МУШКИЛОТ БАРТРАФШАВАНДА АСТ

20-02-2019
Ҷавоб ба мақолаи «МЕҲРГОН» БА МАКТАБИ НАВ ЗАРУРАТ ДОРАД», ки октябри соли соли 2018 дар рӯзномаи «Садои мардум» рӯи чоп омадааст
 
Рӯзноманигор дар мақолаи навиштаи худ овардааст, ки «Иморати имрӯзаи мактаб соли 1989 бунёд ёфта, барои 640 нафар пешбинӣ шудааст. Директори он Маҳбуба Мирзоева зикр намуд, ки алҳол дар муассиса 804 нафар хонанда дар ду баст таълим мегиранд. Бинобар зиёд шудани теъдоди муҳассилин чанд сол боз синфхонаҳо тангӣ мекунанд. Ҳарчанд мактаб дар деҳаи Меҳргон ҷой гирифта бошад ҳам, дар он хонандагони деҳаҳои Арбобӣ, Лабисой, Алибегӣ ва Латтахорак низ мехонанд».
Вобаста ба мушкилоти ҷойдошта бояд қайд кард, ки банақшагирии сохтмони иншоот дар доираи маблағҳои мутамаркази асосӣ, тибқи қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, Вазорати маориф ва илм маблағгузории сохтмони иншооти мазкурро вобаста ба имконияти молиявӣ дар мувофиқа бо Вазорати молия ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба роҳ мемонад.
Айни замон, аз ҳисоби маблағҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои лоиҳакашии сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №105 барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи Латтахораки шаҳри Ҳисор оғоз гардидааст. Илова бар ин, ба рӯйхати пешакии иншооти сохташавандаи соҳаи маориф, ки аз ҳисоби сармоягузорони хориҷӣ ва Фонди Қувайтӣ амалӣ мегардад, сохмони 7 муассисаи таълимӣ барои 1752 ҷойи нишаст ворид карда шудааст. Бо ба анҷом расидани сохтмони иншооти мазкур мушкилот ҳал мегардад.
 
Маркази матбуоти Вазорати
маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон