ВОКУНИШ БА МАҚОЛАИ ҲАФТАНОМАИ “ПАЙК” ЗЕРИ УНВОНИ “МАОРИФ БЕ МУДИР, МАКТАБҲО БЕ ДИРЕКТОР МОНДААНД”

19-05-2023
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон матлаби аз ҷониби ҳафтаномаи “Пайк” дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук нашршударо таҳти унвони “Маориф бе мудир, мактабҳо бе директор мондаанд” мавриди баррасӣ қарор дода, иттиллоъ медиҳад:
Тибқи бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар машварати корӣ бо фаъолони вилояти Хатлон 24 феврали соли 2022 баён доштанд, моҳҳои ноябр ва декабри соли 2022 аттестатсияи ғайринавбатии директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣбаргузор гардид. Аттестатсияи мазкур дар шаҳри Кӯлоб низ гузаронида шуда, дар асоси хулосаи комиссияи аттестатсионӣ директороне, ки аз аттестатсия нагузаштаанд, бояд то 1-уми марти соли 2023 аз вазифа озод ва ба ҷойи онҳо нафарони арзанда таъин карда мешуданд. Бо дархости мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар муҳлати аз вазифа озод намудани директороне, ки аз аттестатсия нагузаштаанд ва ба ҷойи онҳо таъин намудани нафарони арзанда то 1-уми майи соли 2023 тамдид карда шуд. Ҳамзамон, ёдовар мешавем, ки мутобиқи банди 36-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” мақомоти маҳаллии идоракунии маорифваколати таъини роҳбарони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумиро дар мувофиқа бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дорад на Вазорати маориф ва илм.
Вазорати маориф ва илм ду маротиба ба Мақомоти иҷроияи ҳокимиятидавлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати пешниҳоди номзадҳо ба вазифаи мудири шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб мактуб ирсол намуд. Аз номзадҳои пешниҳодшуда аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб номзади мувофиқинтихоб гардида, рӯзҳои наздик ба вазифаи мудири шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб таъин карда мешавад.
Вазорати маориф ва илм пайваста навиштаҳои рӯзноманигорон, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро мавриди омӯзишу корбарӣ қарор дода, таклифу пешниҳодоти судмандро дар фаъолияти рӯзмарраи худ мавриди истифода қарор медиҳад. Дар баробари ин, аз намояндагони ВАО, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ хоҳиш карда мешавад, ки дар сурати пайгирӣ намудани масъалаҳои соҳаи маориф ва илм бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии батанзимдарорандаи соҳа шинос гарданд ва ё ба рақами телефони боварии Вазорати маориф ва илм 227-76-86 дар тамос шаванд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон