Таълиму тарбияи халқи тоҷик дар давраи истилои араб

Ислом дар нимаи аввали асри VII дар Арабистон пайдо шуд. Асосгузори ин дин Муҳаммад (570-632) мебошад. Баъд аз сари Муҳаммад Абубакр (632-634), Умар (534-644) хилофатро идора кард. Дар замони ҳукмронии онҳо тамоми қабилаҳои араб муттаҳид шуда, исломро қабул намуданд. Арабҳо соли 632 ба Эрон ҳуҷум намуда, онро дар муддати 20 сол гирифтанд.

Дар давраи аввали ҳуҷуми арабҳо як қисми китобҳои пештараи бадеӣ ва илмии эронинажодҳо, ки дар тӯли асрҳо навишта буданд, несту нобуд гардиданд. Арабҳо ба мардуми ин диёр мефаҳмонданд, ки тамоми ҳақиқати илмӣ ва адабию инсонӣ дар Қуръон навишта шудааст ва аҳли империяи мусулмонӣ ба дигар навиштаҳо эҳтиёҷ надорад. Бинобар ин, онҳо тамоми китобҳои ғайри исломиро куфр эълоннамуда, мегуфтанд, ки ин навиштаҳо инсонҳоро бо таълимоти худ гумроҳ месозанд. Онҳо кӯшиш мекарданд то ба мардум фаҳмонанд, ки истифодаи ҳар китоби ғайри Қуръон бар хилофи фармудаи пайғамбар ва авомири шаръ аст. Аз ин сабаб онҳо ба аҳли илм ва фазл бо назари таҳқир менигаристанд. Онҳо ҳатто навиштан ва саводнокиро дар байни худи арабҳо чизи беҳуда ва нангин мешумориданд. Дар давраи аввал ба аҳли фазлу дониш эътибори зиёд намедоданд. Дар низоси таълиму тарбияи онҳо нақши асосиро тарбияи оилавӣ мебозид.

Мактаб ва мадраса дар ин давра баъди солҳои 700 - ум пайдо шуд. Бояд қайд намуд, ки масҷидҳо ҳамчун маркази мактабу мадрасаҳо дар ин сарзамин дар аввали пайдоиши дини Ислом ба вуҷуд омаданд.

Оҳиста-оҳиста арабҳо ба навиштан, таблиғоти ғояҳои  Қуръон ва коргузорӣ дар байни дигар халқҳо ба одамони саводкок ва тарбияи одамони алоҳида ниёзманд шуданд. Хулоса, баъди омӯхтани сарчашмаҳои гуногуни илмӣ пайдоиши мактабу мадрасаҳоро дар мулки араб ба аввали асри VIII нисбат додан мумкин аст.

Арабҳо якбора ҳамаи сарзаминҳои эронинажодҳоро мутеи худ карда натавонистанд. Бинобар ин, мардумони ин диёр ба зудӣ дини Исломро қабул накарданд. Ғайр аз ин, дар давраи аввали истилои араб қабули дини Ислом маҷбурӣ набуд ва ниёгони мо ба мазҳаби худ этиқоди зиёд доштанд. Оташкадаҳо фаъолияти худро давом медоданд ва дини зардуштӣ дар байни оммаи мардум устувор буд. Тӯдаи мардум забони модарии худро ҳифз мекарданд. Низоми таълиму тарбияи эронинажодҳо, ки дар тӯли асрҳо инкишоф ёфта, дар давраи Сосониён ба авҷи такмили худ расида буд, аҳамияти худро аз даст надода буд. Эронинажодҳо фарзандони худро дар асоси низоми махсуси таълиму тарбия медоданд. Фақат як гурӯҳи хурди ашроф, мансабдорон ва аҳли адабу илм барои эҳтиёҷоти худро баровардан ва Қуръонро хондан забони арабиро меомӯхтанд. Таълимоти дини Ислом дар байни оммаи эронинажодҳо аслан ба тариқи шифоҳӣ сурат мегирифт.

Дар давраи ҳукмронии уммавиҳо (661-750) дар қаламрави Эрон низ ду низоми таълиму тарбия вуҷуд дошт. Аввалӣ, махсус барои он касоне, ки ба дини ниёгон содиқ буданд, он дар асоси барномаи таълимие, ки дар замони сосониён маълум буд, давом меёфт.

Низоми дуввуми мусулмонӣ барои он эронинажодҳое, ки ба дини Ислом рӯ оварда буданд, тааллуқ дошт. Ба онҳо хондан, навиш¬тан, ҳисоб, таъриху адабиёти паҳлавӣ, аспсаворӣ, чавгонбозӣ, найзазанӣ ёд дода мешуд. Барои онҳое, ки ба муаллимӣ ё ки барои хизмат дар девонҳои арабҳо омода мешуданд, илова ба ин фанҳо, инчунин, номанигорӣ, дафтардорӣ, санъати сухан ва ҷуғрофияро меомӯхтанд. Омӯзиш ва донистани забони арабӣ барои чунин одамон ҳатмӣ ва зарур буд. Таълимоти динӣ барои онҳо фақат бо усули шифоҳӣ гузаронида мешуд. Илми тиб, фалсафа ва дорусозӣ дар донишгоҳи Гунди Шопур сурат мегирифт. Барои оммаи меҳнаткаши эронинажод ба таври бояду шояд василаи таълимӣ вуҷуд надошт. Дар ин давра эронинажод¬ҳо алифбои арабиро қабул менамоянд ва навиштану таълими Қуръон барои онҳо ҳатмӣ мегардад.

Дар давраи хилофати аббосиён 750-847 нуфузи эронинажодҳо дар сохти давлатдории арабҳо нисбат ба давраи уммавиҳо афзун гардид. Ин сабаби тараққиёти илму фарҳанги араб гардид. Дар ин давра маҳз бо кӯшиши вазирони донишдӯсти эронинажод илму адаби араб рӯ ба инкишоф ниҳод. Бо кӯшиши онҳо илму адаб аз забони паҳлавӣ ба забони арабӣ тарҷума ва нашр мегардиданд. Бояд қайд намуд, ки ин кор дар замони ҳукмронии умавиҳо сурат гирифт, вале муваффакияти зиёд пайдо накард. Масалан, яке аз олимони машҳури ин дав¬ра- эронинажод Рӯзбеҳ Абдулло ибни Муқаффаъ чандин китобҳои илмию адабӣ, аз ҷумла «Калила ва Димна»-ро аз забони паҳлавӣ ба арабӣ тарҷума кард. Дар ин давра Ислом ҳамчун дини ягона дар ҳамаи сарзаминҳои истилошудаи арабҳо нуфузи худро мустаҳкам намуд. Барои омӯхтани забони ара¬бӣ аввалин маротиба сарфу наҳв ва луғати арабӣ тартиб дода шуд.

 Талаботи рӯзафзуни маданию маънавии арабҳо зиёд мешуд ва онҳо ба ҷамъоварии осори илмию адабии ниёгони худ шурӯъ намуданд. Барои амалӣ шудани ин ният дар пойтахти хилофат шаҳри Бағдод муассисаи фарҳангии Байт-ул-Аҳком (хонаи ҳикматҳо) ташкил шуд. Бағдод дар ин давра ба маркази илму фарҳанги ҷаҳон, аз ҷумла мамолики исломӣ табдил ёфт. Забони арабӣ дар байни табақоти олӣ ва миёнаҳоли шаҳрҳо нуфузи зиёд пайдо кард ва он забони илмию адабии донишмандон   гардид.   Эронинажодҳо   ба мисли Ибни Муқаффаъ, Сибуя, Ибни Катиба, Умар   бини Фарҳонии Табарӣ, Муҳаммад бинни Мусо Шокири Хоразмӣ, Абу Маъшари Балхӣ асарҳои   илмию адабии худро ба ин забон менавиштанд.

Рукни илму адаб ба сифати таълиму тарбия таъсир расонид. Дар ин вақт дар Бухоро, Балх, Ҳирот сохтани масҷид¬ҳо вусъат ёфт. Дар натиҷа   шумораи мактабу мадрасаҳо зиёд гардиданд. Ҳатто баъзе аъёну ашрофи эронинажод барои савоб аз пули худ мактабу мадрасаҳо месохтанд.   Сафи донишомӯзон ва донишҷӯёни мактабу мадрасаҳо рӯз то рӯз меафзуд. Бо пайдо шудани китобҳои илмию динӣ низоми таълиму тарбия низ тағйир меёфт. Дар мактабҳо ғайр аз навиштану хондан ва ҳисоб кардан, инчунин ҷуғрофия, таърих ва адаб ба кори таълим илова шуд. Дар мадрасаҳо аввалин маротиба фанҳои назариявӣ, аз ҷумла фиқҳ, ҳикмат, ҳандаса, таърих, ҷуғрофиё, ситорашиносӣ ва ғайра дарс дода мешуданд. Дарсҳои динӣ ба тариқи назариявӣ мегузаштанд. Усулҳои асосии таълим сӯҳбат, баҳс, кор бо китоб ва азёдкунӣ буд. Низоми таълиму тарбияи Ислом ба тарбияи оилавии эронинажодҳо низ таъсир расонид. Вақте тифл таваллуд мешуд, дар гӯши ӯ азон мегуфтанд, ба ӯ номи яке аз авлодони пайғамбар, халифаҳо ва саркардагони арабро мегузоштанд.

Бо вуҷуди ин, эро¬нинажодҳо чун пештара ба дини худ содиқ буданд ва талаботи дини қадимаи зардуштии худро давом медоданд. Хондани «Авесто» ва «Занд» дар байни онҳо маълум буд. Меҳру муҳаббат ба Ватан ва ватандӯстӣ дар байни онҳо рӯз то рӯз авҷ мегирифт ва кину адоваташон нисбат ба арабҳо зиёд мешуд. Яке аз нависандагони давраи араб Алҷоҳиз навиштааст: «Онҳо (эронина¬жодҳо) ба ҷои хондани ашъори араб, нақли аҳодис ва ахбор баҳси дабирони китоби паҳлавӣ, осори адабии эронзамин, монанди «Калила ва Димна», аҳдномаи Ардашер, амсол ва ҳукми Бузургмеҳр, рисолаи Абдулмаҷид ва   китоби Ибни Муқаффаъро қироат мекунанд. Ривоёт ва санаҳои исломиро бидуни далел намепазиранд, ақлу мантиқро малолфаҳм (муаллақ, пайдарҳамии мавқеи таҳлил) ва ғазоват қарор медиҳанд. Аз риҷоли исломӣ таҷлил намекунанд ва аз онон интиқод ҳам мекунанд. Пайваста аз бузургии подшоҳони Сосонӣ ва роҳу расми мамлакатдорӣ ва кишваркушоии онон сухан мегӯянд ва шефтаи шоирони миллӣ ва одобу русуми бостонии худ мебошанд». Аз гуфтаи Алҷоҳиз чунин хулосаи дуруст баровардан лозим аст, ки эронинажодҳо ба истисмори арабҳо нигоҳ накар¬да, ба дину оин, фарҳангу адаби худ содиқ монданд ва ба он арҷу эҳтироми зиёде доштанд.