Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад...

02-04-2020
Вокуниш ба мақолаи А. Қурбонов, ки зери унвони “Наука в Таджикистане: кризис или развитие?” дар ҳафтаномаи “Народная газета” ба табъ расидааст
 
Фаъолияти илмӣ дар даврони истиқлолият тибқи талаботи ҷаҳони муосир ба роҳ монда шуда, зина ба зина дар кишвар як қатор комёбиҳо ба даст омаданд. Дар ин самт, қабл аз ҳама, пояи меъёрии ҳуқуқии фаъолияти илмию инноватсионӣ хеле таҳким ёфт. Муҳимтар аз ҳама, дар замони Истиқлолияти давлатӣ соҳаи маориф ва илм симои худро ба куллӣ тағйир дода, низоми муайянеро ба даст овард. Ҳамаи ин зери Парчами Ваҳдати миллӣ ва ормонҳои Истиқлолияти давлатӣ рушд кард ва тамоми дастовардҳои назарраси мо дар ин ҷода аз баракати соҳибистиқлолӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.
Дар мақола муаллиф ва донишманди гиромӣ А.Қурбонов вазъи илмро дар кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ҳамзамон, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ва рушди илми тоҷик диду назари худро баён доштааст. Дар ин росто, ёдовар мешавем, ки мақолаи мазкури муаллиф бо забони тоҷикӣ дар нашрияҳои соҳавии Вазорати маориф ва илм низ ба табъ расидааст ва тавре аз суҳбат бо муаллиф айён гардид, дар атрофи мақола мебоист олимони Академияи илмҳо фикру назари худро баён медоштанд. 
Бо вуҷуди ин, боиси таъкид аст, ки барои рушди илм ва соҳиб шудан ба истиқлоли комили илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои зиёде амалӣ карда мешаванд, ки дар таҳия ва татбиқи онҳо Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ саҳм мегузорад. Ба аҳли илм маълум аст, ки дар кишвар Нақшаи чорабиниҳо оид ба ташаккули низоми миллии тарбияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2016 то соли 2020 тасдиқ гардидааст, ки тибқи ин нақша Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбию илмӣ ва дигар муассисаҳо як қатор чорабиниҳоро роҳандозӣ менамоянд. Яъне, дар асоси нақшаи мазкур чорабиниҳое роҳандозӣ мегардад, ки дар асоси талаботи замони муосир тарҳрезӣ ва амалӣ гардидаанд ва барои рушди минбаъдаи илми тоҷик шароити боз ҳам созгортаре фароҳам меояд.
Вобаста ба фаъолияти шӯроҳои диссертатсионӣ ва ҳимояи рисолаҳо таъкид медорем, ки 10 феврали соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ҷаласаи якҷояи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва масъулини Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони шӯроҳои диссертатсионӣ ва ноибони ректор оид ба илм ва инноватсия баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои таъмини фаъолияти самараноки Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, танзими кори Шӯроҳои диссертатсионӣ, беҳтар ба роҳ мондани сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва тақвият бахшидан ба омода намудани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. 
Ҳамзамон, ба Комиссияи олии аттестатсионии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раисони Шӯроҳои диссертатсионӣ дастур дода шуд, ки барои таъсиси шӯроҳои нав ва муштарак доир ба дифои рисолаҳои илмӣ чораҳои мушаххас роҳандозӣ намуда, вобаста ба тақвияти фаъолияти илмӣ ва татбиқи амалии сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму техника, баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ, пурзӯр кардани талабот нисбат ба раванди таҳия ва экспертизаи илмии диссертатсияҳо чораҷӯӣ намуда, ҷиҳати омода кардани кадрҳои ҷавону баландихтисоси рақобатпазир дар бозори меҳнат, хусусан, дар самти рушди илмҳои дақиқ, техникию технологӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Ин нукта ҳам боиси таъкид аст, ки имрӯзҳо самтҳои афзалиятноки соҳаи илм мутобиқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав коркарда шуда истодааст. Ҳамзамон, ногуфта намонад, ки фаъолияти Шӯроҳои диссертатсионии назди КОА-и Федератсияи Россия ва КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назорат қарор дорад.
Инчунин, вобаста ба татбиқи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” аз ҷониби Вазорати маориф ва илм гурӯҳи кории босалоҳият таъсис ёфтааст, ки ҷиҳати таҳияи  нақшаи чорабиниҳо табирҳои судмандро роҳандӣ намуда истодаанд. 
Дар умум, он чи муаллиф дар мақола дарҷ намудааст, аксари эрод ва таклифу пешниҳодҳо қобили қабул буда, масъулини Вазорати маориф ва илм онро дар раванди фаъолияти рӯзмарра ҷиҳати рушди илми тоҷик истифода хоҳанд намуд.
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон