Алифбо муҳим аст, аммо на танҳо он

20-02-2018
(Ҷавоб ба мақолаи «Унсурҳои алоқаи байнифаннӣ»-и Суръат Қӯқанов, муаллими Муассисаи таълимии хусусии «Литсейи Раҳнамо», «СССР», 8 феврали соли 2018)
 
Дар мақолаи мазкур, ки ба мавзуи муҳим- омӯзиши алифбои ниёгон дар муассисаҳои таълимӣ бахшида шудааст, бар асари эҳсосот ё саросемагии муаллиф ё, умуман, хуб надонистани мавзӯъ аз тарафи ӯ ба  хатоҳои зиёди мантиқӣ, услубӣ ва имлоӣ роҳ дода шудааст. Дар аввал чунон ба назар мерасад, ки омӯзгор Суръат Қӯқанов танҳо масъалаи мустаҳкам кардани робитаи таълими забон ва адабиётро бо алифбои ниёгон ба миён гузоштанист. Аммо номаълум ба масъалаи ҷиддитар –гузариш ба алифбои ниёгон фурӯ дода шудааст, вале маълум мегардад барои дуруст муҳокима кардани ин масъала дониш ва ҷаҳонбиниаш кофӣ нест. Масъаларо сатҳӣ шарҳу баён кардаасту бас. Нахуст, далели он ки забон ва адабиёти мо 90 сол боз бо кириллӣ баён мешавад, нодуруст аст (Тоҷикистон ба хатти кириллӣ соли 1940 гузашт). Баъдан, андешаи он ки: «Забони тоҷикӣ бо ҳама назокат ва шевоияш дар қолаби алифбои ниёгон рехта шудааст амри табиист (?). Талаффузи калимаҳо, ҳарфҳо, ҳиҷоҳо ва билохира гуфтори тоҷикӣ танҳо бо алифбои худи мо сурат мегирад (?). Ҳеҷ алифбои дигар қодир нест хусусияти табии (?)  забони моро фаро гирифта тавонад» ғайриилмист ва ба ҳақиқат рост намеояд. Зеро кайҳо шудааст, ки аввал забон ба вуҷуд омадааст баъд хат, аз ин рӯ, фикре, ки забонро алифбо ба қолаб даровардааст, нодуруст ва ғайримантиқист. Соҳибони забон метавонанд ҳар гуна алифборо ба забони худ мувофиқ гардонанд. Бинобар ин, муаллифро зарур аст пеш аз он ки оид ба чунин масъалаҳои муҳим изҳори андеша кунад, аввал онро омӯзад ва фикри мутахассисонро гирад. Дар бораи робитаи забон ва алифбо донишмандони бузург чун Саид Нафисию Энгесл ва дигарон дусад сол инҷониб фикру андеша баён кардаанд, аммо ба умқи масъала нарасидаанд. Бинобар ин, дар ин масъала сатҳигӯйӣ ва саросемагӣ набояд. Дар як масъала бо омӯзгор Суръат Қӯқанов ҳамфикрем, ки барои пос доштани забони хеш бояд робитаи фанҳои дигар (на танҳо забон ва адабиёт)-ро бо алифбои ниёгон мустаҳкам бояд кард. Ин то андозае аз кӯшиши муаллимони фан низ вобаста аст. 
Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ имрӯз алифбои ниёгон тибқи нишондоди барнома таълим дода мешавад. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама ташаббусҳоро аз ҷониби омӯзгорон оид ба беҳтар намудани сифати таълими ин фан дастгирӣ хоҳад кард. 
 
Маркази матбуоти Вазорати маориф 
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон