Хулосаи таҳрифомез аз як нишасти матбуотӣ

02-02-2018
(Ҷавоб ба мақолаи нашрияи
«Азия+» «Ректори ДТТ аз донишҷӯёни квотадор норозист, сабаб- донишашон суст», 
муаллиф С. Қароев, 24 январи соли 2018)
 
Нахуст, бояд гуфт, дар гузорише, ки аз нишасти матбуотии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ таҳия гаштааст, аз ҳарфи ректори донишгоҳ Ҳайдар Одиназода мухбир хулосаи нодуруст бароварда, изҳор медорад, ки гӯё сарвари донишгоҳ нисбат ба масъулоне, ки донишҷӯёнро тибқи квота ба хондан мефиристанд, ба сабаби он ки сатҳи дониши онҳо ба талабот ҷавоб намедиҳад, даъво намудааст. Дуруст аст, ки на танҳо барои ДТТ, балки барои ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат на миқдор, балки сифат дар ҷойи аввал меистад. Аммо он ки сатҳи саводи ҳамаи донишҷӯёни тибқи квота дохилшуда паст аст, ба ҳақиқат рост намеояд. Зеро дар байни ҷавонону духтарони имтиёздор донишҷӯёни босавод ва донишманд хеле зиёданд. Ҳамчунин, зикр карданием, ки дар асоси талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқии зинаи таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 2 июли соли 2015, №428) ва Тартиби баргузорӣ, макон ва вақти баргузории суҳбат бо довталабоне, ки ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд (фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2017, №546) қабули суҳбат бо довталабони квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар заминаи саволномаҳои аз тарафи раёсати таълим таҳиягардида баргузор мегардад. Аз гуфтаи ректор Ҳ. Одиназода чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки омӯзгорони  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар рафти қабули суҳбат ба саҳлангорӣ роҳ дода, довталабонеро интихоб кардаанд, ки сатҳи сифати донишашон паст мебошад. Қавли ректор дар бораи он ки ҳангоми чунин тарзи қабул талаботи бозори меҳнати ҷумҳурӣ ба назар гирифта намешавад, низ дуруст нест. Ҷиҳати таҳияи нақшаи қабули донишҷӯён тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид бояд кард, ки лоиҳаи нақшаи қабул дар заминаи пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо аз тарафи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда мешавад.
Оид ба қавли ректор Ҳ. Одиназода дар бораи он ки гӯё аз ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз рӯи ихтисоси технология ва таҷҳизоти  истеҳсоли нахҳои табиӣ донишҷӯ қабул карда бошанд, гуфтанием, ин бофтае беш нест, аз рӯи ихтисоси зикршуда тайи солҳои охир ба хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ягон ҷой ҷудо нагардидааст.
Дар мавриди он ки дар ноҳияҳои дахлдор хатмкунандагони тибқи квота таҳсилкардаро бо кор таъмин намекунанд, бояд гуфт, ки чунин ҳолат на дар ҳама ҷой дорад ва шояд ангуштшумор бошад. Дар масъалаи қабули донишҷӯён тибқи квотаи Президентӣ бояд гуфт, ки ин ташаббуси неки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар ин бобат дастовардҳои намоён ҳам мавҷуданд. 
 
 
Маркази матбуоти Вазорати маориф 
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон