Ҷавоб ба мақолаи Муҳайё Абдуллоева, омӯзгори МТМУ №77-и шаҳри Душанбе, ““ТОҶИКОН” ДАР МАКТАБҲО ОМӮЗОНИДА ШАВАД”, (“Тоҷикистон” (№1, аз 6.01.2021))

20-01-2021
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пешниҳоди шумо дар мавриди омӯзиши мукаммал ва ҳамаҷонибаи китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров изҳори сипос ва миннатдорӣ намуда, ҳамзамон иттилоъ медиҳад, ки омӯзиши китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров дар муассисаҳои таълимӣ тавассути соатҳои тарбиявӣ ва фанни Таърихи халқи тоҷик ба роҳ монда мешавад. 

Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон