ТАВАҶҶУҲ! ТАВАҶҶУҲ! ТАВАҶҶУҲ!

30-03-2023
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки навори тайи чанд соати охир дар шабакаҳои иҷтимоии Инстаграм ва Фейсбук пахшгардида, ки дар он муноқишаи ду зан сабт ёфта, гӯё модари хонанда дар муассисаи таълимии №14-и ноҳияи Шаҳринав бо муаллима муноқиша ва ӯро латукӯб мекунад, асоси воқеӣ надорад.
Қайд бояд кард, ки дар назди муассисаи таълимии №14-и ноҳияи Шаҳринав дар паҳлуи роҳ ҷойи нишаст барои истироҳати сокинон - айвонча (беседка) сохта шудааст, ки ба ҳудуди муассисаи таълимӣ дохил намешавад. Ду нафар сокинони ноҳияи Шаҳринав, ки қаблан хусумати шахсӣ доштаанд, дар он ҷо вохӯрда бо ҳам муноқиша намудаанд. Ин хабарро котиби матбуотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Маҳмадзода низ тасдиқ намуд. Номбурда афзуд, ки нисбати ин ду нафар аз ҷониби шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шаҳринав чораҳои қонунӣ андешида шуд.
Вазорати маориф ва илм аз тамоми сокинони кишвар хоҳиш менамояд, ки ба хабарҳои дурӯғу беасос, ки мавқеи омӯзгорро дар ҷомеа паст мекунанд, бовар накунанд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон