ҶАВОБ БА МУРОҶИАТИ ХУРШЕД КАБИРОВ, СОКИНИ ШАҲРИ КӮЛОБ, КИ БО НОМИ “АТТЕСТАТРО АЗ КУҶО ГИРЕМ?” ДАР САҲИФАИ 5-И ШУМОРАИ №28 (617) ҲАФТАНОМАИ “СССР” АЗ 23.07.2020 БА НАШР РАСИДААСТ.  

01-12-2020
Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи матраҳнамудаи шуморо мавриди баррасӣ қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки ҳамсари шумо хатмкунандаи муассисаи таҳсилоти миёнуи умумии №22-и ноҳияи Восеъ дар соли 1994 аз се фанни таълимӣ қарздор аст. Соли 2017 ҳамсари шумо ба шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ барои дарёфти аттестат муроҷиат кардааст, вале бо вуҷуди огоҳ кардани масъулини шуъба дар хусуси қарздорӣ ҳамсаратон то кунун имтиҳонҳои қарзиро насупоридааст. Танҳо дар сурати супоридани имтиҳонҳои қарзӣ ба ҳамсари шумо бо пешниҳоди расмии МТМУ №22-и ноҳияи Восеъ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аттестат омода мегардад ва барои дастрас намудан тавассути шуъбаи маорифи ноҳия ба унвонии МТМУ №22 фиристода мешавад.

 

 

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон