Посух ба мақолаи ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» (№06 аз 11.02.2021) «Норасоии китоб. Мушкиле, ки дар садади ҳалшавӣ  қарор дорад»

19-02-2021
 
Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайи ғамхориву таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи маориф ва сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифи кишвар ба дастовардҳои беназир ноил гардид. Шурӯъ аз чопи китобҳои дарсӣ, маводи таълимӣ ва сохтмони садҳо муассисаҳои таълимии замонавӣ ва бо асбобу лавозимоти хониш таъмин кардани онҳо ин ҳама дастовардҳои маорифи кишвар дар зарфи наздик ба 30 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои ба истиқлоли миллӣ расидани кишвар дар баробари пайгирии даҳҳо масъалаи ҳалталаби соҳаи маориф, нахуст ба таҳияву нашри китобҳои дарсӣ барои зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки ба гуфти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «дар он насли ояндасози ватан ба камол мерасад», таваҷҷуҳи лозима зоҳир намуд. Натиҷаи ин ғамхориҳо буд, ки дар як муддати кутоҳ насли нави китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо назардошти хусусияту арзишҳои миллӣ рӯйи чоп омад. Ҳамин мактаби таълифи китобҳои дарсӣ, ки заминаи он дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бунёд ёфт, имрӯз фаъолияти густардаи худро идома медиҳад. Аксари он китобҳои дарсӣ, ки бори аввал ба забони тоҷикӣ таълиф шуда буданд, то имрӯз бори 3-юм ва 4-ум дар пайи ислоҳоти соҳаи маориф таҷдиди назар шудаву бо теъдоди садҳо ҳазор нусха рӯйи чоп омада истодаанд, ки ҳосили ҳамин мактаб аст. 
Бо вуҷуди ин тадбирҳои роҳандозишуда, норасоии китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва зинаҳои дигари таҳсилот баъзан дида мешавад, ки як сабаби асосии он афзоиши шумораи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аст. Тибқи маълумоти оморӣ танҳо шумораи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳар сол беш аз 60 ҳазор нафар зиёд мешавад. Танҳо дар соли таҳсили 2020 шумораи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 63 ҳазору 898 нафар афзудааст, ки ин раванд хоҳу ноҳоҳ норасоии ҷойи нишаст ва китобу лавозимоти дигари хонишро ба сифати масъалаи ҳалталаб ба вуҷуд меорад.
Ин масъалаҳо борҳо дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ низ баррасӣ шудааст ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар пайравӣ ба иқдомҳои роҳбарияти оливу сиёсии Ҳукумати кишвар чораҳои дахлдорро мунтазам роҳандозӣ мекунад. 
Қаблан бояд зикр кунем, ки дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар гуна масъалагузорӣ, пешниҳод ва маслиҳат, ки аз тариқи ВАО ба миён меояд, ҷиддан мавриди баррасӣ қарор дода мешавад ва агар танқид, пешниҳод ва маслиҳат воқеию созанда бошад, барои бартараф кардани камбудиҳои зикрёфта тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. 
Чунин як матлаб ба унвони «Норасоии китоб. Мушкиле, ки дар садади ҳалшавӣ қарор дорад» дар ҳафтавори «Ҷавонони Тоҷикистон» (11.02.2021, №06) рӯйи чоп омад ва азбаски мухбир баъзе аз нозукиҳои соҳаро дуруст сарфаҳм нарафтааст, тасмим гирифтем, ки, ки роҷеъ ба ин масъала ва тадбирҳои анҷомшуда ва иқдомоти навбатии Вазорати маориф ва илм дар оянда чанд сухане гуфта бошем.
Мухбири ҳафтанома Фарзонаи Умаралӣ матлаби худро бо иқтибосе аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар (26.01.2020) оғоз мекунад. Воқеан дар Паёми имсолаи худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз норасоии китобҳои дарсии тахассусӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва марказҳои таълимии калонсолон изҳори нигаронӣ карда, ба вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм супориш доданд, ки «...барои таҷдиди назар кардани барномаву нақшаҳои таълими касбҳои коргарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва таъмини муассисаҳои зикршуда бо китобҳои дарсӣ чораҳои заруриро ба роҳ монанд».
Аз ин иқтибос маълум мешавад, ки эроди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба норасоии китобҳои дарсӣ дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва марказҳои таълимии калонсолон тааллуқ дорад, ки воқеан ин мушкилӣ то андозае роҳи ҳал мехоҳад. Вале муаллиф дар матлаби худ баъдан мақсади ин иқтибоси овардаи худро як тараф монда, ба таҳлили норасоии китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ рӯ меорад. Чунончи, «Дарвоқеъ, имрӯз мушкили норасоии китобҳои махсусан тоҷикӣ ва русӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии миёна (?) дида мешавад ва он ҳалли худро мехоҳад». Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» зинаҳои таҳсилот – марҳилаҳои таълиму тарбия давраҳои таҳсилоти умумӣ (ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ), ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро дар бар мегиранд. Яъне, дар низоми маорифи мо на дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва на ҷойи дигар мафҳуме бо номи «таҳсилоти ибтидоии миёна» вуҷуд надорад. 
Вазъи таҳияи китобҳои дарсии тахассусӣ барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ воқеан то ҷойе нигаронкунанда аст. Ин китобҳо бояд аз ҷониби омӯзгорони ин муассисаҳо таҳия шаванд ва дар сурати мувофиқати мазмуну муҳтавои онҳо бо барномаву нақшаи таълим, синну соли хонандагон (донишҷӯён), аз ҷиҳати санитариву беҳдоштӣ (гигиенӣ) бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм тасдиқ карда мешавад. Аз он ҷумла, соли ҷорӣ якчанд маводи таълимӣ барои зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ барои ташхис ва тасдиқ ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод шуданд, пас аз арзёбии ташхисгарон ба чоп тавсия гардиданд: «Стандарти таълими таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯйи ихтисоси 3-36 11 11 «Мошиначии автокран», «Стандарти таълими таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯйи ихтисоси 3-25 01 52.02 «Хазинадор – назоратчӣ», «Стандарти таълими таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯйи ихтисоси 3-36 01 52.01 «Мошиначии кранҳои истеҳсолоти металлургӣ», «Стандарти таълими таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯйи ихтисоси 3-37- 02 53. 03 «Навбатчии стансияи роҳи оҳан», «Стандарти таълими таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯйи ихтисоси 3-50 01 55.01 «Гулдӯзи маҳсулоти бофандагӣ ва чарчинворӣ», «Стандарти таълими таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯйи ихтисоси 3-91- 51 01 «Ошпаз –қаннод».
 Барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки хонандагонро баъди таҳсилоти умумии асосӣ, яъне баъди хатми синфи 9-ум қабул мекунанд, китобҳои дарсӣ барои синфҳои 10 ва 11 тибқи дархости онҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад. Аз ҷумла, давоми солҳои 2019-2020 аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ тибқи дархости онҳо 15 525 нусха китоби дарсӣ барои сифҳои 10,11 ва барномаҳои таълим таъмин карда шудааст. 
Дар идома муаллиф ба зарурати таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, инчунин муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимоташон ба забони русӣ бо китобҳои дарсӣ руҷӯъ карда, суханони масъулини Вазорати маориф ва илмро вобаста ба тадбирҳои андешидашуда дар ҳалли ин масъала муфассал овардааст, ки дуруст аст. Аз ин рӯ, зарурати дубора овардани ин далелҳоро зарур намедонем. Танҳо илова мекунем, ки дар баробари тадбирҳои роҳандозишуда соли 2021 чопи 25 номгӯйи китоби дарсӣ ба теъдоди 235 000 нусха барои муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимоташон ба забони русӣ, 17 номгӯйи китоби дарсӣ ба теъдоди 123 000 нусха барои муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимоташон ба забони ӯзбекӣ ва 22 номгӯйи китоби дарсӣ ба теъдоди 79 600 нусха барои муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимоташон ба забони қирғизӣ ба нақша гирифта шудааст ва ин раванд дар оянда низ идома хоҳад ёфт. 
Дар ин матлаб аз номи хонандаи синфи 10-уми Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе оварда мешавад, ки гӯё омӯзгорон барои надоштани китоби дарсӣ 1 холи баҳои ҳамон фанни таълимиро кам мекунанд, ки дар асл ҳеҷ як омӯзгор чунин ҳуқуқро надорад.   
Дар мавриди норасоии китобҳои дарсии «Физика» барои хонандагони синфи 8-ум, геометрия (?), «Химия» барои синфи 9-ум ва «Ҳуқуқи инсон» барои синфи 10-ум, ки аз суҳбат бо китобдори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе оварда шудааст, илова мекунем, ки айни замон чопи нашри дуюму сеюми китобҳои «Физика» барои синфи 8-ум (бо теъдоди 170 000 нусха), «Геометрия барои синфи 9-ум (140 000 нусха) ва «Химия» барои синфи 9-ум (150 000 нусха) дар таҳрири нав идома дошта, варианти бознигаришудаи китоби дарсии «Ҳуқуқи инсон» барои синфи 10-ум аз ҷониби гурӯҳҳои экспертӣ мавриди арзёбӣ қарор дорад. Дар хусуси нигаронии хонандаи синфи 10-и ҳамин муассиса Амиралии Саидакобир, ки бо сабаби надоштани китобҳои дарсии фанҳои адабиёт, англисӣ, ҳуқуқ, таърих ва иттилоот (? чунин фанне бо номи иттилоот мавҷуд нест) садди роҳи иштироки ӯ дар олимпиадаҳо мешавад, наметавон пурра розӣ шуд. Якум, ин ки китобҳои номбаршуда то имрӯз бо теъдоди зиёда аз 150 000 нусхагӣ ду ва се маротиба нашр ва ба ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ва китобхонаҳои ҷумҳурӣ дастрас шудаанд. Дар ҳар як муассисаи таълимӣ теъдоди зарурии ин китобҳо мавҷуд аст. Ҳеҷ набошад, 5 ё 10 нусха пайдо мешавад. Дуюм, нусхаҳои электронии вариантҳои охирони ҳама номгӯйи китобҳои дарсӣ дар сомонаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.maorif.tj) ҷойгир карда шудааст, ки барои хонандагон истифодаи он ба шакли ройгон дастрас аст. Хонандагон метавонанд бо истифода аз компютер, планшет ва телефонҳои ҳамроҳ ин китобҳоро истифода кунанд.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ таҳияву нашр ва таъмини китобҳои дарсӣ ва маводди зарурии таълимро барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва зинаҳои дигари таҳсилот идома дода, барои ҳалли масоили дар ин самт қарордошта чораҳои ногузир меандешад.
 
Ф. Раҳмонзода,
мутахассиси пешбари Маркази таҳия, нашр
ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон