Ҷавоб ба мақолаи «А. Ҷомӣ: мактаб бе мизу курсӣ», («СССР», аз 07.10.2021, №40)

12-10-2021
 
Шуъбаи маорифи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мақолаи «А. Ҷомӣ: мактаб бе мизу курсӣ», («СССР», аз 07.10.2021, №40)-ро мавриди баррасӣ қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки вобаста ба норасоии ҷойи нишасти хонандагон ва таъмин намудани синфхонаҳо бо мизу курсӣ дар баъзе муассисаҳои таълимии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, бахусус дар муассисаҳое, ки дар соли таҳсили 2021-2022 синфхонаҳои иловагӣ сохтанд, як қатор корҳо ба сомон расонида шуд.
Бо дархости шуъбаи маорифи ноҳия барои дастрас намудани мизу курсӣ аз ҳисоби сметаи хароҷотии муассисаҳои таълимӣ, ҶДММ “Тибби замонавӣ” бо роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумии №13, 30, 36 ва 59 шартнома ба имзо расонида, санаи 5-уми октябри соли равон ба ҳар як муассисаи таълимии мазкур 25 ҷуфт мизу курсӣ барои 50 ҷойи нишасти хонанда дастрас намуд. 
Ҳамчунин, соҳибкор Ш. Сафаров – директори ҶДММ “Тибби замонавӣ” тасмим гирифтааст, ки эҳтиёҷоти муассисаҳои соҳаи маорифи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро бо мизу курсӣ, ки 700 ҷуфт ва 1400 ҷойи нишасти хонандаро дар бар мегирад, то охири сол ба пуррагӣ таъмин намояд.
Ҳ.Табаров-мудири шуъбаи маорифи ноҳияи А.Ҷомӣ