Ҷавоб ба мақолаи “Аз норасоии ҷойи нишаст то мизу курсиҳои фарсуда...” - и Исломи Раҷабалӣ, (“Садои мардум”, аз 10.05.2022, №56(4476))

03-06-2022
Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг мақолаи “Аз норасоии ҷойи нишаст то мизу курсиҳои фарсуда...” - и Исломи Раҷабалиро, ки дар рӯзномаи “Садои мардум”, аз 10.05.2022, №56(4476)) нашр гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди соҳаи маориф дар деҳаи Ҷомбахти ҷамоати деҳоти Ҷомбахти ноҳия соли 2009 бинои нави таълимӣ (иборат аз 8 синфхона)  сохта ба истифода дода шудааст.
Дар ин давра (то моҳи январи соли 2022) синфхонаҳои бинои пештараи муассиса мавриди истифода қарор доштанд. Бинобар сабаби таъмирталаб гардидан, истифодаи синфхонаҳои бинои мазкур манъ карда шуда, 5 синфи таълимӣ (синфҳои 4 ва 5), ҷамъ 93 нафар хонанда барои идомаи таҳсил ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳия, ки масофаи як километрро ташкил медиҳад (байни муассисаҳои таълимии №23 ва №2) сафарбар карда шуданд ва барои таҳсили хонандагон дар муассисаи таълимии №2 шароиту имкониятҳо пурра фароҳам оварда шудааст.
Бо вуҷуди ин, дар муассисаи таълимӣ 48 ҷойи нишаст намерасад ва дар маҷмуъ муассиса бо 10 синфхонаи таълимӣ эҳтиёҷ дорад.
Аз ин рӯ, коллективи омӯзгорон тасмим гирифтанд, ки дар таътили тобистона бинои куҳнаи муассисаро таъмир намуда, мавриди истифода қарор медиҳанд. 
 
 
Амирсаидов М,
 мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ховалинг