Ҷавоб ба мақолаи «Чаро маҷаллаи техникӣ надорем?»-и Муҳаммадҷон Обидов-донишҷӯи соли 3-юми факултети журналистикаи ДМТ («СССР», аз 01.04.2021, №13 (654))

22-04-2021
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи «Чаро маҷаллаи техникӣ надорем?»-и Муҳаммадҷон Обидов-донишҷӯи соли 3-юми факултети журналистикаи ДМТ («СССР», аз 01.04.2021, №13 (654))-ро баррасӣ намуда, иттилоъ медиҳад, ки айни ҳол дар сохтори вазорат нашрияи «Омӯзгор», нашрия барои наврасон ва кӯдакон «Пайрав», маҷаллаҳои «Маърифати омӯзгор», «Маорифи Тоҷикистон», «Русский язык и литература в школах Таджикистана» амал мекунанд, ки пурра барои соҳа нигаронида шуда, минбари хонанда, омӯзгор ва кормандони соҳаи маориф ва илм ба ҳисоб мераванд. 
Инчунин, дар аксари сохторҳои соҳавӣ-раёсату шуъбаҳои маориф, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва муассисаҳои тобеи вазорат низ ҳафтаномаву маҷаллаҳои гуногун ба табъ мерасанд. Дар нашрияҳои мазкур бидуни маҳдудият тамоми хонандагону омӯзгорон ва алоқамандони соҳа метавонанд маҳсули эҷоди худ, аз ҷумла маводи марбут ба соҳаи техникиро ба табъ расонанд.
Ҳамзамон, ба ҳамагон маълум аст, ки дар кишвар теъдоди зиёди нашрияҳо барои наврасону кӯдакон ва ҷавонон, аз қабили «Навовар», «Навовари ҷавон», «Нобиға» ва монанди инҳо ба табъ мерасанд, ки дар онҳо саҳифаҳои алоҳида ба мавзӯъҳои марбут ба соҳаи техникӣ бахшида мешаванд. 
Мавзӯе, ки муаллифи мақола пешниҳоди хонанда гардонидааст, воқеан қобили дастгирист ва Вазорати маориф ва илм омода аст, ки дар сурати пайдо шудани имконот чунин як маҷалларо таъсис диҳад. 
Масъулини Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тамоми маводи дар васоити ахбори омма нашршударо мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода, дар фаъолияти корӣ таклифу пешниҳодоти муаллифонро мавриди истифода қарор медиҳанд.
 
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон