Ҷавоб ба мақолаи “МТМУ №62. Ногуфтаҳое, ки бояд гуфт” - и Лола Ризоӣ, (“Ҷумҳурият”, аз 13.07.2021, №139)

23-07-2021
 
Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор мақолаи “МТМУ №62. Ногуфтаҳое, ки бояд гуфт” - и Лола Ризоиро, ки дар рӯзномаи “Ҷумҳурият”, аз 13.07.2021, №139) нашр гардидааст, дар Шўрои шуъбаи маориф бо иштироки васеъи роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ мавриди баррасӣ қарор дод. 
Бояд таъкид намуд, ки муассисаи таълимии №62 аз маркази ноҳия дар масофаи 27-километр дуртар дар ҷамоати деҳоти Ғалаба (ҳозира Хутан) ҷойгир буда, дар он 16 нафар омӯзгор ба 231 нафар хонанда таълиму тарбия медиҳанд. 
Дар маводи таҳлилию танқидии рӯзномаи “Ҷумҳурият” сухан зери вазъи бади муассисаи таълимӣ, хусусан дар ҳолати намнок ва садамавӣ қарор доштани синфхонаҳо, норасоии китобҳои дарсӣ аз фанҳои алгебра ва физика барои синфҳои 8-ум, таъмирталаб будани бинои муассиса ва ва норасогии мизу курсӣ рафта буд.
Маврид ба зикр аст, ки то оғози соли хониши 2021-2022 аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор, шуъбаи маориф, кумитаи падару модарон ва роҳбарияти муассиса кмбудиҳои дар маводи танқидӣ ҷойдошта ҳали худро ёфтанд. Аз тарафи кумитаи падару модарон ва омӯзгорон қисмати дохилии 4 синфхонаи дар мақола дарҷ гардида, таъмири ҷорӣ карда шуд ва бо дастгирии нашриёти “Маориф”-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон норасоии маводҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ бартараф карда шуд. 
Инчунин, хонандагони муассиса бо ёрии омӯзгорон ва падару модарон ва ҷамъ намудани маблағ дар ҳаҷми қариб 3 ҳазор сомонӣсинфхонаҳои таъмирталаб ва садамавиро пурра барқарор намуда, рангу бор ва дигар корҳои лозимаро дар дохил ва беруни бино ба анҷом расониданд. Айни замон норасогии мизу курсӣ дар муассисаи таълимӣ роҳи ҳали худро ёфт ва ягон камбудӣ дар ин самт дида намешавад. 
Аз ин рӯ, шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор дар минбаъди низ баҳри амалишавии қарорҳои давлату Ҳукумат ҳамаи тадбирҳоро ба харҷ дода, татбиқи онро дар муассисаҳои таълимӣ зери назорати ҷиддӣ қарор хоҳад дод. 
Х. Шоимардонзода, 
мудири шуъбаи маорифи 
ноҳияи Фархор