Квота ба ҳама баробар аст (Ҷавоб ба мақолаи бемуаллифи «Квота барои кист- фарзанди раис, ё духтари деҳқон?», «Чархи гардун», 2 майи соли 2018)

14-05-2018
Бояд гуфт, ки ба ин мазмун дар радиои «Озодӣ» низ маводе ба табъ расида буд. Дар ҳар ду мақола аз қавли мусоҳибон изҳори таассуф шудааст, ки ба квотаи Президентӣ дар ноҳияҳо бештар фарзандони ашхоси мансабдор соҳиб мешаванд, ҳол он ки дар ин бобат гӯё ба фарзандони оилаҳои эҳтиёҷманд имтиёз дода шудааст. Дар ҳақиқат, соли 1997 -оғози ба роҳ мондани ин ташаббуси неку инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи квотаи мазкур ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дохил намудани танҳо духтарони ноҳияҳои дурдасти кишвар буд. Сипас, бо дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонони деҳот низ ба квотаи Президентӣ шомил гаштанд. Ҳоло тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 2 июли соли 2015, №428 ҳама иштирокчиёни озмун барои дарёфти квота ҳуқуқи баробар доранд, дониш дар мадди аввал аст, танҳо тибқи боби 1, моддаи 28 «дар ҳолати баробар будани сатҳи дониши довталабон имтиёз ба ятимони кулл бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда дода мешавад». 
Тибқи иттилои мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ Н. Боқиев барои соли таҳсили равон ба ноҳияи мазкур 16 квота ҷудо гардида буд. 28 март даври ноҳиявии озмун ба таври шаффоф доир гардид ва 65 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Аз баъзе муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, чун №14, 19, 30, 32, 34, 38 ягон нафар довталаб дар озмун иштирок накарданд. Ҳамчунин, ба иттилои мудири маорифи ноҳия Н. Боқиев дар рӯйхати довталабон Мунисаи Раҷабалӣ ном хонанда, ки дар бораи ӯ дар мақолаҳои рӯзнома ва «Радиои Озодӣ» ҳарф ба миён омадааст, набуд, ҳатто ба ин ному насаб дар ноҳия хатмкунандае пайдо нашуд.
Аз ин рӯ, хуб мебуд агар муаллифон навиштаҳои худро бо факту далелҳо рӯйи саҳифа меоварданд.
Маркази матбуоти Вазорати маориф 
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон