Вокуниш ба мақолаи “Ҷалолиддини Балхӣ: Сохтмони мактабу кӯдакистоне, ки 33 сол “ях бастааст”” - и Раҳмоналӣ Додархӯҷаев (“Фараж”, аз 22.04.2022)

21-05-2022
 
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи “Ҷалолиддини Балхӣ: Сохтмони мактабу кӯдакистоне, ки 33 сол “ях бастааст”” - и Раҳмоналӣ Додархӯҷаев (“Фараж”, аз 22.04.2022)-ро мавриди баррасӣ қарор дода, иттилоъ медиҳад, сохтмони нотамоми муассисаи томактабӣ барои 200 кӯдак дар ҷамоати шаҳраки Балх ва сохтмони нотамоми муассисаи таълимӣ дар ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар рӯйхати иншооти нотамоми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст. 
Қайд кардан ба маврид аст, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ барои хонандагони муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ сохтмони 9 иншооти соҳаи маориф идома дорад. Инчунин, аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи “Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо”” бо маблағгузории Фонди Саудии Рушд дар вилояти Хатлон давоми солҳои 2019-2021 дар маҷмуъ 14 муассисаи таълимӣ барои 6916 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуда, сохтмони 1 мактаб-интернат барои 264 ҷойи нишаст ва хобгоҳ барои 100 кат дар ноҳияи Қубодиён ва 1 муассисаи таълимии нав барои 264 ҷойи нишаст дар шаҳри Кӯлоб ба анҷом расонида, барои ба истифода супоридан омода мебошад. 
Илова ба ин, дар доираи амалигардонии лоиҳаи муштараки “Бонки Исломии Рушд/Шарики глобалӣ дар соҳаи маориф оид ба дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон сохтмони 66 бинои муассисаи таълимӣ барои 15616 ҷойи нишаст ва сохтмони 5 бинои маъмурии шуъбаи маориф ба нақша гирифта шуда, сохтмони иншоот оғоз гардид. 
Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷиҳати ба анҷом расонидани сохтмони нотамоми муассисаи томактабӣ барои 200 кӯдак дар ҷамоати шаҳраки Балх ва сохтмони нотамоми муассисаи таълимӣ дар ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҷалби сармояи хориҷию дохилӣ чораҷӯӣ менамояд. 
 
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон