ФАЪОЛИЯТ ҶОННОК МЕГАРДАД (Ҷавоб ба мақолаи«Хоҷа боғ дорӣ? Дорам! Ё мулоҳизае чанд дар атрофи Паркҳои технологии донишгоҳҳо», «Ҷумҳурият», 19.01.2018, № 15)

16-05-2018
Дар мақолаи мазкур рӯзноманигор Қурбон Аҳмадзода таҳлилу мулоҳизаҳои хешро доир ба мақсади таъсис ва то кадом андоза амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ» (21.07.2010, №629 ) дар сохтори  муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат, бурду бохти фаъолияти 8- сола дар ин самт ва таклифу пешниҳодҳояшро барои ҷоннок кардани паркҳои технологӣ баён доштааст.
Воқеан, яке аз самтҳои асосии пайдоиши шаклҳои беҳтарини ташкили ҷараёни илмӣ-истеҳсолӣ ва такони мусбати ҷиддӣ бахшидан ба фаъолияти инноватсионӣ ин бунёди паркҳои технологӣ мебошад.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ»-ро мунтазам дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ мавриди санҷишу омӯзиш қарор медиҳад. Бояд тазаккур дод, ки фаъолияти паркҳои мазкур дар ҷаласаҳои назди вазир ва мушовараҳои вазорат пайваста пайгирӣ ва баррасӣ  мешаванд. Аз 39 муассисаи таҳсилоти олии касбии мамлакат  дар 13 муассиса (дар мақола 14 муассиса зикр шудааст) - Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ, Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтепа ба номи Н. Хусрав, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишкадаи кӯҳӣ- металлургии Тоҷикистон, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон паркҳои технологӣ таъсис дода шудааст, ки онҳо дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Паркҳои технологӣ»ҳамчун шахси ҳуқуқӣ фаъолият мебаранд.
Вобаста ба шароиту имконияташон баъзе паркҳои технологӣ фаъолияти назаррас доранд. Масалан, Парки технологии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дар мувофиқа бо роҳбарияти муассисаи таълимӣ бо мақсади ҷалби бештари донишҷӯёни соҳибзавқ  ба фаъолияти илмиву эҷодӣ, ихтироъкориву инноватсионӣ ва маҳфилҳои гуногун фаъолияти худро дар соҳаҳои мухталиф ба роҳ мондааст.
Айни ҳол аз 66 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ  9 муассиса- коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи С. Айнӣ, коллеҷи технологии шаҳри Душанбе, коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан, коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ, коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М, Осимӣ, коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб, коллеҷи омӯзгории ДДХ ба номи академик Б, Ғафуров ва коллеҷи тиббии ноҳияи Рӯдакӣ (ғайридавлатӣ) пояи моддию техникиашонро ба ташкили паркҳои технологӣ мувофиқ гардонида, дар ин самт корро шурӯъ намудаанд. Аз он ҷумла, дар заминаи Парки технологии  Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  марказҳои таълимию табобатии «Ҷарроҳия», дорухонаи таълимию истеҳсолӣ,  ҷамъоварии гиёҳҳои шифоӣ ва коркарди онҳо, марказҳои таълимию истеҳсолии «Дорусозӣ», таъмири техника ва таҷҳизоти тиббӣ ва «Дандонсозӣ» амал менамоянд.
Ҳамин тавр, таъсиси паркҳои технологӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ вобаста ба шароиту имконияташон марҳила ба марҳила ба роҳ монда мешаванд. Фақат фаъолияти босамари онҳо вақт ва фидокорӣ ба касбро талаб менамояд.
 
Маркази матбуоти Вазорати маориф
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон