Вокуниш ба мақолаи “Бетафовутии масъулин ва синфхонасозии омӯзгорону волидайн” – и Исломи Раҷабалӣ, (“Садои мардум”, аз 03.03.2022, №28)

11-03-2022
 
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи “Бетафовутии масъулин ва синфхонасозии омӯзгорону волидайн”-ро ҷиҳати сохтмони муассисаи таълимии №31 дар деҳаи Зафарободи ҷамоати деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки аз ҷониби рӯзноманигори рӯзномаи “Садои мардум” Исломи Раҷабалӣ аз 03.03.2022, №28 нашр гардидааст, мавриди омӯзиш қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки вазорат ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳаи маориф дар доираи имконияти молиявӣ пайваста чораандешӣ менамояд. 
Қайд кардан ба маврид аст, ки аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази асосӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ сохтмони муассисаи таълимӣ барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи Ҳуснобод идома дошта, тибқи нақша сохтмони иншооти мазкур соли равон ба анҷом расонида мешавад. 
Илова ба ин, дар доираи амалигардонии лоиҳаи муштараки Бонки Исломии Рушд/Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф барои дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони муассисаи таълимӣ барои 240 ҷойи нишаст дар маҳаллаи навбунёди Файзободи ҷамоати деҳоти Даштигуло ва сохтмони бинои иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таълимии №26-и деҳаи Дӯстии ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Ҳамадонӣ ба нақша гирифта шуда, сохтмони иншоот оғоз гардидааст. 
Ҳамзамон, зикр менамоем, ки тибқи супориши Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.10.2021, №9870 (26.5) аз ҷониби Вазорати маориф ва илм лоиҳаи нави “Барномаи рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2028” таҳияи гардида, ба вазорату идораҳои дахлдор барои гирифтани хулоса ирсол карда шудааст. Ба рӯйхати иншооти сохташавандаи барномаи мазкур сохтмони муассисаи таълимии №31 дар деҳаи Зафарободи ҷамоати деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ворид карда шуда, сохтмони он аз ҳисоби буҷети вилояти Хатлон ба нақша гирифта шудааст. 
Дар мавриди дастгирӣ ёфтани лоиҳаи барномаи мазкур ва пайдо шудани имконоти молиявии дигар сохтмони иншооти зикргардида, мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. 

Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон