ВОКУНИШ БА ГУЗОРИШИ “РАДИОИ ОЗОДӢ” ЗЕРИ УНВОНИ “МАКТАБЕ БО ЯК СИНФ ВА 14 ТАЛАБА”

16-05-2023
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон матлаби аз ҷониби “Радиои Озодӣ” нашршударо таҳти унвони “Мактабе бо як синф ва 14 талаба” мавриди баррасӣ қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки бо мақсади санҷиши далелҳои дар он дарҷшуда зери роҳбарии муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, муассисаи таҳсилоти ибтидоии №102-и деҳаи Ёси ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат мавриди санҷиш қарор дода шуд.
Бояд зикр кард, ки муассисаи таълимии №102 дар деҳаи Ёси Ҷамоати деҳоти Ромит аз маркази шаҳри Ваҳдат дар масофаи 27км ҷойгир буда, он тибқи қарори раиси шаҳри Ваҳдат аз 12.07.2011, №1053 фаъолият дорад. Муассиса қаблан дар хонаи истиқоматии Холов Нуралӣ Буриевич фаъолият мекард. Ҷиҳати иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар машварати корӣ бо фаъолони вилояти Хатлон 24 феврали соли 2022 баён доштанд, соли 2022 бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва ҳашари дастаҷамъонаи сокинон бинои нави муассиса (бо ду синфхона ва роҳрав) сохта ба истифода дода шуд. Айни ҳол дар муассиса 14 нафар хонандаи синфҳои 1-4 дар синфи камнуфус (мактабҳои дар деҳот ташкилкардашуда, ки теъдоди хонандагони ҳамаи синфҳояш аз меъёр каманд; мувофиқи банди 40 ва 41-и Низомномаи намунавии мактабҳои камнуфус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.07.2013, №12/7 тасдиқ шудааст) ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ёдовар бояд шуд, ки дар деҳаи Ёси ҷамоати деҳоти Ромит 26 хоҷагӣ, аксари хонандагон баъди хатми синфи 4 дар муассисаҳои таълимии №№10,20,74 ва 76 таҳсилро давом медиҳанд.
Зимни боздиди гурӯҳи кории вазорат аз муассисаи таълимӣ ва шиносоӣ ба фаъолияти он маълум гардид, ки раванди таълим дар муассиса мунтазам идома дошта, 14 нафар хонанда дар дарс иштирок доранд ва ба онҳо як нафар омӯзгор (Фарзона Ашурзода) дарс мегӯяд. Хонандагон ба китобҳои дарсӣ ва ашёи таълим таъмин мебошанд.
Гурӯҳи корӣ зимни таҳлили фаъолияти муассиса пешниҳод намуд, ки бинобар сабаби ҷавобгӯ набудани муассиса ба талаботи муассисаи таълимӣ он ба филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72 табдил дода шуда, шуруъ аз соли нави хониш тибқи Низомномаи намунавии мактабҳои камнуфус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он синфи камнуфус барои хонандагони синфҳои 5-8 ташкил карда шавад.
Дар рафти боздиди гурӯҳи корӣ маълум гардид, ки айни замон бинобар сабаби кам будани шумораи хонандагон сохтмони бинои нави муассиса мувофиқи мақсад нест. Дар оянда дар сурати афзоиши шумораи хонандагон сохтмони бинои нави муассиса аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ба инобат гирифта хоҳад шуд.
Ҳамзамон, дар суҳбат бо масъулин муовини вазири маориф ва илм дар қатори баррасии натиҷаи санҷиши гурӯҳи корӣ ва гузориши “Радиои Озодӣ” доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омоданамоии мутахассисони босаводу донишманд ва истифодаи усулҳои нави таълим ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, иқдомҳои роҳандозишуда аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, татбиқи барномаҳои давлатӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва чанде дигар ёдовар шуда, инчунин, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ошкоршуда аз ҷониби гурӯҳи кории вазорат супоришҳои мушаххас дод. Дастур дода шуд, ки камбудиҳои ошкоршуда давра ба давра бартараф карда шаванд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон