БИТИРУВЧИЛАР ЭССЕ ЁЗИШГА ТАЙЁР

01-06-2018
(Андешаҳо перумони мақолаи Ҳ. Боев «Битирувчилар эссе ёзишга тайёрми?..», рӯзномаи «Халқ овози» № 9 (20065) аз 1 марти соли 2018)
 
Мақолаи Ҳайталӣ Боев «Битирувчилар эссе ёзишга тайёрми?..» («Хатмкунандагон ба навиштани эссе омодаанд?...») дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифт. 
Қабл аз ҳама, ба омӯзгор Ҳайталӣ Боев барои дилсӯзона ва аз назари тахассусӣ ибрози назар намудан роҷеъ ба яке аз масоили ҷадиду рӯзмарраи соҳаи мориф – навиштани эссе ҳангоми қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ изҳори сипосу миннатдорӣ менамоем. Эҷоди инчунин як мақолаи хубу огоҳона ва проблемавӣ аз муҳаббату садоқати муаллиф ба касби худ ва бетараф набуданаш ба масоили рушди минбаъдаи маорифи кишвар шаҳодат медиҳад.
Вазорати маориф ва илм ҳамеша ҳама гуна мавод, андеша ва пешниҳодотро, ки аз ягон васила ироа мешаванду ба манфиати кори маориф аст ва ба ислоҳи ягон нуқсу камбудӣ, ба такмили низом ва ё ба рушди соҳа аз ягон ҷиҳат мусоидат мекунанд, ҷонибдорӣ мекунад.
Муаллиф боифтихор таъсисёбӣ ва самаранок фаъолият кардани Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз муваффақиятҳои беназири солҳои охири соҳаи маориф маҳсуб дониста, тариқи шаффоф баргузор шудани имтиҳонҳои тестӣ қабул ба муассисаҳои олии кишварро мусбӣ арзёбӣ намудааст, андешаҳояшро оид ба корҳои хаттӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва навиштани эссе барои довталабон баён карда, таъкид кардааст, ки вобаста ба ин бояд аз соли ба фаъолият шурӯъ намудани Маркази миллии тестӣ ба барномаҳои таълимӣ мавзӯъҳои навиштани эссе ворид карда мешуд ва аз ҳамон сол дар мактабҳо барои хонандагон машғулиятҳои иловагӣ оид ба навиштани эссе ташкил ва баргузор карда мешуд, инчунин, эрод гирифтааст, ки дар муҳлати начандон кутоҳи то анҷоми соли таҳсил боқимонда «…ба муассисаҳои таълимӣ додани супориши «Ба хатмкунандагони муассиса навиштани эссеро ёд диҳед!» омӯзгоронро ба таҳлука андохт…». 
Мо ташвиши муаллифро ҳамчун омӯзгор дарк мекунем, ҳар як омӯзгор бояд ин гуна ташвишро дошта бошад, зеро масъалаи қабул ба муассисаҳои миёна ва олии касбӣ барои омӯзгор нишондиҳандаи сифату самараи кори ӯ ва барои шогирдон масъалаи ҳаётиву ояндасоз аст. 
Сониян, ба таваҷҷуҳи муаллиф расониданием, таҷриба собит сохтааст, ки ҳамеша ҳама гуна кори нав аз хатогиву камбудиҳо орӣ набудааст ва норасоиву камбудиҳо дар раванди татбиқ бо пеш омадан батадриҷ ислоҳ карда хоҳанд шуд. Ёдовар мешавем, ки ҳини таъсиси Маркази миллии тестӣ ва солҳои аввали фаъолияташ умуман дар бораи навиштани эссе ҳангоми супоридани имтиҳонҳои тестии қабул ягон назареву пешбиние арзи ҳастӣ намекард ва ҳатто дар тасаввуроте нафаре ҳам набуд, ки довталабон бояд ҳангоми қабул иншо ё эссе нависанд. Аз ин рӯ, ба барномаҳои таълимӣ дар ин хусус тағйиру иловае ворид карда нашуда буд. Акнун ки навиштани эссе расман эълон шуд, минбаъд ба барномаҳои таълимӣ вобаста ба ин ҳатман тағйироту иловаҳо ворид карда хоҳанд шуд.  
Масъалаи навиштани эссе барои довталабон ҳангоми қабул тӯли 3-4 соли охир бо тақозои замон зуҳур карда, ба манзури беҳдошти сифати саводнокии хаттӣ ва ташаккули солоҳиятҳои асосии хонандагон аз қабили эҷодкорӣ, тафаккури мантиқиву интиқодӣ ва маҳорати мустақилона омӯхтан, ки дар хатмкунандагони мо мувофиқи матлаб набуд, эълон ва ҷорӣ шудааст. Ва бо эълони навиштани эссе ҳангоми қабул аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ва Маркази миллии тестӣ тадбирҳои мушаххасу амалӣ рӯи кор оварда шуданд. Аз ҷумла, Дастур доир ба тарзи таълифи эссе, Тавсияҳо оид ба навиштани кори хаттӣ (эссе), мавзӯъҳои эссе аз фанни забон ва адабиёти тоҷик барои довталабони соли таҳсили 2018-2019 ва намунаҳои эссе дар мавзӯъҳои мухталиф таҳия, тасдиқ ва ба омӯзгорону довталабон дастрас карда шуд. Бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм аз 26.01.2018, №02/49 ва фармоиши вазири маориф ва илм аз 29.01.2018, №239 дар синфҳои 11-и МТМУ-и ҷумҳурӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва забони таҳсил, аз 01.02.2018 то анҷоми соли таҳсил дар як ҳафта се соат дарси эссе ҷорӣ карда шуд, ки мутмаинем барои азхудкунии малакаҳои навиштани эссе басанда аст ва хатмкунандагон ин салоҳиятро аз бар намуданд. Биноан иддаои Ҳ.Боев дар хусуси он ки «…дар муҳлати ками барои омода кардани хатмкунандагон ба навиштани эссе пешбинишуда аз хатмкунандагон натиҷаи дурустро интизор шудан ғайриимкон аст» то андозае ба ҳақиқат рост намегирад.
Муҳтарам Ҳ.Боев, инчунин, таъкидан баён кардаанд, ки «…хонандагонамон қобилияти навиштани имло ва иншоро доранд, вале эссе чизе дигар аст…» 
Муаллими муҳтарам, эссе аз лиҳози мазмун ва сохт иншои кутоҳ (хурд) буда, дар баъзе ҳолатҳо он ба очерки хурди жанри журналистика наздик ва монанд аст. Ҳангоми навиштани эссе (иншои кутоҳ) амсоли иншо дар мавзӯи озод хонанда дар баёни фикр озод буда, андеша ва хулосаҳои худро доир ба мавзӯи пешниҳодшуда мухтасар ва бо далел хаттӣ ироа месозад. Эссе низ, тавре дар иншо роиҷ аст, аз муқаддима (сарсухан), қисми асосӣ (муҳокимаронӣ, баёни мухтасари фикру андеша) ва хулоса иборат аст ва фарқи эссе аз иншо дар он аст, ки ҳангоми навиштани эссе нақшаи кор хаттӣ тартиб дода намешавад. 
Муаллиф мушкилоти довталабони соли ҷорӣ, махсусан довталабони забони таълимашон ғайридавлатиро, ба истиснои мактабҳои таълимашон бо забони русӣ, дар надоштани маълумоти кофӣ дар бораи адибони ба номгӯи мавзӯъҳои эссе воридшуда медонад, ки бо ин андешаи муаллиф розӣ шуда наметавонем. Чунки аксари адибони ба номгӯи мавзӯъҳои эссе воридшуда аз тариқи фанни забони давлатӣ омӯхта мешаванд ва мувофиқи барномаи фанни мазкур шуруъ аз синфи 5 барои навиштани иншои хурд (эссе) соатҳои зиёд ҷудо карда шудааст. Ин ҷо, аслан, мушкилоте барои довталаб вуҷуд дошта наметавонад, зеро аз панҷ мавзӯи эссеи барои интихоб ба довталаб пешкашшуда сетоаш дар мавзӯъҳои озоданд ва довталаб бояд ки дар бораи онҳо маълумот дошта бошад.
Илова ба ин, муаллифи муҳтарам бояд иттилоъ дошта бошанд, ки бо назардошти ҷой доштани баъзе мушкилоту монеаҳо дар кори ҷорӣ ва роҳандозии кори хаттӣ (эссе) имсол он на дар доираи ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо, балки танҳо дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм ба роҳ монда мешавад, яъне эссеро дар имтиҳоноти марказонидаи дохилшавӣ имсол танҳо довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 3-юмро интихобкарда менависанд. Вобаста ба ин дастуру маводи дигари оид ба навиштани эссе таҳия ва нашршуда ба тамоми муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дастрас шудааст ва ба довталабон лозим аст, ки бо онҳо шинос шуда, ба навиштани эссе омода бошанд.    
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муаллиф - муаллим Ҳайталӣ Боев бори дигар изҳори миннатдорӣ менамояд, ки мазкур тавассути мақолаи худ мушкилот ва камбудӣ дар роҳандозӣ ва навиштани эссе мавҷударо ёдовар шуда, дар ин ҷода пешниҳоди хубу судмандеро ироа кардааст, ки ба ислоҳи норасоӣ ва пешрафти кор дар ин самт мусоидат хоҳанд кард. Вобаста ба пешниҳодҳои ироанамудаи муаллиф вазорат тасмим гирифтааст, ки минбаъд барои беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши тарзи навишти эссе омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумиро бо маводи таълимию методӣ таъмин намуда, ба барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилотии ақаллиятҳои миллӣ мавзӯъҳои зарурии барои навиштани эссе заруриро ворид созад.
 
Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон