Вокуниш ба мақолаи «Норасоии китобҳои дарсӣ. Он кай бартараф карда мешавад?» «Садои мардум», №11, 26.01.2019

01-04-2020
Масъалаи маориф ва таълиму тарбия чун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва манбаи асосии ташаккули захираҳои инсонӣ дар кишвари мо мавриди таваҷҷуҳи доимии Роҳбарияти олию сиёсии Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Маҳз ба ин хотир, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди татбиқкунандаи соҳаи маориф дар пайравӣ ба иқдомҳои Ҳукумати кишвар, бахусус таваҷҷуҳу дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳа баҳри беҳбуд бахшидани вазъи таълиму тарбия ва дар умум, баланд бардоштани сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ мекунад.  
Яке аз омилҳои муҳими рушди сифати таҳсилот ба хонандагон дастрас будани китобҳои дарсӣ ва дигар маводи таълимии ба стандартҳои ҷаҳонии таълим мувофиқ мебошад. Бояд тазаккур дод, ки яке аз беҳтарин иқдомҳое, ки дар даҳсолаи аввали асри нав аз ҷониби роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид, ҷалби муаллифон ба таълифи китобҳои дарсӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамасола вазорат барои беҳбудии ҳолати таълимгоҳҳо, таълифи барномаю китобҳои дарсӣ, мураттабу омодасозии дастуру васоити ёрирасони таълимӣ ва маводи дигари зарурии ҷараёни тадрис мунтазам чораҳои ногузирро роҳандозӣ менамояд. Аммо бинобар сабаби сол то сол афзудани шумораи хонандагон норасоии китобҳои дарсӣ дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то ҷойе ба назар мерасад.  
Дар мақолаи рӯзномаи «Садои мардум» масъалаи норасоии китобҳои дарсӣ дар ноҳияҳои Қубодиён, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритуз, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷайҳун ва Вахши вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. 
Аслан дар мақола мушаххас нест, ки кадом номгӯйи китобҳои дарсӣ ва дар кадом синфҳо норасоии онҳо мушоҳида мешавад. Бинобар ин, хулоса баровардан дар мавриди рақамҳои дар мақола зикршуда ва эътимод кардан ба ин далелҳо андак душвор аст. Вале аз таҳлилҳои мо маълум аст, ки аслан норасоии китобҳои дарсӣ ба якчанд омил вобаста аст.   
Пеш аз ҳама, омили норасоии китобҳои дарсӣ сол то сол афзудани шумораи хонандагони муассисаҳои таълимӣ аст. Аз ҷониби дигар, ҳамасола маблағҳои иҷораи китобҳои дарсӣ, ки манбаи асосии чопи китобҳои минбаъдаанд, на ҳамеша пурра аз ҷониби шуъбаҳои маориф пардохт мешаванд. Новобаста ба ин, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи имконияти мавҷуда барои чопи китобҳои дарсӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ мекунад. Танҳо дар соли 2019 аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 103 номгӯй китобҳои дарсӣ ба миқдори  3 млн. 590 ҳазору ирсол карда шудааст. Танҳо ба шуъбаҳои маорифи минтақаи Бохтари вилояти Хатлон 813 ҳазору 874 нусха китоби дарсӣ ирсол шудааст. Аз он ҷумла, ба шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои Қубодиён 72 ҳазору 434 нусха, Ҷалолиддини Балхӣ 91 ҳазору 804 нусха, Шаҳритуз 61 ҳазору 260 нусха, Абдураҳмони Ҷомӣ 64 ҳазору 442 нусха, Ҷайҳун 68 ҳазору 879 нусха ва Вахш 73 ҳазору 930 нусха китоби дарсӣ таъмин карда шудааст.   
Соли ҷорӣ низ тибқи эҳтиёҷоти пешниҳодкардаи шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба норасоии китобҳои дарсӣ нашри 50 номгӯйи китоби дарсӣ ба теъдоди 5 миллион нусха ба нақша гирифта шудааст, ки чопи олнҳо дар соли ҷорӣ дар назар аст. 
Дар мақола гуфта мешавад, ки аз ҷониби шуъбаҳои маориф барои китобҳои дарсӣ эҳтиёҷот пешниҳод мешавад, аммо аз ҷониби вазорат гӯё на ҳама вақт тибқи эҳтиёҷоти пешниҳодшуда китобҳои дарсӣ таъмин мешаванд. Вале  чуноне ки аз таҳлилҳои мо маълум аст, бештари ин дархосту эҳтиёҷот ба китобҳои дарсӣ аз ҷониби мутасаддиёни раёсату шуъбаҳои маориф сарсарӣ ва бе таҳлили ҷиддӣ пешниҳод мешаванд. 
Айни замон марҳалаи чопи китобҳои дарсӣ идома дошта, китобҳои чопшуда давра ба давра ба раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ирсол карда мешаванд. Вале дар баробари ин, ҳама тадбирҳое, ки аз ҷониби вазорат роҳандозӣ шудааст, раёсат ва шуъбаҳои маорифро мебояд, ки ҳангоми пардохти маблағҳои иҷораи китобҳои дарсӣ ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд. Бинобар сабаби хунукназарии мутасаддиёни соҳа маблағи қарзи раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилояти Хатлон аз ҳисоби иҷораи китобҳои дарсӣ беш аз миллион сомониро ташкил медиҳад, ки ин маблағ барои чопи 10 номгӯйи китоби дарсӣ метавонад мусоидат кунад. Аз он ҷумла, маблағи қарзи шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои дар мақола зикршуда – Қубодиён 802 561 сомонӣ, Ҷалолиддини Балхӣ 75 751 сомонӣ, Шаҳритуз 74 427 сомонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ 891 805 сомонӣ, Ҷайҳун 694 028 сомонӣ ва Вахш 187 063 аз ҳисоби иҷораи китобҳои дарсӣ сомониро ташкил медиҳад.     
Ф.УМАРБЕК-мутахассиси Маркази таҳия,
нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ,
илмию методии Вазорати маориф
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон