Мушкил ҳал мегардад

12-03-2018
(Ҷавоб ба мақолаи «Сокинони Бешкаппа кай соҳиби мактаб мешаванд?»-и Сарвиноз Шодмонова, «Ҷумҳурият», 2 марти соли 2018)

Дуруст зикр шудааст дар мақола, ки танҳо соли гузашта дар ҷумҳурӣ сохтмони беш аз 130 муассисаи таълимӣ далели равшани самти афзалиятнок будани маориф дар ҷумҳурии азизамон ба ҳисоб меравад. Маҳз таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бобат корҳои зиёд анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021» ба тасвиб расид, ки тибқи он ба ҷойи мактабҳои дар хонаҳои шахсӣ, вагонхонаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар ҳолати садамавӣ қарордошта ва дар деҳаю маҳалҳои навбунёд сохтани мактабҳо шурӯъ шуд. Дар асоси қарор аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ сохтмон ва азнавсозии 94 муассисаи таълимӣ ба маблағи 205,5 миллион сомонӣ, буҷети вилоят 144 муассисаи таълимӣ ба маблағи 2276,9 миллион сомонӣ, манбаъҳои ғайрибуҷетӣ 328 муассисаи таълимӣ ба маблағи 702,1 миллион сомонӣ дар назар дошта шудааст. Дар умум, маблағгузорӣ барои сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ дар вилоят 1 миллиарду 135,6 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки 18 дарсад аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, 20 дарсад –буҷети маҳаллӣ ва 62 дарсад бо ҷалби сармояи хориҷӣ мебошад. Дар натиҷаи амалӣ гардидани Барномаи мазкур дар вилояти Хатлон 566 бинои муассисаи таълимӣ дар деҳаҳои навбунёд, ба ҷойи мактабҳои дар биноҳои куҳна ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷойгирифта сохта мешаванд, ки боварӣ ҳаст мушкили мавҷударо хеле ҳал мекунад. 
Ҳоло дар мактаби миёнаи рақами 32 –и шаҳри Кӯлоб фарзандони аҳолии чанд деҳаи атроф таҳсил мекунанд. Соли 2015 дар деҳаи Тоқакаппа мактаби нав сохта шуд, ки як қисм хонандагонро фаро гирифт. Барои фарзандони аҳолии деҳаи Бешкаппа низ мактаб сохтан зарур аст, зеро роҳ на он қадар дур бошад ҳам, барои хонандагони хурдсол душворӣ меорад. Духтарон баъди хатми синфи 9 бошанд, таҳсилро дар мактаби деҳаи ҳамсоя бемалол идома дода метавонанд. Бо назардошти вазъи ҷойдошта дар асоси нақша дар деҳаи Бешкаппаи шаҳри Кӯлоб сохтмони мактаб ба рӯйхати иншооти сохташавандаи Фонди Қувайтӣ ворид карда шудааст, ки вобаста ба имконияти молиявӣ сохтмони он оғоз меёбад.
 
Маркази матбуоти Вазорати маориф 
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикисто