МУШКИЛИ БАРТАРАФ ХОҲАД ШУД Ҷавоб ба мақолаи «Ноҳияи Рӯдакӣ. Маҳалаи Истиқлол – 3 кай соҳиби маткаб мешавад», ки рӯзи 19-уми апрели соли 2019 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» рӯи чоп омадааст.

07-06-2019
Дар матолиби хеш муаллиф Сайёраи Аваз доир ба яке аз самтҳои афзалиятноки давлат ба ҳисоб рафтани соҳаи маориф сухан ронда, қайд мекунанд, ки «Ҳар сол ба манзури баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва ба омӯзишу парвариши фарогир ҷалб кардани наврасону ҷавонон дар шаҳру деҳоти мамлакат даҳҳо муассисаҳои наву замонавии таълимӣ бунёду мавриди истифода мегарданд».
Ҳамзамон, муаллиф дар идомаи матлаб аз ҷойҳои нишаст дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва набудани мактаб дар маҳаллаи Истиқлол – 3 -и ноҳияи Рӯдакӣ изҳори нигаронӣ менамояд.
Маврид ба ёдоварист, ки тибқи санадҳои меъёри ҳуқуқӣ тармим ва сохтани муассисаҳои таълимиро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба уҳда доранд. Аммо, бо вуҷуди ин, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола бо истифода аз таммоми сарчашмаҳои маблағгузорӣ як қатор муассисаҳои таълимӣ ва биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимиро сохта ба истифода медиҳанд.
Дар соли 2019 тибқи маълумоти омории дастрасгардида дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 244 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 70591 ҷойи нишаст идома дорад. Аз ин шумора сохтмони 37 бинои муассисаи таълимӣ барои 12446 ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкорон ва ба тариқи ҳашар сохтмони 48 бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 5659 ҷойи нишаст идома дорад. 
Вобаста ба ин, бо назардошти ҳолати ҷойдошта Вазорати маориф ва илм сохтмони муассисаи таълимиро дар маҳаллаи Истиқлол – 3 -и ноҳияи Рӯдакӣ  дар рӯйхати маҳаллаҳои навбунёд ва муассисаҳои таълимии сохташаванда ворид карда, бо пайдо шудани имконияти молиявӣ корҳои лоиҳакашию сохтмониро оғоз менамояд.
Э. Сафарзода-сардори Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон