Ҷавоб ба мақолаи «Ҳадаф пешрафти соҳа», ки рӯзи 28-уми феврали соли 2019 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» рӯи чоп омадааст.

07-06-2019
Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод ба иттилои Шумо мерасонад, ки мақолаи «Ҳадаф пешрафти соҳа», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз 28-уми феврали соли 2019 ба чоп расида буд, мавриди баррасӣ қарор дод. 
Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод Паёми Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, оид ба ду масъалаи асосӣ - дар соҳаи маориф, норасоии кадрҳои омӯзгорӣ ва баланд бардоштани сатҳи сифати таълими хонандагон, ки дар Паём дарҷ шуда буданд, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар ин ду самт тадбирҳои мушаххас меандешад.
Дар соли таҳсили 2018-2019 мувофиқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 147 нафар мутахассиси ҷавон ба шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод барои ба кор таъмин шудан равон карда шуда буданд. Аз ин шумора 117 нафарашон дар муассисҳои таълимии ноҳия ба кор таъмин карда шуда, ба омӯзгорони собиқадор вобаста гардиданд.
Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон дар деҳот» аз гирифтани 10% иловапулӣ ба маош бархурдор мебошанд. 
Ба 29 нафар омӯзгори ҷавон қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони хонаи истиқоматӣ дода шудааст. Барои додани қарзи имтиёзнок ба 6 нафар омӯзгори ҷавон ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мактуб ирсол карда шудааст.
Инчунин, дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия маҷлисҳои умумии падару модарон ба роҳ монда шуда, дар онҳо мудири шуъбаи маориф ва кормандони шуъбаи маориф иштирок ва суханронӣ менамоянд. Дар ноҳия алоқаи падару модарон ба мактабу маориф мутобиқ ба талаботҳои санадҳои меъёрии соҳа ба роҳ монда шуда аст. Гувоҳи ин гуфтаҳо маҷлисҳои кумитаҳои падару модарон, рӯзҳои падару модарон ва дарсҳои кушоду дарсҳои ҳисоботӣ мебошанд.
Мувофиқи талаботҳои рӯз, мактаб зинаи асосии истеҳсолот дар соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, огаҳии омӯзгорону хонандагон ва волидон аз ин тағйироту пешравиҳои соҳа вобастагии зич дорад.
Аз ин лиҳоз, иштироки роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва муовинони онҳо дар чорабиниҳо зарурият дорад.
Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳамаи камбудиҳои дар соҳаи маориф ҷойдошта дар ноҳия сари вақт ҳалли мусбии худро ёбанд.
 Мудири шуъбаи маориф 
О. Табаров