Ҷавоб ба мақолаи «Кӯдакони бо имконияти маҳдуд таҳсил мекунанд ё на?» - и Ирами Хатлон («Фараж», аз 27.01.2021, №5 (739))

12-02-2021
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи «Кӯдакони бо имконияти маҳдуд таҳсил мекунанд ё на?» - и Ирами Хатлон («Фараж», аз 27.01.2021, №5 (739))-ро мавриди баррасӣ қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм ҳамеша нисбат ба кӯдакони дорои имконияти маҳдуд ғамхорӣ зоҳир намуда, барои беҳбуд бахшидани зиндагии онҳо ва бо таълим фаро гирифтан тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода мебаранд. 
Мувофиқи Низомнома дар бораи тартиби ташкили таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) ҳамчун таълими якҷояи кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуд бо кӯдакони солиме, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ шароит муҳайё карда шуда, дар маҷмӯъ мазмуни таълим коҳиш намеёбад, дар назар дошта шудааст.
Ҳангоми ташкили таҳсилоти якҷояи кӯдакони имконияташон маҳдуд ва кӯдакони солим, ки ба кӯдакони имконияташон маҳдуд барномаҳои инфиродии таълими махсус (ислоҳӣ) тавсия дода шудааст (дар ҳолати якчанд нафар кӯдак бо як синну сол ва як намуди маҳдудият будан), метавон синфҳои таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) низ ташкил намуд. 
Ҳамчунин, тибқи Низомнома дар бораи ташкили таҳсил дар хона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби ташкили таҳсил дар хона барои кӯдакони имконияташон маҳдудро (нобино, биноияшон суст, дершунаво, шунавоияшон суст, кар ва гунг, аз ҷиҳати ақлонӣ заиф), ки илова ба имкониятҳои маҳдудашон бинобар сабаби осебияти узвҳои ҳаракаткунанда ба муассисаҳои таълимӣ рафта наметавонанд, тибқи пешниҳоди машваратгоҳҳои психологӣ-тиббӣ-педагогии (МПТП) муайян мекунад.
Мавриди зикр аст, ки таҳсил дар хона раванде мебошад, ки омӯзиши барномаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои кӯдакони имкониятҳояшон маҳдудеро, ки ба муассисаҳои таълимӣ рафта наметавонанд, ба роҳ мемонад. Мутобиқ ба талаботи санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва пешниҳоди Вазорати тандурустӣ ва њифзи иҷтимоии ањолии Ҷумҳурии Точикистон кӯдаконе, ки гирифтори бемориҳои соматикӣ, баъдиҷарроҳӣ, пӯст, асаб, равонӣ буда, имкони рафтан ба мактаб ва иштирок ба дарсҳоро надоранд, ҳуқуқ ба таҳсил дар хонаро мегиранд. Ташкили таҳсил дар хона барои кӯдакони имконияташон маҳдуд, ки ба муассисаҳои таълимӣ рафта наметавонанд, имконият медиҳад, ки барномаҳои таълимӣ дар асоси стандартҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тавассути истифодаи технологияи навини соҳаи таълим аз худ карда шаванд. Ҳангоми ташкили таҳсил дар хона тамоми хароҷот аз ҳисоби маблағҳои барои соҳа пешбинишуда тавассути мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти идоракунии соҳаи маориф дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
 
Маркази матбуотии
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон