ҶАВОБ БА МАҚОЛАИ БУЗУРГМЕҲРИ БАҲОДУР, КИ БО НОМИ «БУДУ НОБУДИ МТМУ № 149. ДАР БОРАИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ, КИ СОХТМОНАШ СОЛҲОСТ ТӮЛ МЕКАШАД», КИ САНАИ 25.02.2020 ДАР ШУМОРАИ №41-И РӮЗНОМАИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА НАШР РАСИДААСТ

16-12-2020
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи қатъ гардидани сохтмони бинои муассисаи таълимӣ дар деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти «Раҷаб Исмоилов»-и шаҳри Ваҳдат иттилоъ медиҳад, ки санаи 15.04.2014 зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат, дар деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти «Раҷаб Исмоилов»-и шаҳр санги асос барои сохтмони муассисаи таълимӣ барои 1240 ҷойи нишаст гузошта шуда буд.
Сохтмони иншооти мазкурро бо арзиши лоиҳавии 20 млн сомонӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сармоягузории Байналмилалии Дубай» ба уҳда гирифта буд. Пас аз як муддат аз тарафи маблағгузор ба унвони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб ворид гардид, ки дар асоси он аз тарафи Вазорати маориф ва илм ба маблағгузор иҷозат дода шуд, ки бинои муассисаро на барои 1240 ҷойи нишаст, балки барои 640 ҷойи нишаст дар муҳлати муқарраргардида сохта ба истифода диҳад. Вале тибқи иттилои раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат сохтмони ин иншоот айни замон бо сабаби идома наёфтани маблағгузорӣ аз ҷониби маблағгузор қатъ гардидааст. Дар сурати фароҳам омадани шароиту имкониятҳои мусоиди молиявӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат муваззаф аст, ки сохтмони иншооти мазкурро пурра ба анҷом расонад ва мавриди истифода қарор диҳад.

Маркази матбуотии 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон