ТАҲЛИЛҲО ТО КУҶО ҲАҚИҚАТ ДОРАНД? (Вокуниш ба матлаби ҳафтаномаи «Азия+» зери унвони «Ришваситонии дастаҷамъӣ» аз 15 феврали соли 2024, №6)

23-02-2024
Масъалае, ки дар ҳафтанома дар заминаи пурсиши сотсиологии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳру ноҳияҳои кишвар мавриди баррасию қазоват қарор гирифтааст,  бо муҳимияти худ дар самти пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, аз ҷумла, маориф ва илм қобили таваҷҷуҳ мебошад. Воқеан, фасод ва фасодзадагӣ аз амалҳои номатлубест, ки мубориза бо он аз тамоми қишрҳои ҷомеа ва мақомоту идораҳои давлатӣ фаъолияти дастаҷамъонаро тақозо мекунад ва дар ин самт аз ҷониби Ҳукумат ва Давлат ва вазорату кумитаҳо, агентиҳо мунтазам корҳои назаррас анҷом дода мешаванд. Бо вуҷуди ин, амалҳои ришваситонӣ чун дар тамоми мамолики ҷаҳон, дар мақомоту идораҳои давлатӣ ба масобаи як бемории бардавом ба мушоҳида мерасад ва ин ҳолатро касе рад намекунад. Вале тавре ки борҳо дар посух ба маводу матолиби расонаҳои гуногун дар иртибот ба ин мавзуъ таъкид ва хотиррасон карда будем, аз мушкили мазкур набояд ба ҳеҷ ваҷҳ яктарафаю сатҳӣ ва бедалелу рақамҳои мушаххас ҳангомаю ҳамҳама бардошт ва аҳли ҷомеаро ба сардаргумӣ мувоҷеҳ сохт. Бояд гуфт, ки соҳаи маориф ва илм дар байни дигар соҳаҳо калонтарину муҳимтарин ба шумор меравад ва маълум аст, ки бо вуҷуди андешидани тадбирҳои зиёд дар боби беҳтар гардидани раванди таълиму тарбия, дар ин ҷода мушкилиҳои фаровон мавҷуданд. Ҳалли ин масоил ва рафъ намудани камбудию норасоиҳо кори якрӯзаву дурӯза нест ва аз ҳар як фарди ҷомеа масъулият талаб менамояд. 
Дар матлаби нашрияи «Азия+» омадааст, ки вазъи кунунии соҳаи маориф вобаста ба фасоду фасодзадагӣ дар 15 шаҳру ноҳия аз 1200 нафар намояндаи соҳа мавриди пурсиш қарор дода шудааст. Мо ба ин пурсишу бардошт ва таҳлилҳои сотсиологӣ зид нестем, вале як нуктаро ба назар бояд гирифт, ки дар соҳаи маориф тақрибан 3 миллион нафар фаъолият доранд ва бо тамоми сохторҳои ҷомеа дар иртиботанд. Гузаронидани назарсанҷӣ миёни 1200 нафар, ки 0,04%-и аҳли маорифи кишварро ташкил медиҳад, наметавонад вазъи феълӣ ва куллии соҳаро бозгӯ намояд. Ва аз 1200 нафар хонандаю падару модар ва омӯзгороне, ки мавҷуд будани амали фасодзадагӣ дар соҳаи маориф аз онҳо пурсида шудааст, 40 фоизашон ин амали номатлубро ба сабаби дар минтақаашон ба мушоҳида гирифтан эътироф кардаанд. Пурсида мешавад, ки магар ҳамин теъдоди пурсидашудагон бо изҳори нуқтаи назари умумию бедалел амали фасоду фасодзадагиро дар соҳа мушаххас ва исбот карда метавонанд? Мусаллам аст, ки соҳаи маориф фаъолияти пурвусъати муассисаҳои таълимиро дар зинаҳои гуногуни таҳсилот зери назорати пайваста қарор медиҳад ва дар ин соҳа солҳо боз ислоҳоту дигаргуниҳо ворид карда мешаванд. Ва тавре болотар зикр намудем, дар ин зинаҳои таълимӣ ҳоло ҳам баъзе камбудиву норасоиҳо ба мушоҳида мерасанд. 
Дар матлаби таҳлилӣ зикр шудааст, ки як роҳи густариш ёфтани фасод дар соҳаи маориф фурӯши китобҳо аз ҷониби устодону омӯзгорон маҳсуб меёбад. Ин масъала низ номуайяну норавшан ба чашм мерасад, зеро дар ин маврид дақиқан муайян карда нашудааст, ки пурсидашудагон аз фурӯши кадом китобҳо ҳадс мезананд? Агар манзури эшон китобҳои дарсӣ бошад, пас ин раванди маъмулӣ ва дар айни ҳол, сабуку осонтаре баҳри ба таври муназзам ва одилона таъмин намудани хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ мебошад, ки дар ин бобат ҷуз ғавғою ҳангома ҳеҷ нафаре роҳи алтернативии таъминоти мактабиёнро бо китобҳои таълимӣ ба гунаи амиқу сареҳ пешниҳод накардааст. Дар ин пурсиш низ қазоват сатҳӣ ва бедалел буда, ҷуз суханҳои хушку умумӣ нуктаи дигаре ба мушоҳида намерасад. Дар навишта қайд шудааст, ки як гурӯҳ пурсидашудагон (донишҷӯён ва кормандони соҳа) сатҳи фасодро дар соҳаи маориф бо дигар сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла, мақомоти гумрук ва андоз ба муқоиса гирифта, ба таври қотеъона хулоса мекунанд, ки ин амал дар мақомоти соҳаи маориф бештар ба назар мерасад. Аввал ин ки дар ин пурсиш боз ҳам далели мушаххас мавҷуд нест, сониян, чӣ тавр метавон дараҷаи фасодро дар ину он идораву мақомот ва вазоратхонаҳо равшану бармало намуду дар қиёс бо он сохторҳо маорифро муҷрим, яъне фасодзада ҳисобид? 
Ҳолатҳои вуҷуд доштани фасодро пурсидашудагон бештар дар донишгоҳҳову муассисаҳои томактабӣ мебинанд. Бояд хотиррасон кард, ки донишгоҳҳову муассисаҳои томактабӣ тибқи Низомномаи вижа масоили молиявиро дар доираи қонун пешниҳод мекунанд. Таъкиде, ки дар муассисаҳои мазкур ҳолатҳои ришваситонӣ бо ину он сабаб ба мушоҳида расидаанд, ҳаргиз маънои куллан фасодзада будани соҳаро надорад. Ҳодисаҳои ҷузъӣ бе шакку шубҳа на танҳо дар ин самт дар соҳаи маориф мавҷуданд, балки дигар соҳаҳо низ аз ин ҳолатҳо дар канор нестанд. Аммо аз баъзе амалҳои марбут ба фасодзадагӣ ҳангома бардоштан ҳеҷ гоҳ ба суду манфиати кор нахоҳад буд. 
Боиси зикр аст, ки дар аксари муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар бо мақсади роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ барои арзёбии донишу маҳорати донишҷӯён журнал ва ведемостҳои электронӣ истифода гардида, натиҷаи баҳогузории ҳаррӯзаи устодонро донишҷӯён метавонанд аз саҳифаи махсуси худ бубинанд. Ҳамчунин, барои таъмини объективият ва рушди фардии донишҷӯён дар донишгоҳҳо порталҳои электронӣ амал мекунанд, ки донишҷӯёнро сари вақт бо маводҳои иттилоотиву методӣ таъмин менамоянд. Чунин тарзи идоракунӣ ва арзёбии иттилоотӣ дар аксари муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ба роҳ монда шудааст, ки омили таъсиррасон дар кам гардидани амалҳои хусусияти коррупсионидошта мебошад.
 Ҳамин нуктаро метавон вобаста ба муассисаҳои томактабӣ ҳам иброз дошт. Дар мақола гуфта мешавад, ки барои ба вуҷуд омадани фасоду фасодзадагӣ сарварони худи кӯдакистонҳо мусоидат мекунанд. Инкор намекунем, ки имрӯз талабот баҳри ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ хеле зиёд гардидааст ва табиист, ки падару модарон саъйю талош ба харҷ медиҳанд, ки фарзандонашонро ба кӯдакистонҳо (аз ҷумла, муассисаҳои томактабии хусусӣ) супоранд. Аммо дар бештар маврид масоили қабули ҳуҷҷатҳои тарбиятгирандагон ва анҷом бахшидани дигар корҳои расмӣ тибқи қонунгузорӣ сурат мегирад. Он волидоне, ки ба кадом як талабу пешниҳоди (гӯё!) масъулони кӯдакистон дар қиболи қабули фарзандонашон ба кӯдакистон розӣ мешаванд, аслан худ гунаҳкоранд, ки ба шартҳои ғайриқонунии кормандони кӯдакистонҳо садгузорӣ намекунанд. Пурсида мешавад: чаро чунин ҳолатҳоро мушоҳида карда, он падару модарон ба мақомоти зидахл, аз ҷумла, Вазорати маориф ва илм муроҷиат намекунанд? 
Сабабу омили асосии даст задан ба амалҳои коррупсиониро таҳиягарони матлаб (ва онҳое, ки ин тадқиқоти сотсиологиро гузарондаанд) дар ночиз ва нокифоя будани музди меҳнати кормандони соҳаи маориф (устодону омӯзгорон) мебинанд. Воқеан, бо вуҷуди мушкилиҳои мавҷуда, сатҳи зиндагӣ ва дараҷаи некуаҳволии кормандони соҳаи маориф тадриҷан беҳтар гардида, бо иқдом ва дастури Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола маоши омӯзгорону устодон зиёд карда мешавад. Бо фармони Сарвари давлат шуруъ аз моҳи июли соли равон музди меҳнати кормандони соҳаи маориф боз ба андозаи 40 фоиз зиёд карда хоҳад шуд. Ва ин дар ҳолест, ки ду сол пайи ҳам бо дастури бевоситаи Пешвои миллат музди маоши кормандони соҳа ба андозаи бист фоизӣ зиёд гардида буд. Силсилаи ин иқдомот бори дигар гувоҳӣ аз он медиҳад, ки маоши кормандони соҳаи маориф сол то сол беҳтар шуда истодааст ва сатҳи коррупсия низ дар соҳа нисбат ба солҳои қаблӣ агарчӣ пурра аз байн нарафта бошад ҳам, хеле паст гардидааст. Ин ҳама кӯшишу талошҳои Пешвои миллатро нодида гирифтану ривоҷи фасодзадагиро ба ин омил вобаста кардан ба ҷуз камоли беинсофӣ ва яктарафа баҳогузорӣ намудан ба масъалаи мавриди назар чизи дигаре наметавон унвон кард. 
Масъалаи дигаре, ки пурсидашудагон матраҳ намудаанд, ҷамъоварии маблағ дар вақти таътили тобистона барои таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ аз волидони хонандагон бо пешниҳоди сарварони таълимгоҳҳо мебошад. Дарвоқеъ, ҳамасола ҳангоми ба анҷом расидани соли таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ таъмири синфхонаҳою роҳравҳо, рангубори мизу курсӣ ва биноҳои таълимӣ оғоз мегардад. Аслан ин масъала низ шарҳу тавзеҳталаб аст, зеро баҳри анҷом додани таъмири таълимгоҳҳо раёсату шуъбаҳои молияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ масъулу муваззаф мебошанд. Аммо ин ки бо мақсади таъмиру тармим маъмурияти таълимгоҳҳо маблағи муайяне аз волидони хонандагон ҷамъ меоранд, ҳаргиз нишонаи фасоду фасодзадагӣ набуда, ин тадбир дар доираи ҷаласаи муштараки раёсати мактабҳо бо кумитаи падару модарон (ё АВО) низ дар доираи қонун роҳандозӣ мегардад ва мушоҳидаҳо бозгӯйи онанд, ки шаҳрвандони ҷумҳурӣ ихтиёран, бо мақсади дастгирӣ кардани омӯзгорон ба ин масъала муносибат мекунанд. Факту далелҳое, ки дар тадқиқоти мазкур оварда шудааст, воқеият надошта, нуқтаи назари чанд нафар ва ба гумроҳӣ кашидани хонанда, хусусан, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ асту халос.
Ҳамин тавр, дигар андешаву назарҳои пурсидашудагон дар хусуси ҷой доштани ҳодисаҳои коррупсионӣ ҳангоми ташкил ва баргузории олимпиадаҳои фаннӣ, озмунҳои гуногун, тақсимоти квотаҳои Президентӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва ҷамъоварии маблағ аз хонандагон ҳангоми ба муассисаҳои таълимӣ ташриф овардани гурӯҳҳои санҷишӣ (номи ин мақомот оварда шудааст) ба ҷуз ҳубоби рӯйи об чизи дигаре набуда, ин гуна ҳолатҳо аз ҷониби пурсидашудагон бо далелҳои муътамад мушаххас карда нашудааст. Мо борҳо гуфтему боз ҳам хотиррасон мекунем, ки мавҷудияти чунин вазъу ҳодисот ва амалҳои номатлубу ногуворро дар соҳаи маориф рад намекунем, вале аз баъзе мушоҳидаю бардоштҳо натиҷагирӣ намудану хулосаи қотеъона баровардан, ки соҳаи мазкур фасодзада мебошад, мунсифона набуда, баръакс, афкори пурихтилоф ва бепояро дар байни аҳли ҷомеа ба вуҷуд меорад.
Ҳол он ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муборизаи бо коррупсия мунтазам чораҳои судманд менадешад. Дар асоси «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025)», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.08.2021, №222 тасдиқ карда шудааст, Барномаи зиддикоррупсионии соҳаи маориф нақшаи чорабиниҳои зиддикоррупсионии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расида, ҳуҷҷатҳои мазкур дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонида шудаанд.
Бояд таъкид кард, ки дар ин самт роҳбарияти Вазорати маориф ва илм баҳри амалисозии нақшаву барномаҳои ҷадид пайваста иқдомҳои тозаро роҳандозӣ менамояд. Гумон мекунем, ғамхорӣ, тадбирандешӣ ва ташаббусҳои мазкур ба бартараф намудани мушкилоти мавҷуда мусоидат менамоянд. Дар баробари ин, моро зарур аст, ки дар муқовимат бо коррупсия дастаҷамъона мубориза барем.