ҶАВОБ БА САВОЛИ САЙДАЛӢ МУРОДОВ, СОКИНИ НОҲИЯИ ПАНҶ, КИ ДАР САҲИФАИ 16-И ШУМОРАИ №44 (1399), 4.11.2020 ҲАФТАНОМАИ “ТОҶИКИСТОН” ЗЕРИ РУБРИКАИ “ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲАНД!” БА НАШР РАСИДААСТ

18-12-2020
 
Вазорати маориф ва  илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои Шумо мерасонад, ки тибқи банди 102-и Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1.06.2016, №237 тасдиқ шудааст, директори муассисаи таҳсилоти умумӣ бояд таҳсилоти олии касбии омӯзорӣ ва собиқаи кории омӯзгории на кам аз 7-сола дошта бошад.
Омӯзгори фанни омодагии дифои ҳарбӣ низ метавонад бо дарназардошти ин талабот директори муассисаи таҳсилоти умумӣ таъйин гардад.
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон