Ҷавоб ба мақолаи “Омӯзгорони “гунг” ба кӣ даркор?”-и омӯзгор Бӯриев Зиёвиддин (“Тоҷикистон”, 21.07.2021, №29)

10-08-2021
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи “Омӯзгорони “гунг” ба кӣ даркор?”-и омӯзгор Бӯриев Зиёвиддин (“Тоҷикистон”, 21.07.2021, №29)-ро мавриди баррасӣ қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки низоми таҳсилоти ҷумҳурӣ дар баробари ҷаҳонашавии раванди тайёр намудани мутахассисон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба як қатор навгониҳо рӯ ба рӯ гардидааст. Яке аз омилҳои муҳимтарини раванди тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ин гузариш ба низом ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ба шумор меравад.
Дар ҳамин робита зикр намудан ба маврид аст, ки фазои ягонаи умумиҷаҳонии таҳсилоти касбӣ тадриҷан омезишёбии Ҷумҳурии Тоҷикистони мустақил, инчунин дигар омилҳои воқеӣ тақозо менамояд, ки дар ин радиф дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар тарбия ва омада кардани мутахассисони дар кишварҳои сайёра эътирофшаванда ва дар бозори ҷаҳонии меҳнат рақобатпазир дар мавқеи аввал қарор гирад.
Таҷрибаи ҷаҳонии таҳсилоти касбӣ нишон медиҳад, ки гузариш ба низоми кредитии таҳсилот метавонад холигиҳои дар низомӣ анъанавии таълим ҷойдоштаро пурра гардонида, нуқсонҳои дар он мавҷудбударо рафъ созад ва болоравии сифати таълим, ҳавасмандии донишҷӯёнро нисбат ба донишандӯзӣ таъмин ва боздеҳии воқеии меҳнати онҳоро фароҳам оварад ва баъди хатми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ хатмкарда ҳамчун мутахассиси соҳибкасб эътироф шавад. Зеро дар маркази низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар тадриҷан баланд бардоштани сифати таълим, сафарбарнамоии донишҷӯён барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои дигар (хориҷи кишвар), воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳон ва татбиқи эъломияи Болония қарор гирифтааст, ки ин нуктаро афзалиятҳои зерини низоми кредитии таҳсилот тақвия мебахшад:
-мустақилият ва озодиҳои академии факултетҳо, кафедраҳо ва омӯзгорон дар ҷодаи ташкили раванд ва интихоби услубҳои таълим барои ташаккул додани ин самтҳо имконияти васеъ фароҳам меорад;
-сермаҳсулии раванди таълим тавассути истифодаи технологияи иттилоотии муосир, болоравии сатҳи такмили ихтисоси омӯзгорон ва сифати дарсдиҳӣ таъмин мегардад; 
-пешбинии қабули имтиҳонҳои ҷорӣ, фосилавӣ ва ҷамъбастӣ донишҷӯёнро барои худомӯзии мустақилонаи ҳамарӯза водор месозад;
-интихоби омӯзгор аз тарафи донишҷӯ омӯзгоронро водор месозад, ки барои беҳтар намудани сифати дарс, истифодаи шаклу услубҳои фаъол ва самарабахши таълим кӯшиш ба харҷ диҳанд. Танҳо бо ин роҳ онҳо метавонанд донишҷӯёнро ба худ ҷалб созанд;
-аз як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба дигар муассисаи таълимӣ, аз як барнома ба барномаи (ихтисоси) дигар гузаштани донишҷӯёнро тавассути баҳисобгирии кредитҳои аз фанҳои алоҳида соҳибгаштаи онҳо осон мегардонад;
-иштироки бевоситаи донишҷӯёнро дар таҳияи нақшаи таълим ва самти таҳсилоти ӯро дар давоми давраи таҳсил мушаххас менамояд;
-имконияти интихоби озоди қисми фанҳои дар нақшаи таълим дарҷёфта ва омӯзгор аз тарафи донишҷӯро фароҳам меорад;
-ҷиҳати таъсиси хадамоти машваратчиёни академӣ (эдвайзерҳо) бо мақсади кумакрасонӣ ба донишҷӯён дар интихоби фанҳо мусоидат менамояд ва ғайра;
Бо назардошти ҳамин афзалияти низоми кредитии таълим дар аксарияти кишварҳои ҷаҳон бартарии худро нишон дода, воқеан ҳам дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ таҳаввулоти амиқ ворид намудааст.
Мақсади  гузариши муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба низоми кредитии таҳсилот, пеш аз ҳама, дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардидани барномаҳои таҳсилоти миллӣ, баланд бардоштани ҳаракати академии донишҷӯён ва омӯзгорон, ҳамчунин ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот ва таъмини алоқамандӣ ва пайдарҳамии тамоми зинаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти баъд аз муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ифода мегардад.
Боиси қайд аст, ки тибқи банди 1 номгӯи чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 дар соли таҳсили 2015-2016 раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ (ба истиснои баъзе ихтисосҳои муассисаҳои таълимии қудратӣ ва филиалҳои муассисаҳои Федератсияи Россия) пурра тибқи низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда шудааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба низом даровардани соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва дар ин замина тибқи талаботи бозори ҷаҳонӣ омода кардани мутахассисони гуногунсоҳаи дар  ин самт рақобатпазир, тайи чанд соли охир тадбирҳои зиёд меандешад. Қабули даҳҳо ҳуҷҷатҳои муҳими давлатӣ дар ин самт, аз ҷумла “Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015”, Низомномаҳои бакалавриат, мутахассис ва магистратура, Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраҳо аз санадҳоеанд, ки мазмуну мундариҷаи онҳо аз амалӣ кардани ислоҳоти соҳаи таҳсилоти касбӣ ва дар ҳамин асос омода кардани мутахассисони варзида иборат мебошад.
Бояд қайд кард, ки дар татбиқи низоми кредитии таҳсилот Низмономаи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим дорад.
Тибқи ҳуҷҷати мазкур “Имтиҳони фосилавӣ” – шакли назоратест, ки бо мақсади муайян намудани дараҷаи азхудкунии барномаҳои фанҳои таълимӣ аз ҷониби донишҷӯён дар давоми ҳар як даври академӣ ду маротиба гузаронида мешавад.
Имтиҳони ниҳоӣ-ҳамчун шакли ниҳоии назорат аз рӯи дараҷаи азхудкунии барномаҳои таълимии фанҳо аз ҷониби донишҷӯён муайян ва тибқи талаботи нақшаҳои таълимии самт (ихтисос)-ҳои амалкунандаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барои ҳар як даври академӣ дар баробари ба охир расидани ҳафтаҳои таълими назариявӣ, дар асоси фармоиши ректор оид ба тартиби ташкил ва гузаронидани сессияҳои имтиҳонӣ қабул карда мешавад. Имтиҳони ниҳоӣ бо истифода аз технологияи иттилоотӣ (компютер) ё ба таври анъанавӣ (шифоҳӣ, қабули корҳои хаттӣ, эҷодӣ) аз ҷониби комиссияе, ки бо фармоиши ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таъин менамояд, гузаронида мешавад.
Имтиҳонҳои фосилавӣ оид ба ҳар як фан аз тарафи омӯзгорони фаннӣ имтиҳони ниҳоӣ бошад, аз тарафи комиссияе, ки бо фармоиши ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таъсис дода шудааст (бо иштироки омӯзгорони фаннӣ), қабул карда мешавад.
Имтиҳонҳои ниҳоӣ вобаста ба талаботи барномаи таълимии фан ва хусуссиятҳои касбии ихтисоси муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар шакли шифоҳӣ, хаттӣ, тестӣ ва омехта (бо истифода аз технологияи иттилоотӣ ё дар шакли анъанавӣ) гузаронида мешавад. Асоснок гардонидани шакли шифоҳӣ ва хаттии қабули имтиҳонҳо вобаста ба талаботи барномаи таълимии фан муайян ва бо қарори Шӯрои методии факултет ва Шӯрои илмию методии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тасдиқ карда мешавад.
Ҳамзамон, қабули имтиҳонҳои ниҳоӣ аз ҷониби коммисияе, ки ҳайати он бо фармоиши ректор тасдиқ карда шудааст, ба роҳ монда мешавад. Ба ҳайати комиссия омӯзгори кафедраи мувофиқ, омӯзгорони кафедраҳои дигари аз ҷиҳати мазмун наздик, ки ба донишҷӯёни ин гурӯҳ аз фанни мазкур дарс надодаанд, намояндагони қисми таълим ва садорати факултет шомил мешаванд. Омӯзгори фанни таълимӣ метавонад ба сифати назоратчӣ дар рафти қабули имтиҳон ва тафтиши ҷавобҳои донишҷӯён иштирок намояд.
Иштироки омӯзгори фанни таълимӣ дар рафти қабули имтиҳонҳои ҷамъбастӣ барои иҷрои корҳои зерин ҳатмӣ мебошад:
-назорати рафти қабули имтиҳон ва натиҷагирии он;
-саривақт ба қайд гирифтани натиҷаи имтиҳон дар варақаи имтиҳонӣ.
Имтиҳонҳои фосилавӣ ва ниҳоӣ дар асоси Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар шакли қабули тестҳои омехта, корҳои хаттӣ, амалӣ, шифоҳӣ (вобаста ба хусусиятҳои фанҳои таълимӣ) ва ё тариқи компютер дар маркази тестии муассисаи таълимӣ қабул карда мешавад ва натиҷаи онҳо дар маркази бақайдгирӣ ва машварат, садорати факултет нигоҳ дошта шуда, дар сомонаи муассисаи таълимӣ ҷой дода мешаванд.
Бо назардошти ин гуфтаҳо қайд намудан зарур аст, ки нақши омӯзгор дар татбиқи низоми кредитии таҳсилот дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ басо калон ба назар расида, бе иштироки ӯ ҷараёни таълимро тасаввур намудан ғайриимкон аст.
Аз  ин рӯ, метавон хулоса намуд, ки айни замон низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ чӣ аз лиҳози таҳияи пояҳои ҳуқуқӣ ва чӣ аз нигоҳи фароҳам овардани такягоҳи моддию техникӣ мавқеи устувори худро пайдо карда, тадриҷан низоми анъанавии таълимро бо дастовардҳои назаррас ва мазмуну мундариҷаи ҷавобгӯи талаботи замон аз низоми таҳсилоти олии касбӣ дар канор мегузорад.
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон