Ҷавоб ба мақолаи “Квотаи президентиро ба ӯзбекзабонон зиёд кунед!”, ки дар ҳафтаномаи “ СССР” ( №3, аз 21.01.2021) чоп гардид

03-02-2021
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Одилова Турсуной, сокини ноҳияи Носири Хусрав, деҳаи Сангобаро, ки зери унвони “Квотаи президентиро ба ӯзбекзабонон зиёд кунед!” дар ҳафтаномаи «СССР» нашр шудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Тибқи талаботи банди 3-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 29 феврали соли 2020, №157) “Дар бораи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар доираи квотаҳои муқарраршуда номгӯйи ихтисосҳоро барои духтарони деҳоти дурдасти шаҳру ноҳияҳо ва писарони лаёқатманд таҳия ва ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд. Вазорати рушди иқтисод дар заминаи пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуда, ба шаҳру ноҳияҳо ирсол менамояд. 
Таъкид кардан ба маврид аст, ки квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандон – хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар буда, дар озмуни қабули квота фарзандони ҳамаи халқияту миллатҳои дар ҷумҳурӣ истиқоматкунанда иштирок карда метавонанд.
Таҳлили баргузориии озмунҳои квотаи Президентӣ нишон медиҳад, ки ҳамасола дар қатори хонандагони тоҷик хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии бо забонҳои ӯзбекӣ, қирғизӣ ва русӣ фаъолиятдошта иштирок намуда, соҳиби квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегарданд.
 
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон