Вокуниш ба мақолаи «МУШКИЛОТ ҲАНӮЗ БОҚИСТ. ЧАРО?» - и Бону Шаҳрзода, (“Ҷумҳурият”, аз 25.08.2021, №169)

31-08-2021
 
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи «МУШКИЛОТ ҲАНӮЗ БОҚИСТ. ЧАРО?» - и Бону Шаҳрзода, (“Ҷумҳурият”, аз 25.08.2021, №169)-ро мавриди омӯзиш қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки ҳамасола ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар самти сохтмон, таъмир ва азнавсозии муассисаҳои таълимии дар ҳолати садамавӣ қарордошта аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. 
Вобаста ба муассисаи таълимии №51-и деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Хутани ноҳияи Фархор бояд гуфт, ки корҳои барқарорсозӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Бадриддин Саидов, падару модарон ва омӯзгорони муассиса оғоз карда шудааст ва рўзҳои наздик дар муассисаи таълимии мазкур 2 синфхона, як китобхона ва ду утоқи фаннӣ ба истифода дода мешавад.
Соли равон хонандагони муассиса бо ёрии омӯзгорон ва волидон синфхонаҳои таъмирталаб ва садамавиро пурра барқарор намуда, рангу бор ва дигар корҳои сохтмониро дар дохил ва беруни бино ба анҷом расонидаанд. Соли гузашта бошад, бо дастгирии директори муассиса ва фонди хайриявии «Дасти ёрӣ» ду синфхона бо тамоми воситаҳои аёниаш дар ҷойи муассисаи кӯҳна сохта, ба истифода дода шуда буд. Дар матлаби нашршуда, муаллиф оид ба «бетаваҷҷӯҳии масъулон ба харобазор монанд шудани муассиса» навишатааст, ки ҳақиқат надорад ва директори муассиса Алишер Хушвақтов бо ягон нафар дар ин бора суҳбат анҷом надодааст. 
Ҳамчунин, дар нашрия зикр гардидааст, чор синфхонаи муассиса аз боришоти зиёд пурра хароб гаштааст, ки ин нодуруст буда, сабаби асосиаш ба солҳои 50-уми асри гузашта мунсуб будани сохтмони муассиса ва похсадевор будани он мебошад. 
Дар ҳақиқат, майдончаи варзишии муассиса хурд буда, танҳо барои бозии волейбол ва баскетбол мерасад ва сабабаш хурдии масоҳати муассиса мебошад. 
«Таҳсил дар чунин муҳит на танҳо завқи зебоипарастии хонандагонро мекоҳонад, балки ба саломатии онҳо зарар дорад», - таъкид шудааст дар мақола, ҳол он ки ҳамасола то 70%-и хатмкунандагон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва берун аз он дохил мешаванд. 
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ барои хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Фархор бо истифода аз маблағҳои буҷетӣ, сармояи дохилӣ ва хориҷӣ чораҳои заруриро амалӣ менамояд.                                                                                 
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон