Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бояд мушкилотро ҳал кунанд

21-02-2019
Ҷавоб ба маводи «ВМКБ. Маблағгузории сарикасӣ – мушкилоти мактабҳои деҳоти дурдаст», ки дар шумораи №118, санаи 14.06.2018 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» чоп шудааст
 
Мувофиқи моддаи 41-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як шахс ҳуқуқи маълумот гирифтанро дорад. Маълумоти умумии асосӣ ҳатмӣ мебошад. Давлат маълумоти умумии асосии ҳатмиро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ ба таври ройгон кафолат медиҳад.
Мувофиқи моддаи 13-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатӣ» бунёди хароҷоти давлатӣ барои маориф ба принсипҳои ягонагии сохтор, шакл, усул ва воситаҳои фаъолият, меъёрҳои минималии давлатии стандартҳои иҷтимоии таъминоти буҷетӣ, хароҷоти молиявӣ барои расонидани хизматрасониҳои таълимӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, асос меёбад.
Бо мақсади амалӣ гардонидани талаботи моддаҳои зикргардида ва татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2007, №505 «Оид ба тасдиқи Қоидаҳои маблағгузории меъёрии (сарикасии) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ» аз 1 январи соли 2010 сар карда дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (ба ғайр аз мактабҳои махсус ва мактаб-интернатҳо) низоми маблағгузорӣ тибқи маблағгузории меъёрӣ (сарикасӣ) амалӣ карда мешавад. Ҳадафи асосии ислоҳоти мазкур таъмин намудани тақсимоти боадолат ва шаффофи маблағҳои давлатӣ байни ноҳияҳо ва баланд бардоштани самаранокии истифодабарии онҳо мебошад. 
Пеш аз он ки буҷети мактабҳо аз тарафи мақомоти молия ба мувофиқа расонида шаванд, шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо бояд буҷети мактабҳои ноҳияро пурра ҳисоб намуда, таҳлили модели маблағгузории меъёриро гузаронанд (сабаби норасоии маблағро дар мактабҳо аниқ намоянд).
Дар сурати нарасидани буҷети баъзе мактабҳо барои пӯшонидани Фонди музди меҳнат, ки дар асоси таҳлили пешакӣ тибқи банди 2.1, мақомоти молияи шаҳру ноҳияҳо ҳуқуқ доранд, ки то 5 фоизи маблағҳои барои мактабҳо пешбинишударо дар байни чунин мактабҳо аз нав тақсим намоянд. Мақомоти молияи шаҳру ноҳияҳо дар ҳолати зиёдшавии навбатии музди меҳнат, бо мақсади пардохт намудани норасоии фонди музди меҳнат, ҳуқуқ доранд, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетии шаҳру ноҳия, ки ба ин мақсад пешбинӣ шудааст, тағйироту иловаҳоро ба буҷети тасдиқшудаи мактабҳо ворид намоянд.
Ҳамчунин, ба таваҷҷуҳи рӯзноманигор мерасонем, ки тибқи Дастурамал оид ба маблағгузории сарикасӣ маблағгузор барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ муассисаи таълимӣ мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мебошанд. Аз ин рӯ, вобаста ба масъалаи мазкур, хуб мешуд, ки масъулини рӯзнома на аз Вазорати маориф ва илм, балки аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо роҳҳои ҳалли мушкилотро пурсон мешуданд. 
 
Маркази матбуоти Вазорати
маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон