Ҷавоб ба мақолаи «ВМКБ. Фарогирӣ ба муассисаҳои томактабӣ қонеъкунанда нест!» - и Раҳмони Гулзор («Ҷумҳурият», аз 01.06.2021, №107-108)

15-06-2021
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи «ВМКБ. Фарогирӣ ба муассисаҳои томактабӣ қонеъкунанда нест!» - и Раҳмони Гулзор («Ҷумҳурият», аз 01.06.2021, №107-108)-ро мавриди баррасӣ қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки зинаи таҳсилоти томактабӣ дар соњаи маориф яке аз самтњои афзалиятнок ба њисоб рафта, масъалаҳои муҳиму аввалиндараҷаи ин зинаи тањсилот мунтазам мавриди таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми кишвар қарор гирифта, аз ҷониби масъулин баҳри бештари ҷалби кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ ва ҷиҳати зиёд намудани шумораи муассисаҳои томактабӣ бо мақсади рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон тамоми имконотҳо мавриди амал қарор дорад.
Айни замон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 26 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 2141 нафар кӯдак фаъолият менамояд. Дар робита ба амалӣ намудани “Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2020-2025” дар самти таъсиси Маркази инкишофи кӯдак корҳои муайян низ амалӣ шудааст. 
Дар ВМКБ ташкили шаклҳои наву алтернативии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, аз қабили Марказҳои инкишофи кӯдакони синни томактабӣ ҳанӯз аз соли 2009 оғоз гардида, имрӯз шумораи онҳо ба 278 адад расидааст, ки зиёда аз 6060 нафар кӯдак ба таълиму тарбияи томактабӣ ҷалб карда шудаанд.
Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баҳри амалӣ намудани  “Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2020-2025” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 22 июни  соли 2019, № 316) нақшаи  чорабиниҳоро таҳия намуда, дастраси  шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят  гардонидааст.
Роҳҳои дигари ҷалби бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ ин бунёди муассисаҳои томактабии хусусӣ бо ҷалби бахшҳои хусусӣ мебошад, ки ин падидаи хуш дар муқоиса ба солҳои пешин рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
Мувофиқи маълумоти оморї айни замон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 55 маркази инкишофи кӯдаки хусусӣ бо фарогирии 1323 нафар тарбиягиранда фаъолият менамоянд. Корҳои ободонӣ бо бахшҳои хусусӣ дар самти сохтмони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар манотиқи вилоят марҳала ба марҳала идома дорад.
Бояд гуфт, ки тибқи талаботи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 шумораи кӯдакони синни аз 3 то 6-сола  ба 1137400 нафар мерасад, ки нисбат ба соли 2015 – 255000  нафар зиёд мегардад, инчунин, фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ бояд аз 15,9% то ба 40% расонда шавад.
Айни  ҳол  дар ноҳияи  Шуғнон  сохтмони  кӯдакистон  дар шаҳраки  Ваҳдат барои 200 нафар кӯдак, дар ноҳияи  Ванҷ   сохтмони  кӯдакистон  барои  200  ҷой ҳанӯз соли 2019 оғоз ёфта, дар арфаи анҷомёбӣ қарор дорад. Ин ду иншооти таълимӣ дар арафаи ҷашни 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба истифода дода хоҳанд шуд.
 
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон