Ба сармуҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» муҳтарам Шариф Ҳамдампур

22-01-2018
«Имтиҳон» ё эссеи хуб
(Ҷавоб ба мақолаи Ҳафизуллоҳи Тоҳирӣ «Имтиҳон»
 («Тоҷикистон», 17 январи соли 2018)
 
Мақолаи Ҳафизуллоҳи Тоҳирӣ ҳарчанд бо банду баст, сабку услуб ва забони хуб фарқ мекунад ва хонданист, як қатор андешаҳои то андозае рӯякӣ ва сатҳии муаллифро дар бораи усули тестии санҷиш дар бар мегирад. Бояд гуфт, ки усули тестии санҷиш чун дар тамоми ҷаҳон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат дар раванди ислоҳоти соҳаи маориф ва ба роҳ мондани низоми кредитии таълим ба таври босамар ва бомуваффақият мавриди истифода аст. Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ дар ин бобат ба баҳс пардохта, шояд аз бетаҷрибагӣ бо баъзе далелҳои сатҳӣ ношаффофӣ, рӯякӣ будани он усули тестии санҷишро собит карданӣ мешавад. Аммо дар илми ҷаҳонӣ аз тарафи донишмандони соҳа бартариҳои зиёди низоми кредитии таълим ва тарзи санҷиши тестӣ ҳамчун усули замонавӣ ва пешқадам исбот гардидааст, ки ба кори мустақилона, худомӯзӣ ҷалб намудани муҳассилин, шаффофият аз ҷумлаи хусусиятҳои асосии онҳост. Қаламкаши ҷавон зикр мекунад, ки донишҷӯ дафтар надорад, аммо баҳои панҷ гирифта меравад ва ҷойи дигар бо итминони комил иброз медорад, ки «субҳ пеш аз имтиҳон даромадан як маротиба мехонанду барои имтиҳонсупорӣ ба синфхонаи компютерӣ медароянд, тамом имтиҳонҳоро ба баҳои панҷ (100 балл) месупоранд». Ин ба гуфтан осон. Бо қориазёд ба чандсад суол ҷавоби дуруст ёфтан, машқу муодилаҳоеро, ки гӯё ба қавли шумо пешакӣ паҳн карда мешаванд, ҳал кардан кори осон нест. Хушбахтона, шумо ҳам пур будани толорҳои Китобхонаи миллиро иқрор шудаед, аммо дар ин бобат чӣ ба шумо маъқул нест? Бале, дар ин рӯзҳо дар он ҷо баъзан ҷойи нишаст намеёбед. То солҳои наздик чунин набуд. Ва на ҳамаи донишҷӯён барои азёд кардани ҷавоби тестҳо омадаанд. Агар нисфи онҳо ҳам ба хонишу эҷодкорӣ машғул шаванд, мояи хурсандии мо бояд бошад.
Воқеан, дар бораи эҷодкорӣ. Нигоштае, ки оварда шудааст бо номи «Имтиҳон» намунаи беҳтарини эссеи мактабист бо андешаву масъалагузориву хулосаҳо. Бинобар ин, мо ба муаллиф муваффақият мехоҳем, аммо бояд донист, ки на ҳама вақт дархости инсон ба ҳақиқат рост меояд.
Аз таваҷҷуҳи журналисти ҷавон Ҳафизуллоҳи Тоҳирӣ ва нашрияи дӯстдоштаи «Тоҷикистон» ба соҳаи маориф ва мушкилоти он сипосгузорем ва боварӣ дорем, ки минбаъд бо мулоҳизаву пешниҳодҳои созандаву манфиатбахш дар рушди соҳа саҳм мегиранд.
Маркази матбуоти Вазорати маориф 
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон