Вазорат омода аст барномаҳоро таҳия намояд

18-02-2019
Ҷавоб ба пешниҳоди сокини шаҳри Бохтар М. Азизова, ки 3-юми сентябри соли 2018 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» рӯи чоп омадааст.
 
Шаҳрванд М. Азизова дар пешниҳоди худ қайд намудааст, ки «Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар иртибот ба дигар ниҳодҳои илмию фарҳангӣ бо ҷалби мутахассисони варзида, шахсиятҳои маъруфи соҳа барномаҳои махсуси видеоиро омода ва сабт намояду дастраси муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гардонанд. Масалан, агар дар соли равон бахшида ба 400-солагии Миробид Сайидои Насафӣ ва 500 – солагии Наҷмиддини Кавкабӣ ин гуна барномаҳоро таҳия кунанд, аз аҳамият дур нест».
Ба шаҳрванд М. Азизова барои ғамхорӣ ва пешниҳодашон ҷиҳати тарбияи насли наврасизҳори сипос намуда, ҳамзамон, ба таваҷҷуҳи эшон мерасонем, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ пайваста нақшаи баргузории чорабиниҳоро таҳия ва омода намуда, барои баргузории онҳо дар сатҳи баланд ба роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ дастуру супоришҳо медиҳад.
Ҳамасола дар ҷумҳурӣ бо ибтикори вазорат машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо баргузор карда мешаванд. Инчунин, Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо шабакаҳои телевизионӣ барномаҳои махсуси таълимию тарбиявиро таҳия менамояд, ки дар онҳо хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ иштирок менамоянд. 
Пешниҳоде, ки М.Азизова манзур кардааст, бояд аз ҷониби Кумитаи телевизион ва радио ва шабакаҳои телевизионӣ ба инобат гирифта шавад ва дар сурати зарурат Вазорати маориф ва илм омода аст, ки ҷиҳати таҳияи ин гуна барномаҳо мусоидат намояд. 
 
 
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва
илми Ҷумҳурии Тоҷикистон