӯрдан ва гармоба рафтан бояд камарбанди муқаддасро кушояд ва аз нав бандад. Ҳангоми ин амалиёт Аҳурамаздоро ёд карда, ба Аҳриман нафрин гуфта, дуоеро аз «Яс¬но» такрор кунад. Аз синни понздаҳсолагӣ сар карда минбаъд тарбияи динии бача бештар дар оташкада анҷом меёфт. Ҳар зардуштӣ чун ба синни балоғат мерасид, вазифадор буд, ки ба оташкада равад ва дуои оташро таҳти роҳбарии мӯъбад аз китоби муқаддаси «Авесто» хонад. Ин амалиёт ба тарбияи ахлоқии наврасон бисёр муассир буд. Ғайр аз ин, ҳар зардуштӣ вазифадор буд, ки дар ҷашни Меҳргон ва Наврӯз иштирок кунад. Ин барои тарбияи ӯ аҳамияти калон дошт. Дар ин ҷашнҳо ҳар эронинажод ҳунари омӯхтаи худ- гӯштингирӣ, шеърхонӣ, шиноварӣ, аспсаворӣ, найзазанӣ, чавгонбозӣ, рақсу суруд, донистани ахлоқу рафтори ниёгони худро дар пеши аҳли ҷамъият нишон медод.

Эронинажодҳо аввал аз Аҳурамаздо саломатӣ, баъд рӯҳи пурқувват мехостанд ва онҳо мӯътақид буданд, ки саломатӣ ва ақл бо якдигар алоқаи зич дорад. Бинобар ин, тарбияи маънавии ҷавонон бо тарбияи ҷисмонии он¬ҳо якҷоя мегузашт. Яке аз мақсадҳои асосии тарбияи ҷисмонии бачагон аз он иборат буд, ки онҳоро ба гуруснагӣ, ташнагӣ, гармию хунукӣ одат кунонанд, то ки дар мавриди ҷанг ва ди¬гар ҳодисаҳои ногувор тоқатовар бошанд. Барои мустаҳкамшавии ҷисми бачагон бо онҳо чунин варзишҳо мегузарониданд: аспсаворӣ, давидан, шиноварӣ, тирандозӣ, жӯбинпаронӣ, гӯй, чавгонбозӣ ва ғайра.

Аввалин ҳайвонеро, ки ниёгони мо ром карданд, асп буд. Бинобар ин, эронинажодҳо аспсаворӣ ва аспдавониро аз хурдӣ ба фарзандонашон меомӯзонданд. Онҳо аспро чунон дӯст медоштанд, ки номи бисёр шаҳриёрони достонӣ ва султонҳои номвари ниёгони мо бо калимаи асп сар мешуд. Аспро Фирдавсӣ, Ни¬зомӣ, Манучеҳрӣ, Унсурӣ ва дигарон ҳамду сано хондаанд. Эронинажодҳо дар аспсаворӣ ҳамто надоштанд ва ҳар сол дар ҷашнҳо байни онҳо мусобиқаи асп¬саворӣ гузаронида мешуд. Эронинажодҳо баъди ёд гирифтани аспсаворӣ ба омӯзиши тирандозӣ ва шикор машғул мешуданд. Чунонки Ҳеродот қайд намудааст: «эронинажодҳо дар тирандозӣ, найзазанӣ ва шикорчигӣ ҳамто надоштанд». Ин ҳунармандии эронинажодҳоро Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» низ ҳамду сано гуфтааст.

Дигар воситаи тарбияи ҷисмонӣ чавгонбозӣ буд, ки аввалин маротиба дар байни эронинажодҳо пайдо шудааст. Кӯдакон пиёда ва ҷавонон савора чавгонбозӣ мекарданд. Ин санъатро ба эронинажодҳо аз хурдсолӣ ёд медоданд ва ин бозӣ дар байни онҳо хеле маълум ва машҳур буд. Ин бозиро аз шоҳ то авом ҳама дӯст медоштанд ва ба он шуғл меварзиданд.

Дигар барномаи муҳими таълимӣ, ки ба шаҳзодагон ва ашрофзодагон тааллук дошт-хондан, навиштан ва ҳисоб кардан буд. Дар нимаи асри VII   пеш аз милод эронинажодҳо 39 ҳарфи хатти мехиро ихтироъ карда, ба хондан ва навиштан сар карданд. Бо ин роҳ дар давраи мазкур се усули таълим вусъат меёфт.

Аввал, таълими хонаводагӣ мӯъбадӣ ва шаҳриёрӣ (барои фарзандони шоҳон).

Дуввум, таълими варзишӣ ва ҳунармандӣ. Ҳамон гунае ки аз сарчашмаҳо маълум мешавад, эронинажодҳо ба варзиш эътибори махсус медоданд. Дар мактабҳои паҳлавонӣ, чавгонбозӣ, аспсаворӣ, найзазанӣ ва шикорчигӣ онҳо аз хурдӣ (6-7-солагӣ) то ҷавонӣ (19-20-солагӣ) ба таълим фаро гирифта мешуданд.

Сеюм, мактаби тарбиявӣ ва ростгуфторӣ. Ин навъи мактабҳо аз хонавода оғоз меёфт ва дар оташкадаҳо шакл мегирифт.

Баъдтар хондану навиштан, дарси ҳисоб, ҷуғрофия барои шуморидани рӯзҳо ва чорво ба бачаҳо меомӯзониданд. Равиши таълим аз сабаби душвории хатти мехӣ барои бачагон бо мушкилӣ ме¬гузашт. Донишомӯзон маҷбур буданд, ки порчаҳои зиёди «Авесто»-ро ҳифз намоянд ва дар ин роҳ қобилияти баланди ақлӣ нишон медоданд. Омӯзгорон дар ҷараёни таълим бабачагон афсона ва ҳикояҳо нақл мекарданд. Усули асосии таълим шифоҳӣ ва амалӣ буд. Аз таълимгирандагон устодон ҳар рӯз иҷрои вазифаи хонагиро мепурсиданд. Аз синни 17-солагӣ ба онҳо санъ¬ати ҳарбиро меомӯзонданд ва вақте ки шоҳ шикоргоҳ мерафт, ӯро ҳамкорӣ мекарданд. Илова бар ин, ба ҳар якдонишомӯз санъати суханвариро низ меомӯзониданд. Бояд қайд намуд, ки хондан ва навиштан ва илм омӯхтан барои халқи авом ҳатмӣ набуд. Тарбияи фарзандони аҳли меҳнат дар ҷараёни меҳнати ҳаррӯзаи падару модарон мегузашт

Вазъи илмва таҳсилоти олӣ. Тараққиёти илм ва таҳсилоти олӣ дар байни эронинажод¬ҳо аз давраи сосониён оғоз шудааст. Дар ин давра дар байни арбобону рӯҳониён гирифтани таҳсилоти олӣ ва мазҳабӣ, омӯзиши илми ҳикмат, табиат ва тиб анъана гашта буд. Дар давраҳои охири ҳукмронии давлати ашкониён ва ибтидои ҳокимияти сосо¬ниён дар ин сарзамин илму ирфони юнониҳо ва ҳиндуҳо паҳн гардид. Махсусан, дар давраи Хусрави Сосонӣ (531-579 милод) китобҳои илмӣ ва бадеӣ аз забонҳои юнонӣ ва ҳиндуӣ ба забони форси тоҷикӣ тарҷума гардиданд. Агар то ин давра таълим бо роҳи қабилавӣ ташаккул меёфта бошад, пас бо пайдо шудани хат низоми таълим таҳаввул ва ташаккул ёфта, мактабҳое арзи ҳастӣ намуданд, ки дар онҳо хат ва алифбо таълим дода мешуд. Мактабҳои инфиродӣ, мактабҳои ашрофзодагон ва коҳинон ташаккул меёфт. Китобҳои таълимӣ тасниф мегардид. Навъҳои ҳунар дар баробари хонишу савод ба кӯдакон ва навҷавонон омӯхта мешуд. Дар баробари ин, шаклҳои нави зинаҳои таълим омӯзонида шуда, дар кишвар амалӣ мегардид.

 Дар ин давра дар байни эро¬нинажодҳо донишгоҳи Гунди Шопур, ки асосашро Шопури аввал гузошта буд, шӯҳрати зиёд пайдо кард. Ин донишгоҳ соли 550 ифтитоҳ ёфтааст. Дар ин ҷо корҳои тадқиқотии илмӣ доир ба фалсафа ва илми тиб сурат мегирифтанд. Анӯшервон пайваста дар фикри васеъ намудани ин донишгоҳ буд ва бо ин мақсад табиби шахсиаш Барзуяро ба Ҳиндустон барои омӯхтани илми тиб фиристода буд. Барзуя аз Ҳиндустон китобҳои тиббӣ, бадеӣ, аз ҷумла «Калила ва Димна», шоҳмот ва духтурони ҳиндиро овард. Дар ин давра низ як гурӯҳ олимони юнонӣ барои кори доимӣ ба донишгоҳи Гунди Шопур омаданд. Ҷамъ шудани олимони юнонӣ ва ҳинду ба ҷараёни таълим ва тарҷумаи китобҳо ба забони форсии тоҷикӣ таъсири зиёд расонид. Дар Дониш¬гоҳи тиббии Гунди Шопур илмҳои адабиёт, ҳуқуқ, фанҳои сиёсӣ, иқтисодиёт, таърих, математика, астрономия, мантик, тиб, дорусозӣ, илоҳиёт, гиёҳшиносӣ, мусиқӣ, ҳайвоншиносӣ ва ғайра таълим дода мешуданд. Китобхонаи донишгоҳ бо китобҳои илмӣ ва бадеӣ муҷаҳҳаз буд. Дар донишгоҳ маҷлисҳои илмӣ ва имтиҳон гузаронида мешуд. Худи Анӯшервон дар маҷлису имтиҳонҳо иштирок меварзид. Донишгоҳ баъд аз истилои арабҳо низ дар тӯли чанд асри дигар ба эронинажодҳо хизмати босазое кард. Дар донишгоҳ на танҳо эронинажодҳо, балки ҳиндую арабҳо, туркҳо ва юнониҳо низ таҳсили илми тиб мекарданд.

Тарбияи занон. Эронинажодҳо ба тарбияи зану духарон аҳамияти зиёд медоданд. Онҳо ба занону духтарон санъати хонадориро меомӯзониданд ва онҳоро барои анҷоми вазифаи модарӣ омода месохтанд. Занону духтарони аъёну ашроф санъати аспсаворӣ, чавгонбозӣ, адабиёт ва мусиқиро меомӯхтанд ва баъзеи онҳо дар ин боб аз мардон пешдаст буданд. Зиракӣ, доноӣ ва ҳунармандии онҳо борҳо аз тарафи Фирдавсӣ, Низомӣ ва дигар хамосасароёни форсу тоҷик тавсиф шудаанд.

Дар маҷмӯъ, таълиму тарбияи эронинажодҳо дар тӯли асрҳо аз унсурҳои оддии ин санъат оғоз шуда, бо мурури замон аз зинаи пасттарин то зинаи барои он давра зарурӣ тараққӣ ва такмил ёфта буд. Исботи ин ҳама гуфтаҳо сохтмонҳое мебошанд, ки то ҳол осори онҳо дар Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон ва дигар қаламрави тоҷику форснишин вуҷуд доранд. Исботи дигар ин аст, ки олимони Юнони қадим Ҳеродот, Страбон ва дигарон бо чашми худ тарбияю таълими эронинажодҳоро дида, бартарии ин низомро нисбат ба низомҳои дигар борҳо ҳамду сано гуфтаанд. Бартарии низоми таълиму тар¬бияи ин давраро олимони дунёи нав ба мисли Шарден ва Летурно низ дар асарҳои худ таърифу тавсиф намудаанд.