Сенариясозон ё чӣ гуна аз воқеаи муқаррарӣ фоҷиа сохтанд

04-05-2018
Вокуниш ба як мақолаи «Озодӣ» бо номи
«Занозании гурӯҳии мактабхонҳо дар Душанбе», 3.05.2018
 
 Ба сабки навиштаву хулосаи баъзе хабарнигорон ҳайрон мешавад кас. Аввало, тоҷик дар ягон давр «пойи касе ба ҷойе кашид» нагуфтааст, «ба ягон ҷо афтид, афтида монд, гузораш афтид» мегуфтагистанд. Инак, ҷумлаи аввали мақолаи «Озодӣ» -ро мутолиа кунед: «Як муноқишаву занозанӣ байни ҷавонону мактаббачаҳои шаҳри Душанбе пойи якеро ба бемористон ва севумиҳоро ба пулис кашид». Аслан ба услуби хому ғайрианъанавию ғайритоҷикии навиштаи мазкур коре надоштем, бигзор ҳар тавре хоҳанд нависанд, ин услуби «Озодӣ»-ист. Аммо мазмуни навишта моро бетараф гузошта наметавонад. Зеро бо ҳадафи ғаразноки хеш хонандаро ба иштибоҳ меандозад. Асли воқеа чунин аст, ки охири моҳи гузашта чанд нафар наврас дар пойтахт муноқиша карда, дар натиҷа яке захмдор мешавад. Чунин ҳодиса дар байни ҷавонон дар ҳама давру замон, ҳар гуна давлату давлатдорӣ дар ақсои олам ба чашм мерасиду мерасад. Аммо бинед, ки аз ин як ҳодисаи, албатта, мағшуши   муқаррарӣ хабарнигорон чӣ гуна хулосаи гӯё «иҷтимоиву сиёсӣ» баровардаанд: «Таҳлилгарон бадҷаҳлу ҷангҷӯ шудани хонандагони макотибро дар зери (?) муҳити саросар аз таблиғи хушунату куштор мондани онҳо медонанд». Ин ҷумлаи чун аввала бемантиқу таҳрирталаб низ суолҳои дигарро ба миён меорад: чӣ гуна як наврас «бадҷаҳл ё ҷангҷӯ» мешудааст? Охир, ин ҳолат танҳо дар натиҷаи норасоиҳои равонӣ рӯй доданаш мумкин аст, кӯдак аксар вақт метавонад шӯх, беодоб бошад, аммо калимаи «ҷангҷӯ», ки маънии васеъ дорад, нисбат ба ҳодисаи зикршуда наметавонад истифода шавад. Ҳамчунин, «муҳити саросар аз таблиғи хушунату куштор» дар куҷост? Наход Душанбеи нисбатан ороми мо ба ин дараҷа расидааст? Ҳамин тавр, маълум мегардад, ҳадаф як аст: воҳима ва тарсу ҳарос андохтан дар ҷомеа. Кормандони «Озодӣ» ва баъзе воситаҳои ахбору шабакаҳои иҷтимоӣ тибқи дастуру нишондодҳои хоҷагони худ амал карда, мехоҳанд аз воқеаи хурде фоҷиае сохта пешниҳод кунанд ва бо ин дар ҷомеа норозигӣ ба вуҷуд оварда, хараҷу мараҷ ба миён оранд ва худ тамошобин шуда, боз аз ҳамон майдонҳои муҳорибаву хушунат «репортажҳо» таҳия намуда, эътибори худро баланд бардошта, доираи хонандагону шунавандагонашонро васеъ намоянд.
Чи тавре аз муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами 101-и ноҳияи Синои пойтахт хабар доданд, дар ҳақиқат, дар маҳаллаи 103-и пойтахт чанд нафар хонандаи синфҳои болоии ин таълимгоҳ байни ҳам ҷанҷол карда, якеашон бар асари захми корд ба беморхона бистарӣ гаштааст. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба зудӣ ба ҷойи муноқиша ҳозир шуда, бетартибиро хомӯш карданд. Аслан гиред, як воқеаи муқаррарии рӯзгорист, ки дар шаҳрҳои калон чун Душанбе рӯй доданаш ҳамеша имкон дорад. Дар мамлакатҳои мутараққӣ аз ин фоҷиа намесозанд. Аммо баҳри пешгирии он ва кам кардани таъсири манфии он чораандешӣ менамоянд.  Гузашта аз ин, воқеа соати 9-и шаб рух додааст ва табиист, ки ин замон иштирокчиёни он мебоист дар назди волидайн мебуданд, на дар кӯча. Дар соати 9-и шаб ҳам шаҳрванд (ноболиғ, ҷавон) хонандаи мактаб аст магар, ки ҳамеша дар сарлавҳаю зерсарлавҳаҳо ишора ба «мактаб» ё «хоандаи мактаб» мекунед? 
Ҳамин тавр, хабарнигорони ҷавон ва бетаҷрибаи «Озодӣ» шояд ба дастури касе корашон фақат дарёфти чунин ҳодисаҳои муқаррарии ҳаёт аст, ки барои сиёҳ кардани ҷомеае зарур аст.
Маркази матбуоти Вазорати маориф
 ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон