Посух ба се саволи хабарнигори ҳафтаномаи СССР

11-10-2021
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи «Иҷораи китоби кӯҳна чанд сомонист?» - и Исматулло Собирӣ («СССР», аз 30.09.2021, №39) ва се саволе, ки аз ҷониби хабарнигор пешниҳод шудааст, мавриди баррасӣ қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки мувофиқи «Тартиби ба иҷора додани китобҳои дарсӣ ва маблағҳои гардони он дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» нархномаи китобҳои дарсӣ баъди ба охир расидани муҳлати иҷора муайян карда мешавад.
Вобаста ба саволи рӯзноманигор иттилоъ додани ҳастем, ки дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ директори мактаб, китобдори мактаб, 1 нафар аъзои Ассотсиатсияи падару модарон ва омўзгорон бо иштироки сармуҳосиби (ё муҳосиби) шуъбаи маорифи ноҳия (ва муҳосиби мактаб) нархи китобҳои дарсии ба иҷора додашударо пас аз пурра (100%) пардохтани арзиши аслии онҳо барои иҷораи соли чорум ва солҳои минбаъда расман муайян намуда, дар асоси қарори Шўрои омўзгории мактаб бо фармони худ онро тасдиқ мекунад. 
Маблағи иҷораи соли чорум ва солҳои минбаъда дар суратҳисоби маблағҳои ғайрибуҷавии муассисаи таълимӣ монда, барои истифодаи мақсаднок сарф карда мешавад. Аз маблағҳои дар ихтиёри муассисаи таълимӣ монда 50%-и он барои пардохти музди иловагии китобдори мактаб, 30%-и он барои хароҷотҳои ба низоми иҷораи китобҳои дарсӣ алоқаманд буда ва 20% барои музди меҳнат ва дигар хароҷотҳои мутасаддиёни шуъбаи маориф, ки дар самти низоми иҷора ва маблағҳои гардони китобҳои дарсӣ фаъолият дорад, сарф карда мешаванд. Ин маблағ ба таври расмӣ дар муассисаи таълимӣ ва шуъбаи маориф қайд гардида, дар ҳуҷҷатҳои муҳосибавӣ дарҷ карда мешаванд. 
Нархи иҷораи китоб дар соли чорум ва солҳои минбаъда набояд аз 50%-и нархи иҷораи соли сеюми муайянкардаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд бошад. Маблағҳои иҷораи китобҳои дарсӣ, ки дар муассисаҳои таълимӣ ҷамъ карда мешаванд, бевосита ба таври ғайринақдӣ ба суратҳисоби маблағҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути директор, сармуҳосиб ё китобдори муассисаи таълимӣ интиқол дода мешаванд. Нигоҳдории маблағҳои ҷамъшуда дар суратҳисоби махсуси раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо дар Хазинадории мақомотҳои маҳаллӣ набояд аз 10 рўзи бонкӣ зиёд тўл кашад.
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон