ВОКУНИШ БА МАҚОЛАИ ҲАФТАНОМАИ "ПАЙК" ЗЕРИ УНВОНИ "ҶАЙҲУН: ТАМАЪКОРИИ МУДИРИ МАОРИФ АЗ ДИРЕКТОРОНИ РОНДАШУДА"

23-05-2023
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун матлаби аз ҷониби ҳафтаномаи "Пайк" дар шабакаи иҷтимоии фейсбук нашршударо таҳти унвони "Ҷайҳун: тамаъкории мудири маориф аз директорони рондашуда" - ро мавриди баррасӣ қарор дода, иттилоъ медиҳад,  дар асоси нақша - чорабинии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 2022 аттестатсияи ғайринавбатии директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Ҷайҳун баргузор карда шуд. Намояндагии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун низ дар раванди аттестатсия иштирок намуд.
      Дар асоси хулосаи комиссияи аттестатсионӣ 14 нафар директорони муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷайҳун, аз ҷумла 5 нафар бинобар мувофиқат накардани собиқаи корӣ, 3 нафар ғайри ихтисоси омӯзгорӣ ва 6 нафар бинобар сабаби холи гузаришро соҳиб нашудан аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод карда шуданд. Дар асоси розигии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ муҳлати иҷроиши натиҷаи аттестатсия тамдид карда шуда, моҳи майи соли равон ба ҷойи директорони аз вазифа озод карда шуда кадрҳои нав таъин ва вобаста карда шуданд.
      Ҳангоми баррасии мавод ва тибқи баёноти директорони аз вазифа озодшуда зимни баргузорӣ ва баъди аттестатсияи директорон ягон ҳолати тамаъкорӣ аз ҷониби мудири шуъбаи маориф ва кормандони соҳа ҷой надошта, директорон ин масъаларо дар шаҳодати хеш тасдиқ накарданд.
       Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун маълум менамояд, ки раванди аттестатсияи директорони муассисаҳои таълимӣ шаффоф ҷараён гирифта, амалишавии онро мутобиқи моддаи 35 ва 36-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" баррасӣ ва татбиқ менамоем. Ҳамзамон, назоратро аз болои фаъолияти соҳа, иҷроиши барномаву стратегияҳо ва санадҳои меъёрии соҳаи маориф ба назорат гирифта, амалӣ мегардонад.
     Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун доимо навиштаҳои рӯзноманигорон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоиро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ қарор медиҳанд. Дар баробари ин аз намояндагони васоити ахбори омма хоҳишмандем то ба нашр расонидани маводҳо ҷиҳати таҳқиқи масъала бо мақомоти маҳаллӣ дар иртиботи наздик бошанд, то воқеият муайян ва расонаӣ карда шавад.


Бахдавлатзода Г. Б.
Муовини раиси ноҳияи Ҷайҳун