Вокуниш ба мақолаи “Фармони №622. Боз дар бораи бемасъулиятии масъулон”-и Қурбон Мадалиев, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (аз 27.04.2022, №81) ба нашр расидааст

06-05-2022
27-уми апрели соли ҷорӣ дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (№81) мақолаи таҳлилию танқидии рӯзноманигор Қурбон Мадалиев ба табъ расид, ки дар он муаллиф аз иҷро нагардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма” аз 07.02.2009, №622 изҳори нигаронӣ менамояд. Одатан, ҳамасола як ё ду маротиба баъд аз ҷамъбасти нимсола ва ё анҷоми сол масъулини рӯзномаи “Ҷумҳурият” доир ба рафти иҷрои Фармони мазкур мақола нашр менамоянд ва дар он як силсила мақолаҳоро, ки гӯё ба онҳо аз ҷониби ин ё он ниҳод вокуниш нишон дода нашудааст, номбар мекунанд. Аммо баъд аз мутолиаи мақолаи танқидии дастандаркорони рӯзнома ва мақолаҳои дар рӯйхатбуда ба назар мерасад, ки мақола танҳо бо таҳлили рӯякӣ ба нашр расидааст ва ё муаллиф ҳангоми таълифи мақолаю ҷамъоварӣ ва таҳияи рӯйхат танҳо ба сарлавҳаи ин ё он мавод нигаристаасту халос. Борҳо дар ин масъала бо масъулини рӯзнома дар суҳбат будем ва ҳамагӣ зимни суҳбат мегуфтанд, ки минбаъд ислоҳ мешавад, аммо... Яъне, вобаста ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма” аз 07.02.2009, №622 роҳбарони вазорату идораҳо масъулият эҳсос мекунанд, агар ҳангоми таҳияю таълифи мақола рӯзноманигорони “Ҷумҳурият” аз рӯйи принсипҳои касбият ва талаботи журналистӣ амал намоянд.
Баъд аз муқаддима, иқтибос овардан аз Фармони №622 муаллиф менависад, ки дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар соли 2021-ум 74 мақолаи таҳлиливу танқидӣ нашр шудааст, вале ба қисме аз мақолаҳо ҷавоб наомадааст, сипас, дар мақола номи чанд вазорату кумита ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳия ба истиcнои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр мешавад. 
Бо камоли эҳтиром ба таваҷҷуҳи муаллифи мақола Қ.Мадалиев мерасонем, ки рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма” аз 07.02.2009, №622 зери назорати ҳамаҷонибаи роҳбарияти вазорат қарор дошта, вобаста ба он пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Дар соли 2021 вобаста ба соҳаи маориф ва илм беш аз 35 мақолаи таҳлилию танқидӣ дар матбуоти даврию шабакаҳои иҷтимоӣ ва гузоришу барнома дар радиою телевизион интишор шуд, ки ба ҳамаи онҳо аз ҷониби Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм ва шахсони масъул ҷавобу вокунишҳо таҳия ва ба идораҳои воситаҳои ахбори омма ирсол карда шуданд, ки 11 вокуниш аз рӯзномаи “Ҷумҳурият мебошад. Ҳамзамон, дар се моҳи соли 2022 аз ҷониби Маркази матбуоти вазорат ва дигар шахсони масъул ба 7 маводи таҳлиливу танқидӣ ва саволу масъалагузориҳо оид ба соҳаи маориф ва илм, ки дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ва сомонаҳои интернетӣ ба нашр расидаанд, вокунишу посухҳо дода шудааст.  Аз ҷумла, ба рўзномаҳои “Љумњурият” 1 вокуниш, “Садои мардум” 2 вокуниш, ба ҳафтаномаҳои “СССР” 2 вокуниш, “Пайк” 1 вокуниш ва радиои Озодӣ 1 вокуниш ирсол шудааст.
Рӯзноманигори муҳтарам огоҳ нестанд, ки Вазорати маориф ва илм ба ҳамаи мақолаи таҳлилию танқидии “Ҷумҳурият” вокуниш ирсол намудааст. Бо вуҷуди ин, мақолаҳои навбатии дар рӯйхатовардаи муаллифро ба риштаи таҳлил мекашем.
ИНКИШОФИ НУТҚ. ЧАРО БА ОН БОЯД ТАВАҶҶУҲ БОЯД НАМУД?
Мақолаи “Инкишофи нутқ. Чаро ба он бояд таваҷҷуҳ бояд намуд?”рӯзи 12-уми январи соли 2022 дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” бо имзои Мухлиса Мадумарова, омӯзгори Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе мунташир шудааст. 
Дар ин матлаб омӯзгор аз фанни “Методикаи инкишофи нутқ” ёдовар шуда, муҳиммияти инро дар хонандагон такмил додани маҳорату малакаи суханронӣ донистааст. Инчунин, аз омӯзгорон даъват ба амал овардааст, ки ба ин ҷиддӣ муносибат намоянд ва ягон савол ва ё пешниҳод нисбати ин фан накардааст. Аз ин рӯ, ба хулосае омадан лозим, ки журналист танҳо сарлавҳаи мавод, ки дар он аломати савол (?) гузошта шудааст, дидаасту ба рӯйхати мақолаҳои беҷавоб ворид намудааст, ки ин аслан танқидӣ ҳам нест.
ТАЪМИНОТ БО КИТОБҲОИ ДАРСӢ: МУШКИЛОТ ЧАНД СОЛИ ПЕШ НЕСТ
Мақолаи “Таъминот бо китобҳои дарсӣ: мушкилот чанд соли пеш нест” 1-уми феврали соли 2022 дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” нашр шудааст, ки муаллифаш Оҳистамоҳ Вафобек мебошад.
Аслан, мақолаи “Таъминот бо китобҳои дарсӣ: мушкилот чанд соли пеш нест” бо таҳлил ва назари мутахассисон ва коршиносони соҳа омода гаштааст, ки нишон додани вокуниш ба он қобили қабул нест. Ҳамчунин, матлаби мазкур дар ҳамкорӣ бо намояндагони Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии вазорат таҳия гардидааст ва назари директори марказ низ дар мақола дарҷ гардидааст. Дар ин асно, ҳоҷати ҷавоб навиштан ба ин матлаб ғайриимкон аст. 
Аз таҳлили ин ду мақолаи боло баръало ба назар мерасад, ки на ҳамеша сарлавҳаи мақола ба мазмуну муҳтавои он мувофиқат менамояд. Борҳо гуфтем ва такроран ҳам мегӯем, ки боиси хушнудист, ки имрӯзҳо ҷомеаи журналистон нисбат ба соҳаи маориф бетараф набуда, дар ҳама ҳолат бурду бохти соҳаро рӯйи саҳифа меоранд ва бархе барои ислоҳи кор роҳи дурустро нишон додаву тавсияҳои қобили қабул пешниҳод менамоянд ва бархеи дигар аз шеваи кор интиқод мегиранд.  
Вазорати маориф ва илм низ бо ҳамагуна васоити ахбор пайваста дар ҳамкорӣ буда, нуқтаи назари эшонро дар фаъолияти рӯзмарраи худ мавриди истифода қарор медиҳад. Боз ҳам такроран мегӯем, ки Вазорати маориф ва илм ҳамеша интизори маслиҳатҳои оқилона ва андешаҳои тоза буда, интиқоди воқеиро қабул дорад, вале тоби хулоса, пешниҳодҳои беасос ва мақолаҳое, ки ба ҷуз ҳангома сохтан миёни ҷомеа ва доғ овардан ба ин ё он ниҳод чизи дигар нест, надорад. 

Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон