Кино маҷбурӣ нест (Ҷавоб ба мақолаи «Чаро кинопулӣ маҷбурӣ аст?», «СССР», 26 апрели соли 2018)

14-05-2018
Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кушониён оид ба мақолаи мазкур иттилоъ медиҳад, ки дар ҳақиқат чанде пеш дар якчанд муассисаи таълимии ноҳия бо розигии падару модарони хонандагон аз тарафи ҶДММ «Суҳайл синамо» филми «Бархез, модар!»  намоиш дода шуд. Аммо дар мавриди он ки ба хонандагон чиптаи филми мазкур маҷбурӣ фурӯхта шуда бошад, далелҳо дар даст надорем. Онҳое, ки дар мақола зикрашон рафтааст, инро рад карданд. 
Воқеан,  филми «Бархез модар!» дар фестивали «Беҳтарин филмҳои Тоҷикистон» ғолиб баромада, мазмуни тарбиявӣ дорад. Аз ин рӯ, ба андешаи мо барои кӯдакон ва волидони онҳо муҳим арзёбӣ мешавад ва тамошояш ба кас завқи бадеӣ мебахшад. Мушоҳида кардем, ки баъзе хонандагони синфҳои болоӣ ҳини тамошои он гиристанд.
Маълум аст, ки солҳои охир ба кишварамон филмҳои гуногуни хориҷиро зиёд меоранд ва мардум –хурду калон вақташонро ба тамошои он сарф мекунад. Тамошои филми тоҷикӣ бошад, барои зинда гардондани урфу одатҳои миллӣ, тарбияи аҳлоқӣ манфиати бештар дорад. Бо вуҷуди ин, мутахассисони шуъбаи маорифи ноҳия ҳангоми ворид гардидани филмҳои тоҷикӣ мазмуни онро мавриди назар қарор дода, сипас, тамошояшро дар вақти берун аз дарс ба хонандагон маслиҳат медиҳанд. Аммо ба маҷбуран фурӯхтани чиптаҳо роҳ дода намешавад.
К. Нурмуҳаммадзода, мудири шуъбаи 
маорифи ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон