Вокуниш ба мақолаи “Ҷайҳун: Чаро ваъдаи мактабсозӣ ҷомаи амал напӯшид?!” – и Муҳаммад Сайдвалӣ, (“Ҷумҳурият”, аз 07.07.2021, №135)

16-07-2021
 
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи “Ҷайҳун: Чаро ваъдаи мактабсозӣ ҷомаи амал напӯшид?!” – и Муҳаммад Сайдвалӣ, ки дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз 07.07.2021, №135 нашр гардидааст, мавриди омӯзиш қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки сохтмони муассисаи таълимӣ барои 624 хонанда дар шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори раиси вилояти Хатлон аз 20 марти соли 2007, №86 оғоз гардидааст. Лоиҳаи сохтмони муассисаи таълимӣ барои 624 хонанда дар шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун аз ҷониби ҶСК “Шаҳрофар”-и шаҳри Душанбе лоиҳакашӣ гардида, арзиши лоиҳавии иншоот 21 млн. 35,7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки сохтмони иншооти мазкур аз ҷониби Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукумати”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, ба андозаи 4 млн. 280 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуд. Баъдан сохтмони иншооти нотамоми мазкур ба тавозуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон гузаронида шуда, барои идомаи сохтмони иншооти нотамом аз ҳисоби буҷети вилояти Хатлон 5 млн. 694 ҳазор сомонӣ равона гардид.
Ёдовар мешавем, ки тибқи лоиҳа муассисаи таълимӣ аз ҳафт қисм иборат буда, дар ин биноҳо корҳои заминӣ, бетонхобонии таҳкурсӣ, бардоштани деворҳо аз хишт ба пуррагӣ иҷро гардидааст. Як қисми биноҳо бомпӯш гардида, деворҳои дохил қисман андова карда шудааст. Ҳамзамон, сохтмони ҳавзи зиддисӯхтор, хоҷатхонаи беруна, зеристгоҳи барқӣ, таваққуфгоҳ барои автомобилҳо ва панҷараҳои атрофи бино сохта шудаанд.
Дар маҷмӯъ, дар иншоот бо маблағи 9 млн. 217,4 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуда, бақияи арзиши лоиҳавии иншоот 11 мл. 818 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. 
Бояд гуфт, ки дар иншоот 44% корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст. Бо сабаби маблағгузорӣ нагардидан аз ҳисоби буҷети вилоят он ҳамчун иншооти нотамом боқӣ мондааст.
Дар ин замина, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро зарур аст, ки барои идомаи сохтмони иншооти мазкур маблағи зарурӣ пешбинӣ намуда, сохтмони нотамоми иншоотро ба анҷом расонида, ба хонандагони шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун шароити мусоиди таълимиро фароҳам орад.
Мавриди тазаккур аст, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷайҳунро ба инобат гирифта, дар доираи татбиқи “Лоиҳаи муштараки Бонки Исломии Рушд/Шарикии Глобалӣ дар соҳаи маориф оид ба дастгирии татбиқи Стратегияи милли рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” сохтмони бинои иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таълимии №6-и деҳаи Истиқлол, сохтмони бинои иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таълимии №1-и шаҳраки Дӯстӣ, сохтмони бинои иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таълимии №11-и деҳаи Қумсангир ва сохтмони бинои маъмурии шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷайҳунро ба нақша ворид намудааст. 
Ҳамчунин, Вазорати маориф ва илм дар доираи имконияти молиявӣ ва бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷайҳун чораҳои заруриро амалӣ менамояд.
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон