Вокуниш ба мақолаи “Дарси мусиқӣ дар муассисаҳои таълимӣ”, ки дар ҳафтаномаи “Минбари халқ” аз 2 июни соли 2021, №22 (1316) нашр гардидааст

11-06-2021
 
Аъзоёни гурӯҳи кории ҳамоҳангсози барнома ва китобҳои дарсии суруд ва мусиқӣ мақолаи “Дарси мусиқӣ дар муассисаҳои таълимӣ”, ки дар ҳафтаномаи “Минбари халқ” аз 2 июни соли 2021, №22 (1316) нашр гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дод. 
Муаллифи мақола китобҳои дарсии фанни «Суруд ва мусиқӣ»-ро дар синфҳои 1 то 6-ум (ба истиснои синфи 5) мавриди таҳлил қарор дода, фанни мазкурро дар оғоз на ба сифати фанни «Суруд ва мусиқӣ», балки «Мусиқӣ»   ном  бурдааст,   ки   хилофи   барномаҳои   таълимии  муосир мебошад. Шурӯъ аз таҳлили китоби дарсии «Суруд ва мусиқӣ» барои синфи 4  муаллиф ин ғалати худро ислоҳ карда,  фанро дуруст ном бурдааст.
Дар сархати 4-уми мақола муаллиф қайд менамояд, ки «Китоби «Алифбои  ниёгон» (соли 2005) барои хонандагони синфи  1-ум ҳамчун китоби  дарсӣ   пешниҳод   гардидааст. Мазмун   ва   матлаби   китоб   аз дастурамалҳои давраҳои пешина куллан фарқ намекунад...».
Бояд тазаккур дод, ки матлаб аз китоби «Алифбои ниёгон», ки муаллифи мақолаи мазкур дар назар дорад, китоби «Алифбои мусиқӣ» мебошад, ки муаллифи китоби мазкур онро бо такя ба таҷрибаи пурмаҳсули худ эҷод кардааст ва дар шароити кунунии таълиму тарбияи хонандагони хурдсоли ҷумҳурӣ қобили қабул мебошад.
Дар сархати 5-уми мақола муаллиф дар бораи истифодаи сози мусиқии   фортепиано   дар   муассисаҳои   таълимӣ   сухан   ронда,   қайд менамояд: «Боиси зикр аст, ки имрӯз тамоми муаллимони фанни мусиқии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии навоҳии дурдасти кишварамон бо сабаби чунин камбудиҳо дар ҷараёни фаъолияти таълимӣ ба душвориҳои ҷиддӣ   рӯ   ба   рӯ   мешаванд   ва   аз   имконияти   иҷроиши   барнома намебароянд». Ин фикри муаллиф қисман боиси дастгирӣ мебошад.
Ба ақидаи муаллиф, китоби фанни «Суруд ва мусиқӣ» барои синфи 4-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар сатҳи ҷавобгӯ ба талаботи муосир таҳия гардида, истифодаи он дар ҷараёни таълимии мактабҳои умумӣ арзиш дорад, ба пуррагӣ розӣ шуда наметавонем.
Фикри муаллифи мақола, ки дар сархати 11 доир ба камбудиҳои ҷойдоштаи китоби мазкур иброз шудааст, боиси дастгирист.
Дар мавриди таҳлили китоби «Суруд ва мусиқӣ» барои синфи 6 (сархати 12) истилоҳи «сурудхонӣ» аз ҷониби муаллиф якчанд маротиба такрор шудааст, ки қобили қабул нест. Хуб мебуд, агар ин истилоҳ бо калимаи «сурудсароӣ» истифода мешуд.
Ҳамчунин дар ин сархати мақола муаллиф доир ба азхуд намудани баъзе истилоҳоти мусиқӣ, ба амсоли сароидани дуовоза аз рӯи нотаҳо, «сохти лаҳнҳо, зарбу усул, парда ва нимпарда, сохти қаторовози мажорӣ ва минорӣ, фосилаву андозаҳо» суханронӣ намуда, фаҳмиши ин истилоҳотро барои хонандагони синфи 6 берун аз имкон маънидод кардааст, ки ба ин фикри ӯ розӣ шуда наметавонем. Агар хонандаи синфи 6-уми МТМУ аз уҳдаи аз рӯи нотаҳо иҷро намудани ҷумлаҳои одии мусиқӣ баромада натавонад, пас мо кай ба хонандагони азизи хеш чунин малакаро меомӯзем?!
Дар хотима бояд қайд намоем, ки тавре аз муҳтавои макола бармеояд, муаллиф аксар фикру ақидаҳои худро дар заминаи барномаву китобҳои дарсии аз гардиш баромада (куҳна) баён намудааст, ё таҷрибаи кофии педагогии кор бо синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро надорад.
Ҳамзамон, ёдовар шавем, ки шурӯъ аз нимаи дуюми семоҳаи аввали соли равон Вазорати маориф ва илми ҶумҳурииТоҷикистон ва ниҳодҳои марбутаи он дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бо максади таҷдиди назар намудани барномаву китобҳои дарсии синфҳои ибтидоӣ бо ҷалби мутахассисони варзидаи соҳаи санъати мусиқии ҷумҳурӣ гуруҳи корӣ таъсис додааст, ки мақсади асосии ин иқдом ҳам бартараф намудани камбудиҳои ҷойдоштаи барномаву китобҳои дарсӣ мебошад. Қобили зикр аст, ки дар ин ҷода корҳои назарраси зиёде ба сомон расида истодаанд. Аз он ҷумла, дар ин самт аз ҷониби гуруҳи корӣ Самтҳои асосӣ ва зерсамтҳои фаннӣ, Стандарт ва Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокиҳо барои зинаи тақсилоти ибтидоӣ таҳия ва ба эксперти байналхалқӣ барои баррасӣ ирсол карда шудааст. 
Илова бар ин, тибқи нақшаи корӣ аз тарафи гуруҳи корӣ дар ояндаи наздик барномаи таълимӣ барои зинаи таҳсилоти ибтидоӣ таҳия карда мешавад ва дар ин самт корҳо бомаром идома доранд.
Аъзоёни гурӯҳи кории ҳамоҳангсози 
барнома ва китобҳои дарсии суруд ва мусиқии 
Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои 
дарсӣ, илмию методӣ