Ҷавоб ба мақолаи “Ҳоли табоҳи ду муассисаи таълимӣ дар Ховалинг” (“Садои мардум”, аз 02.11.2021, №135 (4397))

19-11-2021
 
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи “Ҳоли табоҳи ду муассисаи таълимӣ дар Ховалинг”, ки дар нашрияи расмии “Садои мардум” аз 02.11.2021, №135 (4397)) нашр гардидааст, мавриди омӯзиш қарор дод.
Вазорат вобаста ба таъмирталаб будани муассисаҳои таълимии №5 ва №6-и ноҳияи Ховалинг иттилоъ медиҳад, ки бинои муассисаҳои таълимӣ дар тавозуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо қарор дошта, таъмиру нигоҳдории он аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ амалӣ карда мешавад. Аз ин лиҳоз, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуривӣ ба Вазорати маориф ва илм маблағ барои таъмири бинои муассиаҳои таълимӣ пешбинӣ намегардад. 
Мавриди зикр аст, ки бо назардошти солҳои зиёд таъмир накардани бинои муассисаи таълимии №5-и ноҳияи Ховалинг боми бинои он дар фасли боришот мечакид. Дар ин замина, соли 2013 дар доираи имконияти молиявӣ боми ҳамаи биноҳои муассисаи таълимии мазкур тунукапӯш карда шудааст. Дар баробари ин, шароити таҳсили хонандагони муассисаҳои таълимии зикргардидаро ба инобат гирифта, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг бо ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ чораҷӯӣ карда мешавад. 

Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон