Консерт маҷбурӣ нест (Ҷавоб ба мақолаи бемуаллифи «Чиптаҳои консертро маҷбурӣ ба донишҷӯён мефурӯшанд», «Чархи гардун», 9 майи соли 2018)

16-05-2018
Ба таваҷҷуҳи шумо мерасонем, ки вақтҳои охир дар саҳифаҳои ҳафтаномаи «Чархи гардун» чоп шудани маводи беимзо, ки дар онҳо ҳатто ба ҷойе ё касе истинод намешавад, моро ба тааҷҷуб мегузорад. Баъзеи онҳо, ки аз сомонаҳои иҷтимоӣ гирифта шудаанд, ҳатто дар асоси далелҳои нодуруст таҳия шудаанд, аз ҷумла дар бораи шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумие, ки таҳсилашон ба забони русист.
Ба ин монанд мақолаи  «Чиптаҳои консертро маҷбурӣ ба донишҷӯён мефурӯшанд» (9 майи соли 2018) низ дар асоси хабарҳои дар сомонаҳои иҷтимоӣ ба нашр расида, ки дар навбати худ дар асоси овозаҳо таҳия гардидаанд, бе имзои муаллиф ва истинод ба манбаи ахбор чоп шудааст.
Дар натиҷа маълум гардид, ки на ҳамаи далелҳо асоси воқеӣ доранд. Чи тавре ки аз Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ректори таълимгоҳ М. Маҳмадизода хабар дод, консерти мазкур бо хоҳиши донишҷӯён ташкил шуда, дар он гурӯҳи овозадори «Ғарибшо-компания» хотири донишҷӯёну устодонро шод гардонд. Ба қавли мутасаддиён маҷбуран фурӯхтани чипта асоси воқеӣ надорад ва донишҷӯёни хоҳишманд бо маблағи 10 сомонӣ чипта хариданд ва вақти баргузории консерт бақайдгирии чиптаҳо ҷой надошт ва аксарият ба таври ройгон ба толор ворид гаштанд.
Қавли муаллифони мақола, ки гӯё раёсати донишкада дар бораи дар консерт иштирок кардани як қатор ҳунармандони номӣ эълон дода бошад, ба ҳақиқат рост намеояд, дар рӯйи чипта чи тавре ки мебинед, танҳо акси ҳунармандони он даста сабт гаштааст. Раёсати донишкада масъалаи дар давраи санҷишу имтиҳонҳо маблағ сарф кардани донишҷӯёнро низ инкор мекунад. Зеро аз соли таҳсили гузашта сессияҳои донишҷӯён тариқи тестӣ гирифта мешаванд ва таъсири шахс дар ин бобат ба дараҷаи кам расонда шудааст.
Ба таваҷҷуҳи шумо мерасонем, ки раёсати ДДХ ба номи Ғафуров, ДДҲТС дар шаҳри Хуҷанд низ дар мавриди ба донишҷӯён маҷбуран фурӯхта шудани чиптаи консертҳо онро нодуруст арзёбӣ карданд. Бо вуҷуди ин, аз тарафи раёсату шуъбаҳои дахлдори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи мазкур корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шуда истодааст.
Маркази матбуоти Вазорати маориф
 ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон