Вокуниш ба мақолаи «Мастчоҳ: пули китобҳои фарсуда ба ҷайби кӣ меравад?»-ро, ки дар рӯзномаи «СССР» нашр шудааст

30-11-2022
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи «Мастчоҳ: пули китобҳои фарсуда ба ҷайби кӣ меравад?»-ро, ки дар шумораи №45(738)-и рӯзномаи «СССР» аз 10 ноябри соли 2022 чоп шудааст ва дар он шаҳрванд Нуралӣ Латифов аз китобҳои фарсуда дар МТМУ №1-и ноҳияи Мастчоҳ нигаронӣ мекунад, мавриди омӯзиш қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки cанаи 11.11.2022 гурӯҳи корӣ дар ҳайати мутахассисони Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шуъбаи маорифи ноҳия, мушовири бахши китобдории шуъбаи маориф ва сармуҳосиби шуъбаи маориф ташкил карда шуда, аъзоёни гурӯҳи корӣ ба вазъи китобдорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ноҳияи Мастчоҳ шинос гардиданд.
Вазъи китобдории муассиса аз ҷониби гурӯҳи корӣ, дар маҷмуъ, мусбат арзёбӣ гардида, камбудиҳои ҷузъии ҷойдошта пурра бартараф карда шуданд.
Бояд қайд кард, ки тибқи «Тартиби ба иҷора додани китобҳои дарсӣ ва маблағҳои гардони китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ» дар муассисаҳои таълимӣ маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ аз ҳисоби хонандагон дар муддати се сол ба таври зайл пардохт карда мешавад: 34%, 33%, ва 33%. Маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ барои хонандагони синфи якуми муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон ба забони тоҷикӣ якбора пардохт карда мешавад. 
Мутобиқи тартиби мазкур нархи иҷораи китобҳои дарсӣ дар солҳои чорум ва панҷум 50%-и нархи иҷораи соли сеюми муайянкардаи вазоратро ташкил мекунад. Маблағи иҷораи солҳои чорум ва панҷум дар суратҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетии муассиса ба ҳисоб гирифта мешавад. Аз маблағҳои иҷораи соли чорум ва панҷуми китоби дарсӣ 50% дар ихтиёри муассисаи таълимӣ боқӣ монда, 50%-и боқимонда ба суратҳисоби махсуси вазорат интиқол дода мешавад. 
Зимни санҷиш маълум гардид, ки муассиса ҳар сол нархи иҷораи ҳар як номгӯйи китобҳои дарсиро дар лавҳаи эълонҳои муассиса ҷой медиҳад ва маълумотро дар варақаи махсуси ҳисоботӣ ба раёсат ё шуъбаи маориф пешниҳод мекунад. 
Рӯйхати китобҳои дарсии корношоям аз тарафи китобдори муассиса пешниҳод гардида, бо тасдиқи директор аз ҷониби комиссияи тасдиқнамудаи раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ҳар сол моҳи июн тибқи санад аз эътибор соқит карда мешаванд. Ба иҷора додани китобҳои дарсии ғайри қобили истифода манъ аст.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳарии Тоҷикистон ба шаҳрванд Нуралӣ Латифов ҷиҳати муроҷиати саривақтӣ ва саҳмгузорӣ дар бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта изҳори миннатдорӣ намуда, ҳамеша омодаи ҳамкорӣ бо шаҳрвандон ва ВАО мебошад.  
 
Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ