Ба сардабири ҳафтаномаи «СССР» Сайёфи МИЗРОБ

08-01-2018
Таътил ягона аст: советию ғайрисоветӣ намешавад
(Ҷавоб ба хабари «Таътили советиро баргардонед!»-и нашрияи «СССР»,
21 декабри соли 2017)
 
Хабари тавассути телефон ба идораи ҳафтаномаи «СССР» ироагаштаи «Таътили советиро баргардонед!» хоҳиши хонандаеро дар бораи гузаштан ба реҷаи қаблии таътили тирамоҳӣ ва зимистона дар муассисаҳои таълимӣ дар бар мегирад. Дар ин бобат мулоҳизаву пешниҳодҳои гуногун манзур шудаанд. Реҷаи имрӯза бо мувофиқат бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти шароит ва талабот чанд сол инҷониб ба роҳ монда шудааст. Дуруст мегӯяд хонанда, ки таътил танҳо ба хотири сардиву гармӣ нест, майнаи атфол бояд дам гирад. Аммо дар аксар мамолики ҷаҳон аз реҷаи имрӯза кор мегиранд. Он бартариҳои худро низ дорад, вале ин маънои онро надорад, ки тағйир намеёбад. 
Аз ҷониби раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои шаҳрвандон дар ин бобат ҳатман омӯхта мешаванд ва имкони тағйир додани реҷаи таътил ҳамеша мавҷуд аст.

Маркази матбуоти Вазорати маориф 
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон