Вокуниш ба мақолаи “Муаллимкубӣ дар МТМУ №5-и Ховалинг” аз саҳифаи фейсбукии ҳафтаномаи “Пайк”

29-05-2024
Раёсати маорифи вилояти Хатлон матлаби Саиди Ҳайдарро, ки дар саҳифаи фейсбукии нашрияи "Пайк" санаи 28–уми майи соли 2024 бо номи "Муаллимкубӣ дар МТМУ №5 –и Ховалинг" нашр гардидааст, мавриди омӯзиш қарор дода, барои таҳлили вазъи воқеӣ ва пайгирии нуқтаҳои дар мақола дарҷгардида, гурӯҳи корӣ ташкил намуд.
Гурӯҳи кории мазкур бо мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ховалинг, директори муассисаи таълимии №5, омӯзгорони муассисаи таълимӣ, кумитаи падару модарони муассисаи таълимӣ, намояндагони бахши кор бо ноболиғон ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Ховалинг суҳбат ороста, дар бораи ҳодисаи муноқишаи омӯзгору хонанда пурсон шуданд.
Маълум гардид, ки чанде қабл масъалаи мазкур дар Шӯрои маорифи ноҳияи Ховалинг мавриди баррасӣ қарор гирифта, барои чораандешӣ нисбати хонандагони мазкур ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод гардидааст. Яъне, вобаста ба амалӣ содиркардаи хонандагоне, ки нисбати роҳбари муассисаи таълимӣ ва омӯзгорон зуроварӣ нишон додаанд, аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чораандешӣ шуда истодааст. 
Бахусус, нисбати хонанда бо моддаи 237 (қисми 1 авбошӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ парванда оғоз гардида, таштишот идома дорад.  Ҳамзамон, нисбати волидони хонандагони мазкур барои тартиб додани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" корбарии намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рафта истодааст.
Ёдовар мешавем, ки тибқи моддаи 52-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” оид ба “Ҳифзи шаъну шарафи омӯзгор” нафароне, ки нисбат ба муаллим беэҳтиромӣ намуда, шаъну шарафи ӯро паст мезананд, чораандешӣ карда мешавад. Яъне, дар банди 1–и моддаи мазкур дарҷ гардидааст, ки “Шаъну шарафи омӯзгор таҳти муҳофизати давлат қарор дорад”.

Раёсати маорифи вилояти Хатлон